Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ: СТРАТЕГИЯИ УСТУВОРӢ ВА ҲАМКОРӢ

(чанд андеша дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 28 декабри соли 2023)

Вазъи кунунии байналмилалӣ бо ташаннуҷи геополитикӣ, таҳдидҳои низомӣ, бӯҳрони иқтисодӣ ва мушкилоти экологӣ аз Тоҷикистон тақозо мекунад, ки чораҳои муассир андешад. Дар посух ба ин чолишҳо кишвар тавсеъаи равобити дӯстона бо кишварҳои Осиёи Марказиро авлавият дода, аҳамияти эҳтиром ва эътимоди мутақобиларо таъкид мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, равобити худро бо давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин шарикони анъанавии Осиё, Аврупо ва Амрико фаъолона таҳким бахшида истодааст. Сиёсати «дарҳои боз» асоси дурнамое мегардад, ки ба фароҳам овардани шароити устувори рушди кишвар нигаронида шудааст.

Дар заминаи тағйиротҳои ҷаҳонӣ, Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкориҳо бо кишварҳои ҷаҳони исломӣ таваҷҷӯҳи амиқ зоҳир намуда, аз ҳаводиси Афғонистон ва Ховари Миёна, бахусус Фаластин изҳори нигаронии амиқ мекунад. Тасмими таъсиси давлати мустақили Фаластин бар асоси қатъномаҳои СММ ва марзҳои соли 1967 ягона роҳи имконпазири сулҳу субот дар минтақа арзёбӣ мешавад.

Тоҷикистон ба аҳамияти талошҳои дипломатӣ таъкид карда, аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меоварад, ки ҳама муноқишаҳо тавассути гуфтушунид ва муколама ҳал гарданд. Иштироки фаъолонаи кишвар дар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили СММ, ИДМ, Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва дигар ниҳодҳо ба таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ва ширкати фаъолона дар равандҳои ҷаҳонӣ нигаронида шудааст.

Қабули қатъномаи СММ дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», эълон шудани 21-уми март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аз иқдомоти назарраси кишвар дар ҳалли мушкилоти экологӣ мебошад. Тоҷикистон аз ҳамкориҳои худ бо ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд бо таваҷҷуҳи хоса ба ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор изҳори қаноатмандӣ мекунад. Қабули қатъномаи СММ дар бораи ҳифзи пиряхҳо ҳамчун ташаббуси панҷуми кишвар дар соли гузашта ва ҳамчунин таъсиси Сандуқи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо барои ҷомеаи ҷаҳонӣ лаҳзаҳои муҳим буд. Ин иқдомҳо иштироки фаъоли Тоҷикистонро дар ташаббусҳои глобалӣ, ки ба ҳифзи муҳити зист равона шудаанд, нишон медиҳанд.

Чунин нуқтаи назари сиёсати берунӣ, ки Президенти маҳбуби кишвар дар Паём таъкид кардаанд, аз хирад ва масъулиятшиносии он кас дар вазъияти кунунии муташаниҷи ҷаҳон шаҳодат медиҳад. Мо ба Пешвои муаззами миллат барои азму иродаи қавӣ дар муқовимат ба чолишҳои замон ва садоқати ӯ ба рушди устувор изҳори сипос менамоем. Мо ҳамчун шаҳрванд ҷонибдори дӯстӣ, ҳамкорӣ ва сулҳ ҳастем ва аз он ифтихор дорем, ки шаҳрванди кишваре ҳастем, ки ба роҳбарии хирадмандонаи Президенти маҳбуб пайравӣ мекунад.

Сарвари давлат дар паёми ахири худ ба таҳкими нақши Созмони Милали Муттаҳид дар таъмини суботи низоми ҷаҳон таъкид карданд, ки ин мавқеъ дарки амиқи зарурияти ҷидду ҷаҳди мутобиқшудаи аҳли ҷамъияти ҷаҳонро барои ҳалли мушкилотҳои мураккаби байналхалқӣ инъикос мекунад.

Мо, яъне ҳар як фарди ин сарзамин аз ҳамкории Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва дигар шарикони рушд изҳори қаноатмандӣ мекунем. Ин ҳамкориҳо на танҳо ба ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ мусоидат мекунад, балки ғояҳои глобалии рушди устувор ва сулҳро пеш мебарад.

Хулоса, мо, шаҳрвандони Тоҷикистон, ҷонибдори сиёсати президентӣ оид ба таҳкими дӯстӣ, рушди ҳамкорӣ ва ҳифзи сулҳ дар минтақа ва ҷаҳон ҳастем. Таҳти роҳбарии Сарвари давлатамон кишвар бо хирад ва саъю талош ба ояндаи устувор дар баробари чолишҳои ҷаҳонӣ қадам мегузорад. Ин роҳ ба мо илҳом мебахшад ва мо ифтихор менамоем, ки як қисми миллате мебошем, ки бо майлу хоҳиши умумии некӯаҳволӣ ва ҳамфикрӣ муттаҳид шудааст.

Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода,

директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, номзади илмҳои тиб

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.