Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”: ИҶРОИ ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТ ВА ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ

Дар ҷаҳони муосир, ки мушкилоти экологӣ рӯзафзун гардида, дарки зарурати ҳифзи муҳити зист меафзояд, баргузории шанбегӣ мазмуни тоза касб кардааст. Аввалан, онҳо дар ташаккули фарҳанги экологӣ дар байни донишҷӯён саҳм мегузоранд. Иштирок дар тоза кардани мавзеъ ва дигар чорабинихои экологӣ масъулиятшиносии донишҷӯёнро зиёд мегардонад.  Сониян, шанбегиҳо ба ташаккули фазои хуби корӣ дар миёни коллективи педагогӣ мусоидат намуда, донишҷӯён, омӯзгорон ва маъмуриятро ба ҳам наздиктар оварда, фазои ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмиро ба вуҷуд меорад.

Дар робита бо гуфтаҳои боло имрӯз дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” бо ташаббуси директори мо, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода баҳри иҷроиши қарорҳои Ҳукумат ва Паёми Сарвари давлат шанбегии дастаҷамъона гузаронида шуд. Чорабинии мазкур барои нигоҳ доштани тозагӣ ва тартибот дар биноҳои таълимӣ ва хобгоҳи коллеҷ, инчунин бедорсозии масъулияти шаҳрвандӣ ва ватандӯстӣ як қадами муҳим буд.

Чунин ташаббусҳо дар ҷомеаи муосири мо моҳияти бузург пайдо намудаанд. Гузаронидани шанбегии дастаҷамъӣ дар коллеҷи тиббӣ на танҳо садоқати моро ба ин принсипҳо инъикос мекунад, балки инчунин ба некӯаҳволии умумӣ мусоидат мекунад.

Ин воқеа як қисми таркибии ҷараёни таълиму тарбия ва ҳаёти ҷамъиятии мо гардидааст. Бо роҳбарии директори мо, ки намунаи ибрати фаъолияти шаҳрвандӣ ва масъулиятшиносӣ мебошад, рӯзҳои шанбегии умумӣ мунтазам гузаронида мешаванд, ки ба мо имкон медиҳад, то дар ҳудуди биноҳои коллеҷ тозагӣ ва тартиботро нигоҳ дорем.

Ҳаминро ҳам қайд кардан зарур аст, ки рузхои шанбегӣ дар муассисаҳои таълимӣ ба беҳтар шудани шароити таълимиву маишӣ ёрӣ мерасонад. Тозагӣ ва тартибот дар ҳудуди муассиса барои машғулиятгузаронӣ шароити мусоид фароҳам оварда, сифати таҳсили умумии донишҷӯён ва омӯзгоронро беҳтар мекунад.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.