Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ВОХӮРИИ МУОВИНИ ДИРЕКТОР ОИД БА КОРҲОИ ТАЪЛИМИИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” БО КАФЕДРАҲОИ ТАЪЛИМӢ ВА ДЕКАНАТҲО

Санаи 19 феврали соли 2024 бо дастуру супориши роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода, ҷаласаи муҳим бахшида ба ҷанбаҳои асосии рушди муассисаи таълимӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ бо муовини директор оид ба корҳои таълимӣ масъалаҳои ҷорӣ ва ояндаи вобаста ба сифати таълим, навоварӣ дар барномаҳои таълимӣ ва нақшҳои муассиса дар ташаккули шахсияти мутахассисони баландихтисос дар соҳаи тиб баррасӣ гардид. Вохӯрӣ таҳти раёсати муовини директор оид ба корҳои таълимӣ н.и.т. Одилзода И.Ё. бо иштироки мудирони кафедраҳо, деканони факултетҳо ва сардорони шуъбаҳо гузаронида шуд.

Зимни вохӯрӣ масоили баланд бардоштани сифати таълим дар Муассиса фаъолона баррасӣ шуд. Оид ба ҷорӣ намудани усулҳои нави таълим, истифодаи технологияҳои муосир дар раванди таълим, инчунин баҳогузорӣ ва навсозии барномаҳои таълимӣ бо назардошти тамоюлҳои навтарини илми тиб ғояҳо пешниҳод карда шуданд.

Масъалаи дигари муҳим, ин иштироки фаъолонаи донишҷӯён ва моҳияти ба ҷараёни таълим фаъолона ҷалб намудани диққати онҳо буд. Пешниҳодҳо оид ба ташкили чорабиниҳои иловагӣ, таҷрибаомӯзӣ ва лоиҳаҳо бо мақсади таҷрибаи амалӣ барои донишҷӯён ба муҳокима гузошта шуданд. Дар ин самт ҳамчунин андешаҳо оид ба дастгирии донишҷӯёни дорои эҳтиёҷоти махсус ба таълим ва таҳияи усулҳои таълими фарогир пешниҳод шуданд.

Дар кори ҷаласа инчунин мавзуи тадқиқоти илмӣ дар соҳаи тиб ва нақши он дар тарбияи мутахассисони оянда муҳокима карда шуд. Имкониятҳои густариши барномаҳои тадқиқотӣ, ҳамкорӣ бо муассисаҳои тиббӣ ва ҷорӣ намудани навоварӣ ба раванди таълим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дастур дода шуд, ки мақолаҳои аз ҷониби омӯзгорон омодашуда дар сомона ва шабакаҳои иҷтимои фаъолона нашр карда шаванд.

Қайд кардан лозим аст, ки нақши роҳбари Муассиса, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода дар рушду нашъунамои коллеҷ гарон аст. Роҳбарии устувори ӯ, бинишҳои илҳомбахш ва боварии қавӣ ба иқтидори ҳар як омӯзгору донишҷӯ унсурҳои асосии муваффақияти муассисаи мо мебошанд. Иштироки ӯ дар таҳияи стратегияҳои рушд, қабули қарорҳои масъулиятнок ва дастгирии ақидаҳои инноватсионӣ барои рушди коллеҷ фазои мусоид фароҳам меорад.

Дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки ин вохӯрӣ дар пешрафти коллеҷи тиббии мо марҳалаи муҳим буд. Мавзӯъҳое, ки баррасӣ шуданд, на танҳо ба мушкилоти имрӯза, балки ба ояндаи таълиму тарбияи мутахассисони соҳаи тиб низ дахл доранд. Қарорҳое, ки дар маҷлиси машваратӣ қабул карда шудаанд, асоси комёбиҳои минбаъдаи коллективи мо ва саҳми он ба илм ва амалияи тиб хоҳанд шуд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.