МақолаҳоХабарҳо ПАЁМ РАҲНАМОИ КОРИ МО Бо admin Охирин навсозӣ Feb 15, 2024 0 Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бо мароқи калон шунида, баҳри амалӣ гардондани ҳар як гуфтаи он суботкорона ҷидду ҷаҳд намуда истодаем. Суханронии пурмуҳтавои Сарвари давлат роҳи пешгирифтаи давлати мустақили Тоҷикистонро чӣ дар сиёсати дохилӣ ва чӣ дар сиёсати берунӣ ба оламиён муаррифӣ карда, бори дигар нишон дод, ки мақсаду мароми кулли маорифчиёни ҷумҳурӣ ҳар як гуфтаи Паёмро дафтари кории ҳаррӯзаи худ намуда, онро бо ғайрату матонат, донишу малакаи мукаммал амалӣ мегардонанд. Ва мусаллам аст, ки дар ҳаёт, дар кори ҳаррӯза амалӣ намудани ин гуфтаҳо маҳаки асосии пешравии корҳо ва боз ҳам ба комёбиҳои назаррас ноил гардидани маорифчиён мебошад. Паёми имсолаи Сарвари муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун солҳои қаблӣ фарогири ҳамаи соҳаҳои тақдирсози мамлакат мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як фарди солимфикри ҷомеаро лозим меояд, ки барои ояндаи худ ва фарзандонаш ҳар як гуфтаи роҳбари давлатро дар масъалаи тарбия ва таълим маҳаки асосии кори худ намояд. Таълиму тарбияи насли наврас ба мо ва дар якҷоягӣ бо падару модарон вобаста аст. Аз ин рӯ, мо маорифчиён суботкоронаю бо дили гарм кору меҳнат намуда, дар амалӣ гардондани ҳар як гуфтаи Пешвои муаззами миллат ҳиссаи босазои худро мегузорем. Дар Паём қатори дигар масъалаҳои марбут ба пешравии кору афзун намудани муваффақиятҳои ҳаррӯза, дар бораи соҳаи тақдирсози ҳаёти имрӯза-соҳаи маориф ва рушду нумуи он суханони пурмуҳтавои иҷрошаванда гуфта, дар назди маорифчиён вазифаҳои масъулиятнок гузошт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми худ таъкид доштанд, ки “Рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо, омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад.” Мавриди қайд аст, ки Сарвари давлат бо ибрози чунин андешаҳои орифона таъкид ҳам менамояд, ки рушди сармояи инсониро бе кадрҳои баландихтисоси соҳаи мазкур тассавур кардан ғайри имкон аст. Бо қаноатмандӣ аз нуқтаҳои Паёми Роҳбари давлат дар самти маориф қайд кардан ба маврид аст, ки таваҷҷӯҳи ҳукумату давлати мо баҳри рушди соҳа, сайқал додани илму маърифат, таълиму тарбияи насли ҷавон ва дар рӯҳияи баланди меҳанпарастӣ тарбия намудани онҳо нигаронида шудааст. Мо маорифчиён ғамхории Пешвои муаззами миллатамонро, ки барои тарақкиёти соҳаи маориф карда истодаанд, ҳар лаҳза, ҳар рӯз дар пешбурди корҳоямон эҳсос мекунем ва бо ин ғамхориҳои падарона бо кори хубу дониши баланд, боз ҳам равнақ додани сатҳи таълиму тарбия ҷавоб мегардонем. Батиров Бахтиёр Абдусатторович – ассистенти кафедраи “Технологияи иттилоотӣ, ташхис ва табобати нурӣ” дар МДТ “Коллеҷи тиббии Ҷумҳуриявӣ” 0 Мубодила кардан