Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ҶАЛАСАИ ҒАЙРИНАВБАТИИ НАЗДИ МУОВИНИ ДИРЕКТОР ОИД БА КОРҲОИ ТАЪЛИМИИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Санаи 5 феврали соли ҷорӣ, вобаста ба масъалаҳои мубрами ташкили раванди таълим ва фаъолияти иҷтимоию фарҳангии донишҷӯён дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” бо дастуру супориши директор, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ҷаласаи ғайринавбатии назди муовини директор оид ба корҳои таълимӣ баргузор гардид. Муовини директор оид ба корҳои таълим, н.и.т. Одилзода И.Ё. якчанд мавзӯъҳои асосиро ба муҳокима гузоштанд, ки паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти донишҷӯён ва фаъолияти таълимии деканони факултетҳо ва мудирони кафедраҳоро дар бар мегирифтанд. Дар кори ҷаласа сардорони шуъбаҳо, деканони факултетҳо ва мудирони кафедраҳо ширкат варзиданд.

Яке аз мавзӯъҳои аслӣ баррасии масоили марбут ба пардохти ҳаққи таҳсил буд. Дар муҳокима тадбирҳои тарғиби моҳияти супоридани саривақтии маблағи таҳсил миёни донишҷӯён муҳокима шуданд.

Инчунин ба ташкили триместри таълимӣ ва масъалаҳое, ки бо самараи таълим вобастаанд, диққати хос дода шуд. Муовини директор моҳияти нигоҳ доштани стандартҳои баланди сифати таълим ва таҳияи усулҳои инноватсионии таълимро таъкид намуданд. Муовини директор изҳор доштанд, ки пас аз ташкил ва баргузорнамоии триместри таълимӣ сатҳи дониши донишҷӯёни сустхон аз нав санҷида шуда, аз ҷониби масъулон арзёбӣ карда шаванд.

Анъанаҳои миллӣ низ бахусус дар партави ҷашни Наврӯзи Аҷам ба як ҷузъи ҷудонашавандаи рӯзнома табдил ёфтаанд. Фаъолгардонии донишҷӯёни ихтиёркор тавассути иштирок дар роҳпаймоиҳо ва чорабиниҳои бахшида ба ин ҷашни ниёгони миллӣ баррасӣ шуд. Қайд карда шуд, ки барои иштирок дар ин чорабинӣ масъулин миёни донишҷӯён корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ихтиёриёни фаъолро барои иштирок сафарбар намоянд. Ҳамчунин аз ҳисоби омӯзгорон низ сарпарастон ба иштирок дар ин чорабиниҳо равона хоҳанд гашт.

Дар баробари баррасии мавзӯъҳои бахшида ба раванди таълим, риоя намудани интизоми меҳнат аз ҷониби омӯзгорону кормандон ва назорати пешрафт ва давомоти донишҷӯён низ дар маркази диққат гузошта шуд. Бо назардошти рушди мунтазами раванди таълим ва ҷоришавии усулҳои навтарини таълимӣ, ба нигоҳ доштани стандартҳои баланд дар соҳаҳои таълимӣ диққати махсус дода мешавад.

Ҷаласа бо мубодилаи афкор ва таҳияи қарорҳои конструктивӣ анҷом ёфт. Ҳама мавзӯъҳои баррасигардида ӯҳдадории Муассисаи таълимии моро ба такмили пайваста ва мутобиқшавӣ ба ҷараёни тағйирёбанда дар таҳсилот ва ҳаёти донишҷӯӣ инъикос мекунанд. Таҳти роҳбарии номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода, муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” рӯз аз рӯз ба натиҷаҳои назаррас дар самти таълиму тарбия ноил гашта, рӯ ба инкишоф қарор дорад.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.