Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

МАСОИЛИ ИЛМУ МАОРИФ ДАР ПАЁМ

Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар санаи 28-уми декабри соли 2023 баргузор гардид. Маълумотдиҳӣ ва ҳособотдиҳандагии солонаи роҳбари кишвар дар назди мардум (ба воситаи Паём дар ҳузури намояндагони мардум) яке аз нишонаҳои муҳимтарини низоми демократист, ки ба ин восита роҳбари кишвар фаъолияти худро ба доварии мурдум мегузорад. Моддаи 70-уми Конститутсияи кишвар низ маҳз “дар бораи вазъи кишвар” ба маҷлиси якҷояи Маҷлиси милӣ ва Маҷлиси намояндагон маълумот додани Президентро пешбинӣ мекунад.

Дар ин бахш маъмулан бо як занҷири таҳлилию мантиқӣ нишон дода мешавад, ки вазъияти аввалия ё вазифаи гузошташуда чӣ буданд, кори анҷомшуда ва натиҷаи ҳосилшуда чист, мушкилу масъалаи боқимонда кадом аст, вазифаи ҳадафии баъдӣ ва супориши нав дар ин самт чист.

 Сарвари кишвар хоссатан ба сиёсати ҷавонон ва илму маориф, ки бидуни онҳо рушди давлатро тасаввур кардан ғайриимкон аст, аҳамияти махсус зоҳир карда, чунин таъкид намуданд: “Бо дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон худ кишвари ҷавонон аст”. Дар боби низоми маориф чунин фармуданд: “…агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад”.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш дастовардҳои умумии халқу кишварро қайд намуда, бо ифтихору қаноатмандӣ иброз намуданд, ки соли 2023 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмӯъ, соли бобарор буд ва ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд. Дар паёми имрӯза дастоварду пешравиҳои дар зарфи солҳои охир ноилшудаи Тоҷикистони соҳибистиқлол баён гардиданд. Хотирнишон намуданд, ки ҳамаи пешравиҳои зикршуда, маҳз бо заҳмати содиқонаву софдилона ва азму талоши ватандӯстонаи мардуми шарифи кишвар ба даст омадаанд. Дар идома иброз намуданд, ки аз ин лиҳоз, ба мардуми соҳибмаърифату тамаддунсоз ва шарафманду сарбаланди мамлакат барои дастгирии сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат ва заҳмати аҳлонаву ободгарона сипосу миннатдории самимии худро изҳор мекунам.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки аз ҷумла, солҳои охир таъсири манфии бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, инчунин, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон шиддат ёфта, инчунин мураккабшавии авзои сиёсии байналмилалӣ, шиддат гирифтани вазъи геосиёсиву низомӣ, таҳдидҳои амниятӣ, буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, инчунин, мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим, норасоии ғизо ва оби ошомиданӣ дар ҷаҳону минтақа ва пайомадҳои онҳо зимни пешбурди сиёсати хориҷии Тоҷикистон моро ба андешидани тадбирҳои зарурӣ водор месозанд.

Пешвои муаззами миллат махсус қайд намуданд, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа–ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Роҳбари давлат супориш доданд, ки ҷиҳати идома додани ғамхории давлат ва Ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

– аз 1-уми июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия, яъне зиёд карда шаванд.

– аз 1-уми июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 40 фоиз зиёд карда шаванд;

– инчунин, аз 1-уми январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд карда шавад;

Иқдомҳои мазкур, ки аз ҷониби Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ дар Паёми навбатӣ ироа гардид, воқеан муждаи руҳбаландкунанда буда, моро вазифадор месозад баҳри пешрафти кишвар дучанд хидмат кунем.

Пешвои миллат хотирнишон сохтанд, ки мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад. Вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Бинобар ин, ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта–сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад.

Дар Паём таъкид намуданд, ки мо дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодаем. Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад.

Пешвои муаззами миллат такроран хотирнишон сохтанд, ки фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии амиқ дорад. Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад. Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Мо дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати дониш ва дар арсаи байналмилалӣ муарифӣ намудани Ватани азизамон саҳми арзанда гузорем.

 

Исмоилова Мавҷуда

Мудири кафедраи “Забони русӣ”

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.