Яке аз масъалаҳои ҷиддии замони муосир, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор овардааст, суръатёбии раванди тундгароӣ, ифротгароӣ, даҳшатафканӣ, иғвоангезӣ ва ташвиқот ба ин амалҳо, яъне экстремизм ва терроризм ба ҳисоб меравад.
Дар таҳқиқоти олимони тоҷик ва ҷаҳон «террор» ҳамчун тарсондани рақиб тавассути ҷазодиҳии ҷисмонӣ, то ба марг расондан фаҳмида мешавад ва терроризм бошад, амали террор дониста шудааст. Фаъолияти террористон доимо бо куштор алоқаманд нест, аммо амалкарди онҳо аз худ доимо таҷовуз ва хаттарро инъикос менамояд. Аз нигоҳи мақсад низ террор фарқ менамояд, аз ҷумла дар ин самт чанд намуд маълуманд:
Халалдор намудан ва таъсири худро ба шахс ё мақомоту давлати ҷудогона расондан;
Тавассути ташкил намудани гурӯҳи террористӣ ѓасб намудани ҳокимият;
Амали террористӣ ба хотири ҷорӣ намудани мафкураи маънавӣ;
Аз ин лиҳоз, он гурӯҳҳое, ки манфиатҷӯ ҳастанд террористонро ватанхоҳ, мубориз барои дин ва озодӣ ва мухолифин низ дониста, ҳатто аз натиҷаи фаъолияти онҳо фоида мебаранд.
Дар замони муосир якчанд омилҳо боиси сар задан ва ё пайдоиши терроризм ва экитремизм мегарданд:
-
Сиёсӣ – ноустувории сиёсӣ, мавҷудияти режими диктаторӣ, низоъи Шарқу Ғарб (дар масъалаи маданият, анъана ва сарватҳои табиӣ);
Дар кишваре, ки вазъи сиёсиаш ноором аст ё мухолифатҳои зиёд вуҷуд дорад, гурӯҳҳои манфиатдор ва давлатҳои манфиатдор барои мақсадҳои ғаразноки худ ба амалҳои экстремистию террористӣ даст задан имконияти бештар пайдо мекунанд. Дар ин ҷода мо бояд зираку ҳушёр бошем ва ҳисси баланди ватандӯстӣ, гуманистӣ, содиқ будан ба Ватан, инчунин сарҷамъиву ҳамдигарфаҳмиро дар ҷомеа, махсусан ба ҷавонон талқин намоем. Беҳуда нест, ки Абулқосими фирдавсӣ фармудааст:
Парокада лашкар наояд ба кор,
Дусад марди ҷангӣ, беҳ аз сад ҳазор.
-
Иҷтимоӣ – сатҳи пасти ҳаёт, бекорӣ (инсонҳои нодор баҳри соҳибсарват шудан чун дигарон дар даст задан ба амалҳои вазнинтарини ҷиноӣ қудрат пайдо мекунанд);
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъаларо пайгирӣ намуда, барои соҳибкасб шудани шаҳрвандон литсейҳои касбӣ ва курсҳои кӯтоҳмуддат барои касбомӯзӣ ташкил карда шудаанд.
Бисёре аз шаҳрвандон идао доранд, ки мо маълумоти касбӣ ё олӣ дорем аммо ҷойи кор надорем. Иллати асосӣ дар ин самт он аст, ки онҳо диплом доранду аксарият саводи кофӣ надоранд, ё ин ки ба ғайр аз забони модариашон забони дигареро намедонанд. Масалан, муаллими забони ангисӣ бо забони англисӣ гап зада наметавонад, ӯ чӣ гуна метавонад муаллим шуда кор кунад. Мутаассифона, ин гуна мисолҳо бениҳоят зиёд аст ва дар ҳама соҳа дида мумкин аст.
-
Иқтисодӣ – терорризм имрӯз хосияти савдо (бизнес) – ро ба худ гирифтааст. Ақидае мавҷуд аст, ки даромади ташкилотҳои террористӣ аз даромади ташкалотҳои нефтистеҳсолкунанда бештар аст;
-
Иттилоотӣ – дар шароити рушди бемайлони технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ рушди минбаъдаи ҷомеа ва таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бе назардошти омилҳои иттилоотӣ амалӣ намудан ғайриимкон аст. Дар чунин вазъият амнияти иттилоотии кишвар унсури марказии низоми амнияти миллӣ дониста шуда, рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятиро ба худ вобаста менамояд. Дар баробари рушди инфрасохтори иттилоотии ҷомеа, ки барои фаъолияти муназзами ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ муҳим арзёбӣ мегардад, инчунин таҳдиду хатарҳое пайдо мешаванд, ки ҳимояи манфиатҳои миллӣ, бахусус суботи сиёсӣ ва оромии ҷомеаро халалдор месозанд.
Чунин сурат гирифтани вазъиятро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ 26 январи соли 2021 таъкид намуда, иброз дошт, ки «пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд. … Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд» .
-
Динӣ – маҳдудсозии дин ва фишор овардан ба диндорон, бартариятдиҳӣ ба мазҳабу оини худ ва дурӯғин хондани мазҳабҳои дигар. Боиси нигаронист, ки баъзе аз шаҳрвандони хориҷӣ дини исломро ҳамчун дини террористӣ мешиносанд. Дар асл нафароне, ки аз номи дини ислом баромад намудаву амалҳои террористиро бо шиорҳои гуногун ба анҷом мерасонанд, ягон манбаи исломиву инсонгароӣ надошта, саркардагони он душманони ислом буда, бо ин роҳ мехоҳанд мавқеъ ва нуфузи исломи нобро дар олами мутамаддин паст ва коҳиш диҳанд. Дар олаами ислом як гурӯҳ давлатҳое ҳастанд, ки пайрави сионизм ва давлатҳои абарқудрати ѓарбӣ мебошанд ва ҳар як фармоишу рафтори ношоистаи онҳоро ба ҷо меоранд.
Вобаста ба ин, Президенти мамлакат амиқу саривақтӣ ҳушдор доданд, ки «Вазъияти имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, фаъолияти торафт вусъат гирифтаистодаи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву тундгаро ва истифода аз номи поку муқаддаси ислом ба манфиатҳои ғаразноки сиёсӣ ҳар яки моро водор месозад, ки ҳамеша зираку ҳушёр бошем, ба номи мубораки ислом ва арзишҳои неку созандаи он иснод наоварем ва ҳар як амали мусулмонии худро дар роҳи шинохти ҳақ ва ба хотири оромиву осоиши мусулмонон истифода барем». Ҳеҷ як мусулмони ҳақиқӣ террорист намешавад ва ҳеҷ як террорист мусулмон нест.
-
Маънавӣ – бӯҳрони маънавии ҷомеа ва сатҳи пасти маданияти сиёсии он;