Дар рафти санҷиш муовини директор маҳорати баланди кордонӣ ва диққати зарурӣ нишон дода, на танҳо ба якчанд синфхона рафт, балки бо донишҷӯён ва омӯзгорон фаъолона ҳамсуҳбат шуд. Саволҳое, ки ба донишҷӯён дода мешуданд, на танҳо донишҳои назариявӣ, балки қобилияти дар амал татбиқ намудани онро низ инъикос менамуданд. Ин равиш имкон медиҳад, ки ба маҳорати воқеии мутахассисони тибби оянда баҳо дода шавад.
Илова бар ин, муовини директор ҳуҷҷатҳои марбут ба раванди таълимро бодиққат омӯхт, ва барои омӯзгорон тавсияҳои муфид доданд. Бо омӯзгорон низ бо мақсади қавӣ гардонидани раванди таълим сӯҳбатҳо гузаронида шуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки санҷишҳои пайвастаи раванди таълиму тарбия дар Муассиса бо ибтикор ва дастуру супоришҳои бевоситаи роҳбар, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода гузаронида мешаванд. Директори коллеҷ дар такмили раванди таълим саҳми босазо доранд. Дастурҳои қатъии у барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия сазовори эътироф мебошанд, зеро на танҳо санҷишҳои муқаррарӣ, балки барои муайян кардани эҳтиёҷот ва такмил додани барномаҳои таълимӣ чунин санҷишҳо мунтазам ба роҳ монда мешаванд. Хулоса, метавон гуфт, ки директори коллеҷи тиббии мо на танҳо устувории раванди таълимро нигоҳ медоранд, балки барои мунтазам такмил додани он низ фаъолияти худро нигаронида, қувват ва кордонии худро барои ноил гаштан ба сатҳи баланди таҳсилоти тиббӣ дареғ намедоранд.