МақолаҳоХабарҳо ТАҲЛИЛИ БАЪЗЕ ҶАНБАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДӢ АЗ ПАЁМ Бо admin Охирин навсозӣ Jan 22, 2024 0 Ҳамасола, дар баробари таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ тағйирёбии бесобиқаи равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, яке аз масъалаҳои муҳим дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварҳо ба ҳисоб меравад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки амиқи вазъи минтақа ва ҷаҳон ба самтҳои асосии рушди минбаъдаи кишвар таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамояд. Ҳоло дар Тоҷикистон василаи муҳими таҳлилу баррасии масоили сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, муайян намудани рушди минбаъдаи масъалаҳои алоқаманд бо онҳо дар кишвар Паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба ҳисоб мераванд. Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии мамлакат фарогири рушди соҳаҳои мухталиф, муайян сохтани норасоиҳо дар бахшҳои гуногун ва дурнамои рушди мамлакат, инчунин мутобиқ сохтани меъёрҳои дохилӣ ба сатҳи байналмилалӣ мебошад. Ҳамзамон Паёми солонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ намунаи олӣ ва одилонаи ҳисоботи роҳбари як кишвар ба мардуми мамлакат вобаста ба фаъолияти солонаи Ҳукумат ба ҳисоб меравад. Паёми имсола назар ба Паёми солҳои қаблӣ бо пешравиҳои зиёди бадастомада ба кулли фарқ мекунад. Аз он ҷумла маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд, зиёдшавии ҳаҷми даромади буҷети давлатӣ ва баланд гардидани сатҳи зиндагии осоиштаи мардуми малакат бо дарназрдошти зиёдшавии музди меҳнат инъикоси худро пайдо намудааст. Дар ин радиф метавон гуфт, ки ҳоло Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти ҷаҳон ва минтақа, аз ҷумла масъалаҳои вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ саҳми назаррас дорад. Тайи солҳои охир таваҷҷӯҳи аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, саноатикунонии кишвар ва таъсиси ҷойҳои корӣ равона карда шуд. Аз таҳлили вазъи натиҷаҳои Паём ба мо маълум гардид, ки нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар ин давра даромади пулии аҳолӣ 3,3 баробар афзоиш ёфта, аз 37,2 миллиард сомонии соли 2017 ба 112,7 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расид. Музди миёнаи меҳнат беш аз 2 баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,9 баробар зиёд гардид. Бо вуҷуди болоравии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ, солҳои охир дар кишвар сатҳи таваррум муътадил нигоҳ дошта шуда, соли 2023-юм 3,8 фоизро ташкил намуд. Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои зикргардида сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 фоизи соли 2017 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд. Дар ду даҳсолаи охир сатҳи зиндагии мардуми кишвар тадриҷан беҳтар гардида, нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999-ум то 62 банди фоизӣ дар соли 2023 паст карда шуд. Бо мақсади идома додани ин раванд ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки ҷиҳати дар ҳафт соли минбаъда то ба 10 фоиз паст кардани сатҳи камбизоатӣ чораҳои мушаххасро амалӣ намояд. Вобаста ба ин, зарур аст, ки дар соли 2024 тавассути татбиқи самараноки барномаву нақшаҳои қабулгардида суръати рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин гардад. Бо мақсади амалӣ гардидан ҷиҳати пардохти кумаки унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат ва кӯдакони маъюб, инчунин ҷубронпулии яквақта ба шаҳрвандони аз фалокатҳо зарардида 2 милларду 70 миллион сомонӣ равона карда шудааст. Ҳукумати мамлакат барои дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар оянда низ тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад. Дар се соли минбаъда ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ афзоиш дода шуда, ба ин мақсад 61 миллиард сомонӣ равона карда мешавад. Ҳамзамон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардид, ки якҷоя бо сохтору мақомотҳои дахлдор ҷиҳати таъмин намудани нишондиҳандаҳои қисми даромади буҷети давлатӣ, самаранокии хароҷоти он ва фарогирии пурраи сарчашмаҳои имконпазири даромади буҷет раванди рақамикунонии молияву андозро густариш бахшида, дар мӯҳлатҳои наздиктарин низоми мукаммали муносибатҳои молияи рақамиро роҳандозӣ намояд. Дар Паёми навбатӣ низ беҳтар намудани масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати зиндагии арзандаи мардум, аз ҷумла бо роҳи мунтазам таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, зиёд намудани ҳаҷми даромади аҳолӣ, баланд бардоштани музди меҳнати кормандон, нафақа ва стипендияҳо аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Азимова Машҳура-омӯзгори кафедраи “Фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ”-и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” 0 Мубодила кардан