Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

“ШАРҲУ ТАВЗЕҲ ВА ОМӮЗИШИ НУҚТАҲОИ АСОСИИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АЗ САНАИ 28.12.2023с.”

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумуҳриявӣ”  н.и.т., Ашуриён Ш.С., ки санаи 06.02.2024с. дар маҷлиси назоратияшон таъкид намуда буданд, санаи 21 – уми феврали соли 2024 дар кафедраи “Фанҳои тиббӣ – биологӣ” бо мақсади шарҳу тавзеҳ ва омӯзиши нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ аз санаи 28.12.2023с. ҳамоиши сиёсӣ таҳти унвони “ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – РОҲНАМОИ ҲАЁТИ МО” баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш сардори шуъбаи идоракунии сифати таҳсилоти муассиса Давлатов А.Т., декани факултети “Кори табобатӣ” Сафаров Х.С., мудири кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ” н.и.ф., Назарова М.С., мудири кафедраи “Фанҳои тиббӣ – биологӣ” Раҳмонова М.Ш. ва устодону донишҷӯёни курси 1 – уми факултетҳои “Кори табобатӣ” ва “Кори ҳамширагӣ (Синфи 9)” иштироки фаъолона намуданд.

Дар аввал ба хотири арҷ гузоштан ба Муқаддасоти миллӣ Суруди миллии кишвар садо дода шуд. Сипас сардори шуъбаи идоракунии сифати таҳсилоти муассиса Давлатов А.Т. маърӯзи худро ироа намуданд. Ҳангоми баромадашон устод иброз доштанд, ки Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 28 декабри соли 2023 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардид, дар навбати аввал муҳимтарин самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро ба таври дақиқу рўшан муқаррар намуд. Ба таъбири Пешвои муаззами миллат, ин Паём дар замоне пешниҳод карда шуд, ки новобаста аз вазъи мураккаби ҷаҳони муосир соли 2023 бароиТоҷикистони азизи мо як соли бурбориву муваффақиятҳо буд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози Паёми солонаи худ қайд намуданд, ки “Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид.

Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд.”

 Дар кори ҳамоиш декани факултети “Кори табобатӣ” Сафаров Х.С., мудири кафедраи “Фанҳои тиббӣ – биологӣ” Раҳмонова М.Ш. ва омӯзгори кафедраи “Фанҳои тиббӣ – биологӣ” Муродов К.С. тибқи нақшаи тасдиқгардида маърӯзаҳои худро ироа намуданд. Ҳангоми баромадашон устодон пеш аз ҳама ба сатҳу сифати таълими донишҷӯён таваҷҷӯҳ намуда, иброз доштанд, ки ҳар як нуқтаи Паёми Пешвои миллат барои мо – сокинони шарафманди кишвар бояд роҳнамои кору пайкор бошад. Дар ин зимн донишҷӯёни муассисаро месазад, ки аз ҳама имкониятҳое, ки Ҳукумати кишвар ва маъмурияти МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” баҳри омӯхтани илму дониш муҳаё сохтаанд, самаранок истифода баранд. Чунки иштироки фаъолона дар машғӯлиятҳо ва чарабиниҳои тарбиявӣ боис мешавад то сатҳу сифати таълим баланд гардад.

 Дар умум метавон таъкид кард, ки Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари муайянсозии фаъолияти минбаъдаи ҳамаи соҳаҳо, дурнамои кишвари моро ба даҳсолаҳои дигар мушаххас сохт ва мо боварии комил дорем, ки татбиқи амалии ҳар яке аз ҳадафҳои судманд, ки аз ҳар яки мо шаҳрвандони кишвар садоқатёрӣ ва ихлосмандии хоса, ватандўстиро тақозо мекунад, кафили ҳамешагии зиндагонии шоистаи мардуми шарафманди тоҷик, фардои боз ҳам дурахшон ва саодати доимии халқи кишвар ва тамоми тоҷикистониён хоҳад буд.

Тибқи нақша шарҳу тавзеҳ ва омӯзиши нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ аз санаи 28.12.2023с. барои донишҷӯёни дигар факултетҳо низ мунтазам ташкил ва баргузор карда мешавад.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.