Хабарҳо ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ″РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ″ ТАҲТИ УНВОНИ ″АРТИШИ МИЛЛӢ – СИПАРИ ВАТАН″ АЗ ҶОНИБИ КАФЕДРАИ “ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТИ, ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ НУРӢ” КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ Бо admin Охирин навсозӣ Feb 21, 2024 0 Санаи 21 – феврал 2024 сол тибқи дастуру супоришҳои роҳбари Муассиса, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода дар кафедраи “Технологияи иттилооти, ташхис ва табобати нурӣ” аз тарафи омӯзгорони кафедра Шарипова Ф.И., Зарипов Н.М., бо донишҷӯёни факултети “Истифодабарии техника ва таҷҳизоти тиббӣ” бахшида ба ″Рӯзи Артиши Миллӣ″, ҳамоиши тантанавӣ таҳти унвони ″Артиши миллӣ – сипари Ватан″ баргузор гардид. Лозим ба ёдоварист, ки 23-феврал рӯзи таъсисёбии Артиши милли Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз аввалин давлатҳое буд, ки Артиши миллии худро таъсис дода, оромию осудагӣ ва амнияти кишварро фароҳам овард. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтааст. Ин амал бо ташаббуси Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Бинобар ин мо бояд шукронаи Истиқлолият ва шукронаи ин хонаи обод намоему дар обод гаштани Ватани азизамон саҳми хешро гузорем. Дар ин ҳамоиш сардори шӯъбаи идоракунии сифати таҳсилот Давлатов А.Т., деканони факултет Олимова Ш.Э., Сафаров Х., мудири кафедраи “Тибби ҳолатҳои фавқулода, мудофиаи шаҳрвандӣ ва омодагии ибтидоӣ ҳарбӣ” Ҳасанзода А.Ҳ., омӯзгорон ва донишҷӯён иштироки фаъолона намуданд. Пеш 1 то 9 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан