Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

АРТИШИ МИЛЛӢ – БАҚОИ ДАВЛАТ

Дар шароити зоҳиршавии таҳдидҳои нави замони муосир Артиши миллӣ воситаи муҳимтарини ҳимояи ватану сарзамин аз хатарҳои берунӣ ба ҳисоб рафта, дар низоми таъмини амнияти ҳарбии кишвар мақому манзалати хосса дорад. Ҳамзамон қаламрави Тоҷикистони соҳибистиқлол муқаддасот ва нишонаҳои муҳимми давлатдории мо тоҷикон буда, таҷассумгари суннату ормонҳои волои ниёгон ба ҳисоб меравад.

Ватан ин маконест, ки дар тўли ҳазорсолаҳо аҷдодони мо дар он сарзамин умр ба сар бурдаанд, бо як забон сухан гуфтаанд, шодию хурсандӣ, нолаю фиғон ва дарди дил кардаанд. Ватан – ин ҳамон сарзаминест, ки ниёгони мо ҳар як ваҷаб хоки онро муқаддас шуморида, барои ҳифзаш бо ғосибони аҷнабӣ, кишваркушоёни ҳарису зарпараст ҷангидаанд, хун рехтаанд, дар роҳи ҳифзу нангу номуси хеш шаҳид гардидаанд ва якпорчагии он қаламрав бо номи Тоҷикистон боқӣ мондааст. Мо барои Модар – Ватанро ҳифзу нигаҳбонӣ кардан, бояд ҳар лаҳза, ҳар дақиқа, ҳар шабу рӯз омода бошем. Чуноне ки устод Мирзо Турсунзода фармудааст:

Пеши Ватан мо ки қасам хӯрдаем,

Ин суханонро ба забон бурдаем:

Мо ки писарҳои туем, эй Ватан,

Ҳозири ҳар рои туем, эй Ватан.

Ҳифзи ту мардона ба охир барем,

Гар талаби ҷон ту, зи ҷон бигзарем.

Вақте ки Иттиҳоди Шуравӣ аз байн рафт, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи ноороми ҳарбӣ – сиёсӣ ва муноқишаҳои дохилӣ ҷой дошт. Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шуруъ намуд. Вале барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Яъне Артиши миллии мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳифзи марзу буми кишвар зуҳур кард.

18-уми декабри соли 1992 Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор ба имзо расонид. Артиши миллии мо дар заминаи Ҷабҳаи халқӣ ва гуруҳҳои мусаллаҳе, ки ҳукумати Конститутсиониро тарафдорӣ менамуданд, таъсис дода шуд.

Новобаста аз вазъи номусоиди ҳарбиву сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳурӣ аз рўзҳои аввал ба сохтори ташкиливу штатӣ, таъминоти моддиву техникӣ ва пуррагардонии сафи артиш бо мутахассисони касбии низомиро ба роҳ монд. Дар ин замина пеш аз ҳама ба масъалаҳои таъсису таҷҳизонидани қисмҳои ҳарбӣ, пурра намудани ҳайати шахсӣ дар самтҳои муҳимтарини стратегияи ҳарбӣ ҷой додани онҳо ва беҳдошти омодагии ҷангии ҳайати шахсӣ вобаста ба имконоти мавҷуда таваҷҷуҳ зоҳир карда мешуд.

Таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Артиши миллӣ ҳама давраҳои мушкили таъсисёбии худро паси сар намуда, ба давраи мувофиқсозии сохтори худ ба воқеиятҳои амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ расид. Дар ин давра кўшишу талош баҳри сайқал додани омодагии ҷангии ҷузъу томҳо, болоравии маҳорату малакаи касбӣ, риояи қонуният ва интизоми ҳарбӣ, ҳамзамон такмили донишу маҳорати ҳуқуқии афсарону хизматчиёни ҳарбӣ равона карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меъмори таъсиси Артиши миллӣ мебошад. Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ пайваста таъкид месозад, ки «Ман боварӣ дорам, ки тамоми хизматчиёни ҳарбии мамлакат, аз генерал то сарбози қаторӣ вазифаи муқаддаси хешро дар бобати ҳифзи амнияти давлат ва сулҳу суббот дар кишвар, таъмини зиндагии осоиштаи мардум ва баланд бардоштани обрўю нуфузи байналхалқии Тоҷикистони соҳибистиқлол қувва, вақт ва донишу малакаи худро дареғ намедоранд ва ба халқу Ватани хеш чун фарзанди бонангу номус содиқона ва софдилона хизмат мекунанд».

Дар шароити душвори ҷаҳони муосир, бахусус вазъи ногувори ҳаёти сиёсии олам ва авҷ гирифтани терроризм давлат наметавонад бе Артиши миллӣ мукаммал ва боқудрат бошад ва соҳаҳои мухталифи он пеш равад. Ҳамин аст, ки Ҳукумати кишвар барои такмили сохторҳои ин неруи бузург ҳамасола тадбирҳои муҳим меандешанд. Боиси ифтихор аст, ки Артиши миллии мо дар ҳифзи марзу бум қодир аст ва намегузорад, ки фазои сулҳу суботи мамлакат халалдор гардад.

Фарзандони бонангу номуси Ватан ҷон ба каф хоки муқаддаси Ватанро ҳимоя мекунанд. Чуноне ки Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволи худ, ки саршори идеяи ватандӯстӣ ва адолатхоҳи ҳифзи Ватанро аз баҳои ҷон болотар гузошта гуфтааст:

Ҳама cap ба cap тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Фатихова Зулфия Ҷамолиддиновна
Декани факултети “Кори ҳамширагӣ”-и таҳсилоти
шабонаи МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.