МақолаҳоХабарҳо МАСОИЛИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНДОН ДАР ПАЁМИ РОҲБАРИ ДАВЛАТ Бо admin Охирин навсозӣ Jan 19, 2024 0 Ҳамасола Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ироа гардида, доир ба мувафақиятҳо, камбудиҳои ҷойдошта натиҷагирӣ намуда, нақшаи дурнамои соли минъбада пешниҳод мегардад, ки имсол ба санаи 28-уми декабри соли 2023 рост омад. Паёми роҳбари давлат аҳаммияти махсуси ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иттилоотӣ, консептуалӣ ва байналмилалӣ касб карда, дар мақоме фаротар аз як сухану суханронии маъмулӣ қарор мегирад. Аз ин ҷиҳат, Паём ҳуҷҷати расмии давлатист, ки мақоми расмии ҳуқуқӣ ва барои ниҳодҳои давлатӣ моҳияти роҳнамоӣ дорад. Мактаби роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар як сокини кишвар таҷрибаи бузурги зиндагонӣ ва давлатдорӣ буда, насли ҷавонро ба фардои дурахшон ҳидоят менамояд. Дар Паёми навбатӣ низ мо ҳангоми шунидан таассуроти зиёди маънавию ахлоқиеро бардошт кардем. Хусусан, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” нуқтаҳои муҳимро зикр намуданд. Тарбияи дурусти фарзандонро аз оила, мактаб ва ҷомеа ба маврид таъкид намуданд, аз ҷумла расидан ба қадри падару модар, ҳурмату эҳтироми калонсолон, модарон ва нақши онҳо дар тарбияи фарзандон нуқтаҳои муҳимро зикр намуданд: -Дар оилае, ки савод набошад, чи гуна фарзандон таълиму тарбия мегиранд. Бояд падару модарон дар ҳаққи фарзандон зомин нашаванд ва ояндаи онҳоро фикр кунанд; -Фикри фарзандонамонро кунем, шароит муҳайё кунем, дониш диҳем, зеро бесаводии миллат ин бадбахтии давлат аст; – Ҳар нафаре, ки нисбати падару модар ноҳурматӣ мекунад, дуои некашонро намегирад, умри бобаракат намебинад. Воқеан ҳам ҷомеаи пуртаҳаввулоти имрӯза аз ҳар ки мову Шумо ҷиҳати тарбияи фарзандон масъулияти бузургро тақозо менамояд, зеро насли имрӯза ба давраи тарақиёти технологӣ, ихтироотҳои бузург, бархурди тамаддунҳо, рушди фазои маҷозӣ-интернетӣ, хуруҷи ифротгароию терроризм ва ғайра қарор дорад. Бинобар ин дар тарбияи фарзандон, шогирдон, ва наврасону ҷавонон аҳамиятӣ ҷиддӣ зоҳир намоем. Чуноне ки маълум аст, имрӯзҳо як зумра ҷавонон аз сабаби надоштани саводи кофӣ, паст будани тарбия, боиси нодуруст истифодабарии интернет гардида, ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои ифротию экстремистӣ пайваст шудаанд. Оқибати чунин амалҳо ҷомеаро фалаҷ месозад, ҳазорон нафар занону кудакон ва ҷавонмардон ба ҳалокат расида, ҳазорон нафари дигар ятиму бефарзанд, бевазану бечора, бехонаву гурусна ва ночору бемор мемонанд. Барои ҳар як падару модар фарзанд азизу муътабар аст, онҳо орзуи номбардор ва ифтихорманд шудани фарзандонро тақозо менамоянд. Бояд падару модар ибораи “доғи фарзанд”-ро андеша карда, онҳоро дар доираи фаҳмиши одаму одамият, худшиносию худогоҳӣ, эҳтироми калонсолон ва арҷгузорӣ ба фарҳангу идеологияи миллӣ тарбия намоем. Аз ин рӯ тарбияи дурусти саривақтии фарзандонро дар партави ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як падару модар бо масъулияти баланд ба роҳ монанд. Дар оила аз хурдсолӣ ба онҳо одоби муошират, эҳтироми калонсолон, тарзи муносибат ба табиат, тозагии манзили зист ва муносибат ба ҷойҳои ҷамъиятиро омӯзонида, баҳри иҷрои расму одатҳои тоҷикона ва ҳифзи фарҳанги аҷдодӣ чораҳои судманд андешидан лозим аст. Илова бар ин ҳангоми ба синни наврасиву ҷавонӣ расидани фарзандон онҳоро аз моҳияти зиндагӣ, таъриху фарҳанги аҷдодӣ, тафаккури динӣ, мафҳуми Истиқлолияти миллӣ, ҳифзи Истиқлолияти миллӣ ва тарзи дуруст истифода намудани таҷҳизотҳои технологӣ, хусусан, интернет ҳушдор намоем. Мавриди зикр аст, ки дар тарбияи фарзанд нахуст модар нақши калидӣ дорад, зеро фарзанд давраи хурдсолиро бештар дар назди модар мегузаронад. Муҳақиқони илми биология исбот кардаанд, ки кӯдак аз батни модар хусусиятҳои ирсиро ба худ қабул мекунад. Аз ин нуктаи назар занону бонувони мо бояд тарбияи баланд, донишу саводи кофӣ ва фарҳанги баланди тоҷиконаро дошта бошанд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хирадмандонаи худ ба занону бонувони кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Дар ҳар як Паёмҳои худ ба занону бонувони кишвар ҳидоятҳои оқилонаю падаронаи хешро иброз менамоянд. Ҳатто ҷиҳати илмомӯзии онҳо имкониятҳои зиёдро амалӣ намудаанд. Махсусан, ташкили квотаҳои Президентӣ барои донишҷӯдухтарони деҳот исботи гуфтаҳои боло мебошад. Яъне Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки занону бонувони кишвар бояд дониши баланд, ахлоқи воло, касбу ҳунари хос ва фарҳанги тоҷикӣ дошта бошанд, то ин ки фарзандони беҳтаринро барои миллату давлат тарбия намоянд. Дар Паёми навбатӣ мақому мартабаи модариро баланд арзёбӣ намуда, бо ҳисси баланди ғамхорӣ чунин таъкид намуданд: – Мову Шуморо аввал Худо, баъд модар офаридааст! -Мо бояд ҳамеша нисбат ба модарон, духтарону хоҳарон ва занон ғамхору меҳрубон бошем! Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар таълиму тарбияи фазандон муассисаҳои таълимӣ низ нақши калидӣ доранд. Дар мактаб низ бояд омӯзгорон онҳоро ба ғояҳои гуманистӣ, ватандӯстӣ, эҳтироми падару модар, ҳурмати калонсолон, дарки Истиқлолияти миллӣ, эҳтироми бузургон, ҳифзи сулҳу субот ва зиракии сиёсӣ бештар тарбия намоянд. Маҳз Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши муассисаҳои таълимиро дар инкишофи ҳамаҷонибаи насли ҷавон ба маврид таъкид намуданд: -Илми тоҷик инкишоф ёфтанаш даркор. Ҳамаи озмунҳое, ки ман ташкил кардам, ҳадафаш ҳамин аст. Гулчин кунед. Гиред, тарбия кунед. Ақл диҳем, дониш диҳем, касбу ҳунар диҳем. Ҳамаи мо бояд тарбия кунем. Фақат қоғаз надиҳем, ақл, дониш диҳем! Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи илму маорифро дар мадди аввал гузошта, ба омӯзгорон эҳтироми хосса доранд. Аз ин рӯ ҳамасола музди маоши онҳоро марҳила ба марҳила баланд мекунанд. Дар паёми навбатӣ низ 40 фоиз маоши тамоми кормандони давлатӣ, кормандони маориф ва стипендияҳоро баланд намуданд. Ҳатто ҷиҳати рушди илми тоҷик Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намуданд: -Мо чи қадар маблағе, ки лозим бошад ба соҳаи илм равона мекунем. Мо бояд ба қадри ин ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасем ва Истиқлолияти давлатӣ, якпорчагии ватани азизамон Тоҷикистонро ҳифз карда, барои халқу ватани азизамон хизмат намуда, Тоҷикстонро ба яке аз давлатҳои мутараққӣ табдил диҳем. Инчунин, тарбияи насли ҷавонро ба ҳамин идеология равона созем. Фатихова Зулфия Ҷамолиддиновна Декани факултети “Кори ҳамширагӣ” (таҳсилоти умумии асосӣ) 0 Мубодила кардан