Соҳаи маориф яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, ин соҳа ҳамчун захираи стратегии инкишофи зеҳнӣ ва омили муҳимтарини таҳкими давлатдорӣ таҳти таваҷҷуҳи доимии давлату ҳукумат қарор дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро самти афзалиятнок эълон намуда, онро барҳақ, омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат номидаанд. Боиси ифтихор аст, ки дар солҳои Истиқлоли давлатӣ мақому манзалати устоду олим хеле боло рафт. Ин ҳама аз ғамхориҳои Раҳбари давлат ва боварию эътимод ба кормандони соҳа дарак медиҳанд.
Дастгирии таҳқиқоти илмӣ тавассути боло бурдани меъёри маблағгузории он, таъсиси марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот дар давраи минбаъда муҳим арзёбӣ мегардад. Эмомалӣ Раҳмон (28.12.2023с)