Фарбеҳии аз ҳад зиёди зуд ба амаломада бо гиповентилятсияи алвеолярӣ ё ин ки Алоими (Синдром) Пиквик як ҳолати патологиест, ки дар натиҷаи он дар одамон аз ҳад зиёд фарбеҳӣ ва гиповентилятсияи алвеолярӣ (камшавии ҳаҷми ҳавои нафасгирӣ) ба амал омада , дар ин замина ба пастшавии сатҳи оксиген ва баландшавии сатҳи гази карбонат дар хун оварда мерасонад.
Алоими Пиквик асосан дар одамони аз синни 40 то 60 солагӣ вомехурад. Нишондоди гирифторшавӣ ба ин алоим дар мардҳо нисбат ба занҳо бештар гирифтор мешаванд. Танҳо дар 10% одамони фарбеҳ ин алоими Пиквик инкишоф ёфтанаш мумкин аст.
Чунончи ба назар мерасад фарбеҳӣ дар сартосари ҷаҳон бо суръати баланд рӯ ба паҳншавӣ дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чунин хатари глобалӣ истисно нест ва алоими Пиквик вобаста ба паҳншавии фарбеҳӣ ба мушоҳида мерасад.
Одамоне, ки ба чунин алоим гирифтор шудаанд, нисбат ба нафароне, ки танҳо фарбеҳанд,эҳтимолияти хатари фавт дар онҳо ду маротиба бештар мебошад.
ТАЪРИХИ ПАЙДОШАВИИ ИСТИЛОҲИ ПИКВИК
Ин истилоҳ бори аввал дар асари нависандаи маъруфи англис Чарлз Диккенс, дар соли 1837 аз китоби бо номи “Ҳуҷҷатҳои пас аз марги Клуби Пиквик” гирифта шудааст, ки дар он қаҳрамони ноболиғ ҳамчун як шахси хеле вазни зиёдатӣ дошта бо зиёдхобӣ ва хоболудӣ тавсиф шудааст. Аммо истилоҳи алоими Пиквик (Фарбеҳии аз ҳад зиёди зуд ба амаломада бо гиповентилятсияи алвеолярӣ) ҳанӯз вуҷуд надошт. Баъди як аср дар солҳои 1956 доктор Бурвел ва дигар олимону муҳаққиқон зуҳуроти клиникии ин алоимро дар соҳибкори 51 сола ки бо аломатҳои фарбеҳии зиёди зудавҷгиранда, норасоии шадиди нафас, зиёдхобӣ, ки бо вазни 120кг ва қади 160см тавсиф намуда, ин патологияро ҳамчун алоими Пиквик номидаанд.
САБАБҲОИ ПАЙДОШАВИИ АЛОИМИ ПИКВИК
Сабаби асосии ин беморӣ дақиқ муайян карда нашудааст. Аммо якчанд омилҳои зерини ба вуҷудоварандаи ин алоим вуҷуд дорад.
-
Ирсият;
-
ҳомиладорӣ ва таваллуд, менопауза
-
шиддати асаб, осеби равонӣ,
-
бемориҳои сироятӣ ва ғайра
ТАРЗИ ҶАРАЁНГИРИИ БЕМОРӢ
Фарбеҳии аз ҳад зиёди зудавҷгиранда (афзоиши индекси вазни бадан зиёда аз 40 кг/м2) боиси вайрон шудани ҷараёни нафасгирӣ ва нафасбарорӣ мегардад. Ҷамъшавии аз ҳад зиёди чарбҳо дар девораи қафаси сина ва девораи пеши шикам пурра ба раванди нафаскашӣ монеа шуда, оқибат ба гиповентилясияи алвеолярӣ оварда мерасонад (вақте ки шахс ҳавои «тозаро» суст нафас мегирад ва ҳавои фурӯбурдаро бо душворӣ мебарорад). Ин раванд боиси кам шудани сатҳи консентратсияи оксиген ва баланд шудани сатҳи консентратсияи гази карбонат CO2 дар хун мегардад. Дар натиҷа спазми (тангшави) рагҳои хунгузари шушҳо ба амал омада, гипертрофияи тарафи рости дилро ба вуҷуд меорад. Илова бар ин, қисми зиёди одамоне, ки аз ин беморӣ ранҷ мекашанд, ҳангоми хоб нафасгириашон душвор мешавад (бештар ҳолати нимнишаст яъне ортопноэ мушоҳида мешавад). Чунин ҳолат метавонад боиси вайроншавии ҷараёни хоб гардад ва ба бехоби оварда мерасонад. Организм кӯшиш мекунад, ки бо норасоии оксиген мубориза барад, бинобар ин афзоиши шумораи ҳуҷайраҳои сурхи хун (эритроситҳо) ва гемоглобин (интиқолдиҳандаи оксиген) ба амал омада, дар натиҷа ҷараёни ҳаракатнокии хун суст шуда оҳиста-оҳиста ба тез лахташии хун оварда мерасонад , ки дар чунин маврид эҳтимолияти хатари пайдошавии тромбозро дучанд зиёд мегардонад.
АЛОМАТҲОИ КЛИНИКӢ
-
Фарбеҳии аз ҳад зиёд ва зуд авҷгиранда (дараҷаҳои III-IV) ва маҳдуд шудани нафаскашӣ бо норасоии нафаси дарозмуддат.
-
Сианози марказӣ ва акросианоз.
-
пайдошавии варамҳо. Сараввал варам дар пойҳо, баъдтар варами умумии бофтаҳои зерипустӣ (анасарка) инкишоф меёбад, моеъ метавонад дар ковокиҳои табиии бадан ҷамъ шавад – ковокии плевра (гидроторакс), ковокии перитонеалӣ (асцит), ҷамъшавии моеъ дар ковокии пардаи дил (гидроперикард).
-
душворшавии нафаскаши дар ҳолати оромӣ
-
Хоболудӣ, гарангӣ
-
Политситемия (афзоиши ғайримуқаррарии шумораи ҳуҷайраҳои сурхи хун).
-
Гипертонияи шушӣ ва артериалӣ.
-
Гиперкапния (афзудани амиқии нафаскашӣ) ва гипоксия (норасогии оксиген)
ТАШХИСГУЗОРИИ АЛОИМИ ПИКВИК
Ташхиси бемори дар асоси шикоятҳои бемор нишонаҳои клиникӣ ва таҳлилҳои лабораторию инструменталӣ гузошта мешавад.
Чен кардани вазни бадан ва ҳисоб кардани индекси массаи бадан Аксари беморон ИВБ > 40 кг/м2 доранд;
Чен кардани фишори шараёнии хун.
Таҳлили умумии хун (бештар зиёдшавии гемоглобин, гематокрит ва зиёдшавии шумораи ҳуҷайраҳои сурхи хун (эритроситҳо) мушоҳида мешавад);
Таҳлили биохимиявии хун (холестерин ва фраксияҳои он, глюкоза, креатинин, кислотаи пешоб, калий, натрий ва ғ.).
Муайян намудани сатҳи гормонҳои ғадуди сипаршакл барои истисно кардани функсияи ғадуди сипаршакл
Электрокардиография (гипертрофияи миокарди меъдачаи рост);
Спирометрия (санҷиши кори нафаскашӣ). Аз сабаби ҷамъ шудани равғанҳои зиёдатӣ дар девораи қафаси сина ва девори пеши шикам, барои фаъолияти мӯътадили диафрагма ва ҳаракатҳои худи қафаси сина монеаи назаррас ба миён меояд. Аз ин рӯ, камшавии ҳаҷми гардиши хун, ҳаҷми захиравии нафаскашӣ ва камшавии қобилияти ҳаётии шушҳо мушоҳида мешавад.
Эхокардиография. Барои муайян кардани ғафсшавии мушакҳои дил, фраксияи партоиши дил, васеъшавии тарафи рости дил ва зиёд шудани фишор дар рагҳои хунгарди шуш гузаронида мешавад. Қисми зиёди беморони гирифтори алоими Пиквик дар қисми чапи дил низ норасогӣ доранд;
Омӯзиши таркиби газии хуни артериявӣ. Яке аз меъёрҳои асосии ташхис ин баланд шудани фишори оксиди карбон дар хуни артериявӣ аз меъёрҳои муқаррарӣ (> 45 мм Hg) мебошад.
Гипоксемия (дар хун кам будани оксиген камтар аз 95%) полисомнография (тадқиқоти хоб).
РОҲҲОИ ТАБОБАТ НАМУДАНИ АЛОИМИ ПИКВИК
Табобат бояд танҳо дар муассисаҳои тиббӣ ва бахшҳои эҳёгарӣ гузаронида шавад. Табобат бо ду роҳ гузаронида мешавад; консервативӣ (доругӣ) ва ҷарроҳӣ.
Табобатӣ доругӣ аз усулҳои зерин иборат мебошад.
-
кам кардани вазни бадан аҳамияти калон дорад: парҳез (кам каллориянок); кам хӯрдан кам хоб рафтан
-
даст кашидан аз истеъмоли маводҳои спиртдор ва хобовар
-
истифодабарии антикоагулянтҳо ва антиагрегантҳо (бо мақсади кам кардани сатҳи суръати лахташвии хун ва пешгири аз ҳосилшавии тромб)
-
оксигенотерапия.
-
Табобати норасогии музмини дил ва дигар норасогиҳо.