МАОРИФ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ Хабарҳо Бо admin Охирин навсозӣ Feb 28, 2024 0 Паём ҳамчун воситаи муҳими иникосгари роҳи рушд ва дурнамои давлатдори ҳамасола аз ҷониби Сарвари давлат ба Мақоми Олии қонунгузори кишвар иро мегардар, дар паём тамоми самтҳои фаъолияти мамлакат мавриди таҳлил қарор гирифта, ҳамазамон барои соли оянда қарору пешниҳодҳои дахлдор қабул карда мешавад ва он чун дастури барномави ва роҳкушои оянда ба шумор меравад. Дар Паёми навбати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба масъалаи рушди соҳаи илму маориф таваҷчуҳи ҳаматарафа зоҳир карда шудааст. Дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Сиёсати маорифпарваронаи сарвари давлат дар пешрафти кишвари азизамон аввалиндараҷа арзёби мегардад. Сарвари давлат дар суханронии худ, ба мақсади рушди минбаъдаи соҳаи маориф, дар назди Ҳукумати мамлакат вазифа гузоштанд, ки дар зарфи панҷ соли минбаъда, дар ҷумҳурӣ бояд беш аз 1000 иншооти соҳаи маориф дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот сохта, ба истифода супорида шавад. Сарвари кишвар зимни суханронӣ ба мақсади мусоидат намудан ба рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, инчунин, ҳавасмандгардонии моддию молиявии омӯзгорон пешниҳод карданд, ки аз 1-уми июли соли 2024 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф ва як қатор соҳаҳои дигари буҷавӣ 40 фоиз зиёд карда шавад. Ҳукумати мамлакат вазифадор карда шуд, ки то соли 2026 шаҳрвандони аз 18-сола болоро, ки касбу ҳунар надоранд, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб карда, ҷиҳати саросар соҳибкасб гардидани аҳолӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намояд. Тибқи дастури Сарвари кишвар, дар панҷ соли оянда як миллион нафар шаҳрвандони кишвар бояд соҳибкасб гардонида шаванд. Ҳамчунин, сарвари кишвар таъкид намуданд, ки дар муассисаҳои тахсилоти касбӣ ҷавонон ва занону бонувон ихтисосу ҳунарҳое, ки барои бозори меҳнат заруранд, таълим дода шаванд. Сарвари кишвар зимни суханронӣ борҳо ба масъалаи рушди соҳаи маориф назар намуда, бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат арзёбӣ карданд. Ба андешаи Сарвари кишвар, ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад. Аз ин рӯ, соҳаи маориф ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи Ҳукумати Тоҷикистон қарор гирифта, барои танзими муттасилони раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ, боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани ҳадди ақал ду забони хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ бояд таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад. Сарвари кишвар ба Вазорати маориф ва илм супориш доданд, ки барои омода кардани омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бо забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳҳои равияи омӯзгорӣ кушодани шуъбаҳои алоҳидаро пешбинӣ намояд. Вазорати маориф ва илм, ҳамчунин, вазифадор карда шуд, ки вобаста ба талаботи рӯз ва рушди технологияҳои иттилоотии муосир лоиҳаи консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамиро таҳия карда, ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд. Сарвари кишвар барои тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халқамон, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз баргузории озмунҳои «Илм–фурӯғи маърифат», Тоҷикистон–Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва олимпиадаву озмунҳои гуногунро зарур ва муфид донистанд. Ҳамзамон, сарвари кишвар таъкид карданд, ки ҳазорсолаи сеюм, яъне замоне, ки мо зиндагӣ дорем, асри пешрафти бесобиқаи илму технологияҳост, асре, ки тамоми ҷанбаҳои ҳаёт тавассути саводу дониш ва илму технологияҳо идора карда мешаванд. Бо таъкиду бовари ва такия бар мо чавонон барои ҳамқадами замона будан ва рушди давлату ҷомеаро таъмин кардан омӯзиши илму дониш, хусусан, илмҳои табиӣ, риёзӣ дақиқ ва аз худ кардани касбу ҳунар роҳи ягона ва дуруст мебошад. Асарҳои пурғановати Пешвои миллат «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Тоҷикистон дар остонаи фардо», «Ҷавонон- ояндаи миллат», «Аз Ориён то Сомониён», «Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад», «Истиқлолият-неъмати бебаҳо», «Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо», «Чеҳраҳои мондагор» мебошанд, ки ба зеҳну шуури ҷавонон, бешак таъсири мусбат мерасонанд. Дар замоне, ки илму техника бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, бе дониши замонавӣ, бе касбу ҳунарҳои муосир ва бе донистани забонҳои хориҷӣ зиндагӣ кардан бисёр душвор мегардад. Баръакс касе, ки илму дониш ва касбу ҳунар дорад, дар зиндагӣ ҳаргиз хору ба касе муҳтоҷ намешавад ва умри бобаракат мебинад. Умуман, тавре аз мазмуни Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳувайдост, сарвари кишвар як қисми суханронии худро ба шарҳу таҳлили вазъи маориф дар Тоҷикистон дар зарфи 32-соли соҳибистиқлолӣ, дастовардҳо ва дурнамои рушди соҳаи мазкур бахшидаанд. Пешвои миллат бунёди милати мутамадинро аз маориф дониста, ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷой доштаро сармоягузори ба хотри рушди неъруи инсонӣ эълон намуд. Бинобар ин, Президенти кишвар муҳтарам Эмомали Раҳмон дар паёми хеш таъкид намуд, ки рушди илму маъориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлатва фардои босаодати ҷомеъа ба ҳисоб меравад. Дар ҳақиқат, пешрафти мамлакат ва ояндаи ободи кишвар аз сатҳи дониш ва маърифатнокии миллат вобастаги калон дорад. Вазифаҳо ва дастуру супоришҳое, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади рушди соҳаи маориф дар панҷ соли минбаъда яъне солҳои 2024-2029 дар назди Ҳукумати Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм ва вазорату идораҳои дигари дахлдор гузоштанд, пешниҳодҳои сарвари кишвар дорои аҳамияти стратегӣ буда, воридшавии Тоҷикистон ба сафи кишварҳои мутараққии ҷаҳонро кафолат медиҳанд, аз ин рӯ ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсти Тоҷикистон бояд дар амалӣ сохтани онҳо саҳм гузорад. Бо дили мо ҳамнаво бошад, Паёми Пешво, Манбаи нуру сафо бошад Паёми Пешво. Ҳар каломаш ҳаст омӯзандаи пиру ҷавон, Роҳкушову роҳнамо бошад, Паёми Пешво. Бобобеков С.С. – асистенти кафедраи “Асабшиносӣ, ёрии паллиативӣ ва асосҳои равоншиносӣ”-и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” 0 Мубодила кардан