Хабарҳо СОАТИ ТАРБИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ “ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ДУРАХШОНИ МО ҶАВОНОН ” ДАР БИНОИ ТАЪЛИМИИ 3-ЮМИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin Охирин навсозӣ Feb 19, 2024 0 Санаи 15 феврал соли ҷорӣ тибқи дастуру супоришҳои директори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ва нақшаи тасдиқгардидаи шуъбаи ташкилӣ – тарбиявӣ ва кор бо ҷавонон дар кафедраи «Фармакология ва забони лотинӣ» аз ҷониби омӯзгор Буриев Ф. дар байни донишҷӯёни гурӯҳҳои 301-302- «Кори фарматсевтӣ» – и рӯзона соати тарбиявӣ дар мавзӯи “ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ДУРАХШОНИ МО ҶАВОНОН ” гузаронида шуд. Дар оғози дарс омӯзгор моҳияти паёмро ба донишҷӯён фаҳмонида аз он ҷумла қайд намуд, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки 28-уми декабри соли 2023 дар хеле сатҳи баланд ироа гардид, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди соли гузашта ва қиёси хеле дақиқи дастовардҳои солона бо солҳои қаблӣ, дар доираи нишондодҳои оморӣ ҳамаҷониба ва ба таври мушаххас таҳлилу баррасӣ гардиданд. Далелу рақамҳои дар Паёми навбатӣ ироагардида, баёнгари он буданд, ки дар давоми соли гузашта, назар ба солҳои пешин, дар асоси нақшаҳои боэътимоди Ҳукумати Ҷумҳурӣ, дар ҳама самту соҳаҳои ҳаёти мардуми кишвар дигаргуниҳои назаррас ба амал омада, пешрафту рушди бонизоми самтҳои ҳаётии рӯзгори мардум ба сатҳу сифати ҳаёти ҳар кадом хонадони мамлакат таъсири назаррас гузошт. Дар баробари ҳама самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилӣ, дар доираи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ба пешрафти соҳаи тандурустӣ, ки яке аз самтҳои асосӣ ва калидии низоми рӯзгори ҳар як сокини кишвар маҳсуб меёбад, таваҷҷӯҳи хосаи Пешвои муаззами миллат, бо таъкиду дастурҳои асоснок, зоҳир гардид. Дар асоси таҳлили корбурду дастовардҳои соҳаи тандурустӣ, Сарвари давлат аз ҷумла таъкид намуданд, ки соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ самти афзалиятноки сиёсати давлати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмин намудани солимии аҳолӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ҳамаи чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд. Дар соати тарбиявӣ декани Факултети “Кори фарматсевтӣ” Набизода Қурбон Валӣ суханронӣ карда иброз карданд, ки ҳар як ҷавони тоҷик бояд саҳми бевоситаи худро дар гулгулшукуфоии миллатамон гузорад. Пеш 1 то 2 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан