МақолаҳоХабарҳо СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ САМТИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЕСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ Бо admin Охирин навсозӣ Jan 23, 2024 0 Паеми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа гардид. Паем барои тамоми соҳаҳо ҳамчун раҳнамоест, ки ба татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат нигаронида шудааст. Ҳадафи олии Ҳукумати мамлакат баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ, мушкилот ва камбудиҳои соҳаи тандурустӣ дастуру супоришҳо доданд ва ин мо кормандони соҳаи тандурустиро водор месозад, ки фаъолиятамонро беҳтар кунем. Ҳоло дар соҳаи тандурустӣ татбиқи 15 стратегияву барномаи миллӣ бомаром идома дорад. Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сифат ва самаранокии хизматрасониҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва таҳкими иқтидори миллӣ барои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар соҳаи тандурустӣ лоиҳаи “Миллати солим”, ки маблағи умумии он беш аз 630 миллион сомонӣ мебошад, амалӣ шуда истодааст. Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар соли 2023 қабул гардидани Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2040 ва Барномаи маҷмӯии давлатии тайер намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030 ба ҳалли мушкилоти масъалаҳои ҷойдошта мусоидат менамояд (Эмомалӣ Раҳмон, 28.12.2023). Таҳия ва қабул гардидани ҳуҷҷати стратегии мазкур дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҷассумгари фаъолияти инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад.Низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиесати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Бо мақсади дастрасӣ ва самаранокии хизматрасонии репродуктивии аҳолӣ, паст намудани фавти модарон, таъмини муассисаҳои тиббӣ бо техника ва технологияҳои муосир, омӯзонидани кормандони соҳа оид ба солимии репродуктивӣ, фаъолкунии идорасозии таъминот ва тақсимоти маводҳои контрасептивӣ, баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ, беҳбудии саломатии занону наврасон Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2023-2027 таҳия ва қабул шудааст (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 августи соли 2023, таҳти рақами 418). Масъалаҳои ғизои аҳолӣ дар мадди назари Ҳукумати мамлакат мебошад, ки барои боз ҳам мустаҳкам кардани солимии аҳолӣ равона карда шудааст. Тайи солҳои охир қабул гардидани қонунҳо, 2 стратегия, 4 барнома ва нақшаи миллӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки масъалаи мазкур муҳим мебошад. Дар доираи амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда” бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2021, таҳти рақами 415 “Барномаи пешгирии норасоии микронутриентҳо ва бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027” тасдиқ гардид. Мақсади барномаи мазкур пешгирии норасоии микронутриентҳо ва бемориҳои вобаста ба он(ҷоғар, камхунӣ ва ғ) тавассути пурзӯр намудани фаъолияти сохторҳои дахлдор мебошад. Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаети кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 бо мақсади ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор, паст кардани нишондиҳандаҳои ғизои нокифоя е нодуруст дар Тоҷикистон таҳия гардидааст. Беҳтар сохтани вазъи солимии аҳолӣ аз сифати расонидани ерии тиббӣ дар сатҳи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ вобастагӣ дорад. Дар давоми соли 2023-юм 132 муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ сохта, ба истифода дода шуд (Эмомалӣ Раҳмон, 28.12.2023). Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар самти беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ пайваста тадбирҳои муҳимро амалӣ менамоянд. Маҳз бо ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони истиқлолият даҳҳо муассисаҳои табобатӣ ва таълимии соҳаи тандурустӣ муҷаҳҳаз бо таҷҳизотҳои муосири тиббӣ ва таълимӣ сохта ба истифода дода шуданд. Нақши хадамоти кумаки аввалияи тиббию санитарӣ,табибон ва кормандони миенаи тиб дар пешгирӣ, табобат ва барқарорсозии солимии аҳолӣ калон аст. Дар партави сиесати инсондӯстона ва дурандешонаи Президенти кишварамон соҳаи тандурустӣ рушд ва пешрафт намуда, ба дастовардҳои муҳиму назаррас ноил гардидааст. Сайдаҳмадова Шаҳло Ҷумахоновна – мудири кафедраи акушерӣ ва гинекологии МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, номзади илмҳои тиббӣ. 0 Мубодила кардан