Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

БАРГУЗОРИИ ХОНИШИ СИЁСӢ ДАР МАВЗӮИ “ПАЁМ – РОҲНАМОИ ҲАЁТИ МО” ДАР КАФЕДРАИ “ФАРМАКОГНОЗИЯ ВА КИМИЁИ ФАРМАТСЕВТӢ”

Дар асоси дастуру супоришҳои директори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода санаи 19 феврали соли 2024 дар кафедраи “Фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ” хониши сиёсӣ дар мавзӯи “Паём – роҳнамои ҳаёти мо” бо иштироки васеи омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни курси 3 – юми факултети “Кори фарматсевтӣ” ( таҳсили шабона) баргузор гардид. Хониши сиёсиро мудири кафедраи “Фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ” Сулаймонова О.Ғ. оғоз намуда, қайд намуд, ки санаи 28.12.2023 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатест, ки ҷомеаи моро ба фардои нек роҳнамоӣ мекунад. Дар Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат тамоми паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон дар пайванди мантиқӣ бо шароити ҷаҳони муосир мавриди таҳлил қарор гирифтанд. Дар он муҳимтарин самтҳои фаъолияти бахшҳо барои ояндаи наздик вазифагузорӣ шудаанд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки паёми имсола давоми мантиқии паёмҳои солҳои сипаригардида маҳсуб меёбад. Нуқтаҳои баённамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як шаҳрванди ин сарзаминро ба андешаҳои созанда, тарзи зиндагии осоишта, бунёди ҷомеаи бомаърифат равона месозанд ва дар рӯҳияи садоқат ва ба халқу Ватан хизмат карданро талқин менамоянд. Аз ин рӯ месазад, ки мо ҳамеша ва ҳамасола нуқтаҳои асосии Паёми Президенти маҳбубамонро сармашқи фаъолияти доимӣ қарор диҳем. Паёмҳои Президенти кишвар мисли дастур ва роҳнамое мебошанд, ки ҷавононро ба сӯи ояндаи неку дурахшон раҳнамун месозанд. Дар хониши сиёсӣ ҳар як нуқтаи Паёми Сарвари давлат ба тариқи слайд омода карда шуда, ба воситаи тахтаи электронӣ ба донишҷӯён пешкаш гардиданд. Сипас омӯзгорон ва донишҷӯён оиди нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, андешаву мулоҳизаҳои худро пешкаш намуданд. Хониши сиёсӣ дар рӯҳияи баланди ватандориву ватандӯстӣ ва муҳаббату самимият нисбат ба Пешвои маҳбуби миллат ва Ватани соҳибистиқлоламон гузаронида шуд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.