Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

РУШДИ МАОРИФУ ТАНДУРУСТӢ ДАР ПАЁМИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Санаи 28-уми декабри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми навбатии худ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва васоити ахбори омма, инчунин шаҳрвандони кишвар муроҷиат намуданд.

“Соли 2023 барои Тоҷикистон бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид”. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ сиёсати нави дохилию хориҷӣ ва самтҳои афзалиятноки рушди кишварро муайян намуданд. Инчунин қайд намуданд, ки соҳаҳои маориф ва тандурустӣ яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ба шумор меравад ва ба ин соҳаҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд. Ҳамзамон дарҷ гардид, ки рушди сармояи инсонӣ, баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад.

Соли 2017 низоми маорифи кишвар 2,1 миллион нафарро ба таҳсил фаро гирифта бошад, пас дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба 2,6 миллион нафар насидааст.Тибқи дурнамо ин шумора то соли 2025 ба 2,7 миллион нафар хоҳад расид. Аз ин рӯ, баҳри баланд бардоштани имкониятҳои низоми маориф, бунёди муассисаҳои таълимии навро тақозо менамояд. Хотиррасон карда шуд, ки авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд. Омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ ба Вазорати маориф ва илм, Комиссияи  олии  аттестатсионӣ, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ вазифадор намуданд, ки барои ба сатҳи сифатан нав бардоштани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тадбирҳои зарурӣ чораҳои ҷиддӣ андешанд. Инчунин ба Вазорати маориф ва илм вазифадор карда шуд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо бо мақсади татбиқи лоиҳаи сармоягузории давлатии “Муҳити таълим-асоси таҳсилоти босифат”, “Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро таҳия намоянд. Бештар ба масъалаҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронидани омӯзгорон,  рушди таҳсилоти иловагӣ, тақвияти мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҷалби бештари хонандагону омӯзгорон ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, омода кардани омӯзгорон ва таҷдиди назар кардани стандартҳои касбӣ барои омӯзгорон, нозирон ва такмили муносибати босалоҳият ба таълим таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардид.

Мавриди зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро яке аз рукнҳои асосии рушди давлат арзёбӣ намуда, дар ин росто бинои нави Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро кушода ба истифода супориданд. Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмини солимии аҳолӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ҳамаи чораҳои заруриро пешкаш  намуда истодаанд. Дар соҳаи тандурустӣ маблағгузориҳо мунтазам зиёд гардида, вазъи таъмини муассисаҳои тиббии кишвар бо таҷҳизотҳои ҳозиразамон ва неруи кадрӣ сол то сол беҳтар гардида истодааст. Метавон гуфт, ки дар соли 2023 барои соҳаи тандурустӣ 3,3 миллиард сомонӣ ҷудо карда шуд, ки ин нишондод нисбат ба соли 2017-ум 2,3 баробар зиёд буда, 8,8 фоизи буҷети давлатро ташкил медиҳад. Инчунин дар соли 2023 132 муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ сохта, ба истифода дода шуд. Бо мақсади баланд бардоштани  сифати хизматрасониҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва таҳкими иқтидори миллӣ, инчунин барои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда дар соҳаи тандурустӣ лоиҳаи “Миллати солим”, маблағи умумии он беш аз 630 миллион сомонӣ  мебошад, амалӣ шуда истодааст. Ҳамзамон Ҳукумати кишвар дар соли 2023 “Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2040”  ва “Барномаи маҷмӯии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030” қабул карда шуд. Тибқи таҳлилҳо дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи аҳолии кишвар 2 баробар зиёд шуда, аз 5,3 миллион нафар дар соли 1991 то 10,2 миллион нафар дар соли 2023  расид.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта бо ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани Қатъномаи  Созмони Милали Муттаҳид дар бораи  “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон кардани соли 2025, инчунин 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо барои ҷомеаи ҷаҳонӣ муҳим ва мояи ифтихори мардуми шарафманди Тоҷикистон гардид.

Гирдакова Лутфия

Омӯзгори кафедраи “Фармакогнозия ва

кимиёи фарматсевтӣ” – и  МДТ “Коллеҷи

тиббии ҷумҳуриявӣ”

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.