Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ДАР МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ МУТТАҲИД БОШЕМ

“Коррупсия зуҳуроте номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмуъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад”.

Эмомалӣ РАҲМОН

Коррупсия аз ҷумлаи монеъаҳои ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисодию   иҷтимоии кишварҳо ва нақзи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон маҳсуб меёбад.

Дар ҷаҳони имрӯза яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи амалӣ гардонидани ҳуқуқу озодиҳои инсон фасод ва ё ришва – коррупсия мебошад. Коррупсия рушди умумимиллӣ, болоравии иқтисодиёт ва некуаҳво­лии иҷтимоиро боз медорад, сатҳи боварию эътимоди шаҳрвандонро то ҷойе ба давлат коста мегардонад, умедҳои ояндаи ҷавононро барҳам мезанад, табақаҳои камбизоати аҳолиро аз расидан ба рӯзи нек маҳрум менамояд.

Аз маъхазу сарчашмаҳо ва навиштаҳои адибону таърихнигорон бармеояд, ки дар давлатдории дунявӣ яке аз санад ё худ қонуни махсус роҷеъ ба манфиатҷӯйиву та­маъкорӣ будааст. Дар аҳди пешин агар гирифтани пораву ришва кори носавоб дониста мешуд, баъдтар содиркунандаи ин аъмол бо ҳукмҳои сахти адои ҷазо дар маҳбасхонаҳо ва ҳатто ҳукми қатл муҷозот мегардид.

Дар замонҳои қадим истилоҳи «коррупсия» ба маънои “фасод”, “вайронкунанда”, “зараррасонанда” ва “фурӯхтани мансаб” маънидод шуда, ҳамчун рафтори истифода аз имкониятҳои мансаб ба манфиатҳои шахсӣ фаҳмида мешуд ва шахсони ба чунин амал дастзада дар ҳамаи давру замонҳо аз ҷониби аҳли ҷомеа маҳкум мегардиданд.

Мафҳуми коррупсия дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин оварда шудааст: “Коррупсия – кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ”.

Баъд аз соҳибистиқлол гаштан Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар душвориҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангӣ ба проблемаҳои коррупсия рӯ ба рӯ гардид. Сабабҳо ва омили асосии густариши коррупсия дар ҷомеаи мо, аз як тараф – паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва сатҳи зиндагии мардум, аз тарафи дигар – омода набудани мардум ба иқтисодиёти бозоргонӣ ва дарк накардани қоидаҳои он буд. Албатта, паҳн гаштани коррупсия дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа Ҳукумати кишварро ба ташвиш оварда буд, зеро раванди демократикунонии ҷомеа дар рӯ ба рӯи коррупсия дар ҳолати осебпазирӣ қарор дошт. Аз ин рӯ, бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор ислоҳотҳои ҳуқуқӣ дар самти танзими сохтори қонунҳо рӯйи кор омад ва барои мубориза бо коррупсия чораҳои зарурӣ андешида шуданд.

Баъди бомуваффақият имзо гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, 8-уми сентябри соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амнияти иқтисодии миллиро ҳамчун моҳият ва ҳадафи мубориза бар зидди коррупсия дарк намуда, ақидаи муҳими сиёсати зиддикоррупсионии давлатро иброз намуд: «Барои мо муҳим аст, ки барои хотима ёфтан ба порахурӣ, талаву тороҷ кардани амволи давлатӣ, амвол ва саҳмияҳои халқ ва дигар ҷиноятҳои вазнин ба ягон кас, ба ягон мансабдор, сарфи назар аз обрӯй ва заҳматҳои қаблӣ сустқавлӣ нанамоем. Вақте омад, ки аз бахшишҳои нодаркор ва саривақтӣ  набударо, ки баъзе мансабдорон аз ҳадди вазифаҳои худ берун мебароянд, рад намоем, пурқувватӣ, абарқудратии давлат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро нишон диҳем. Ин ақидаро бо масъулияти бузург изҳор намуда, кушода мегӯям: давлат барои хиёнати иқтисодӣ, амалҳои зиддиконститутсионӣ, поймолкунии манфиатҳои халқ ва миллат ягон касро намебахшад». Дар партави ин иқдом, ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахӯрӣ)», қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» (соли 1999) заминаи марҳилаи сифатан нави муборизаро ба ин зуҳуроти номатлуб ибтидо гузошт.

Агар садди роҳи  коррупсия гирифта нашавад, он ба проблемаи таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ мубаддал гашта, дар натиҷа иқтисодиёти ниҳонӣ вусъат ёфта, қисми даромаднокии буҷет аз ҳисоби кам ворид гардидани андозҳо ва самаранокии фишангҳои давлатии идоракунӣ коҳиш меёбад, ки ин ба тезутунд гаштани проблемаҳои иҷтимоӣ, бинобар иҷро нагардидани уҳдадориҳои буҷавӣ оварда мерасонад.

Муродов ФАЗЛИДДИН ассистенти кафедраи
“Технологияи информатсионӣ, ташхис ва табобати нурӣ”- и МДТ
«Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ»

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.