Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ТАЪКИДИ ХАТАРҲОИ ҶАҲОНИ МУОСИР ВА ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ҶАВОНОН ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Паёми Президенти кишвар ба мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз барномаҳои стратегии давлатие мебошад, ки ҳар сол бо шукуҳи хоса ироа мегардад.

Паёми навбатии Пешвои миллат, ки санаи 28-уми декабри соли 2023 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, яке аз муҳимтарин барномаи давлатие мебошад, ки самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро муайян менамояд.

Дар оғоз Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои тамоми мақомоти кишвар баҳои баланд доданд ва соли сипаришударо бо вуҷуди рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои  мардуми шарифи Тоҷикистон соли бобарору хотирмон ва таърихӣ арзёбӣ намуданд.

Пешвои муззами миллат дар баробари дигар самтҳои сиёсати давлатӣ пеш аз ҳама ба паёмадҳои пуртазоди ҷаҳони муосир, хатарҳои нав ба нави вазъи сиёсии абарқудратҳо ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон диққати махсус зоҳир намуданд. Аз ҷумла изҳор доштанд, ки «Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир, терроризму экстремизм, қочоқи силоҳу маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем».

Вазъи ногувори геопалитикии саёра моро водор месозад, ки пеш аз ҳама ба қадри истиқлолияту озодӣ, арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва умумибашарӣ расем, зеро ҷаҳони муосир дар остонаи нави муносибатҳои шадиди сиёсӣ қарор дорад. Рақобатҳои сиёсии аср ба монанди яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир-терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ тамоми миллату халқиятҳоро водор месозанд, ки ҳастии худро ҳифз намоянд ва якпорчагии марзу буми хешро чун гавҳараки чашм дар амон нигоҳ дошта, ба наслҳои оянд бояд чун амонати ниёгон расонид. Дар ин раванд ягона унсуре, ки ҳастии миллатро ҳифз менамояд, шинохти асолати миллӣ, ҳифзи фарҳангу тамаддуни аз ниёгон бамеросмонда, зиракии сиёсӣ, тарбияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ҷавонон мебошад.

Дар асоси ин таъкидҳо Пешвои муззами миллат ёдрас намуданд, ки «Дар ин замина ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати тарбияи наврасону ҷавонон бояд ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва хештаншиносии онҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад».

Воқеан ҳам нақши ҷавонони кишвар дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ бағоят муҳим мебошад. Дар ниҳоди насли ҷавон тарбия намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ифтихори миллӣ, ғурури миллӣ ва шинохти асолати миллӣ, инчунин инсондӯстиву масъулиятшиносӣ вазифаи аввалиндараҷа ва қарзи адонашавандаи ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ба шумор меравад.

         Пешвои муаззами миллат ба мисли дигар баромадҳояшон таъкид намуданд, ки «Ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи дурусти ин захираи стратегии миллӣ барои пешрафту ободии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа яке аз афзалиятҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, зеро шумораи бештари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳад».

Сиёсати давлатии ҷавонон аз марҳилаи аввали соҳибистиқлолӣ дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ёдрас шудан ба маврид аст, ки мулоқоти аввалини роҳбари давлат, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони кишвар 2-юми феврали соли 1993 баргузор гардид. Ин иқдоми наҷиб минбаъд тавсеа ёфта, соли 1997 ҷудо кардани Квотаи президентӣ барои дастгирии ҷавонони болаёқат, роҳандозӣ гардид ва аз ҳамин сол ҳама сола ҷашн гирифтани 23-юми май Рӯзи ҷавонон дар саросари кишвар ба роҳ монда шуд. Инчунин қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон 9-уми июни соли 2004 қабул шудааст, ки қонуни  мазкур тамоми самтҳои ҳаёту фаъолият ва дигар паҳлуҳои зиндагии ҷавононро муайян месозад. Таъсис додани стипендияҳову ҷоизаҳо ва дигар озмунҳо аз ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат нисбати ҷавонон мебошад. Дар Паёми соли 2016 (24.12.2016) соли 2017-ро «Соли ҷавонон» эълон карданд, ки барои кулли ҷавонони кишвар соли басо хотирмону таърихӣ ба шумор мерафт.

Муҳтарам Пешвои муаззами миллат кору фаъолияти ҷавонони мамлакатро дар тамоми самтҳои давлатдорӣ ба монанди бахшҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, маориф ва тандурустӣ баҳои баланд доданд ва таъкид намуданд, ки «Ҷавонони мо, ки насли замони истиқлол мебошанд, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар ҳимояи марзу буми Ватан, амнияти мардум ва давлати Тоҷикистон, сохтмони бузурги аср аз ҷумла неругоҳи барқи обии «Роғун» ва пешрафти илму фарҳанг саҳми бисёр назаррас гузошта истодаанд».

Аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон боз ҳам мусоидат менамояд. Бо вуҷуди ғамхориҳои беназири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҷавонон баъзе аз ҷавононе ҳастанд, ки онҳо аз ҳуқуқу вазифаҳои худ огоҳ нестанд. Дар баробари  ин аз надоштани маърифати динию дунявӣ ба ҳар гуна ҳизбу созмонҳои террористиву экстремистӣ ва ҷиноятҳои муташаккил шомил мешаванд.

Набояд фаромуш кард, ки мо насли ориёитаборем. Ниёгони мо дар гузашта созандаву бунёдкор, гуманист, сулҳпарвар ва ихтироъкор буданд ва ба маърифати башар, ғояҳои хайри ахлоқиву футувватро (ҷавонмардӣ) бунёд гузоштанд, ки таърихи башар то ҳол назирашро ёд надорад ва ҷавонони мо бояд дар ҳамин руҳия  ба камол расанд. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳадяи ниҳоят бузурги таърих ба миллати ҳазор сол ранҷкашидаи мо мебошад, аз тамоми газандҳо дар амон нигоҳ доранд. Якпорчагии марзу буми Ватан, волоияти қонун  ва дигар арзишҳои миллию умумибашариро ҳифз намоянд.

Саидов Анушервон омӯзгори кафедраи «Фанҳои гуманитарӣ» — и МДТ «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ»

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.