Дар заминаи динӣ, “модар” аксар вақт ҳамчун рамзи ғамхорӣ ва муҳофизат қабул карда мешавад. Ҳамин тариқ, “модар” на танҳо як воқеияти биологӣ, балки як сохтори иҷтимоӣ-фарҳангист, ки муҳимтарин ҷанбаҳои ҳаёти инсон, аз ҷумла муҳаббат, ғамхорӣ, фидокорӣ ва пайванди наслҳоро таҷассум мекунад.
Муҳаббати модар аксар вақт бо садоқати беандоза ва омодагӣ ба қурбониҳо барои некӯаҳволӣ ва хушбахтии фарзанд алоқаманд аст. Фидокориҳои моддӣ ва ғамхории модар дар ташаккули ин алоқаи хос ва пайваста нақши муҳим доранд.
Фидокориҳои моддӣ яъне чи? Бисёре аз модарон омодаанд қисми зиёди вақт, нерӯ ва захираҳои худро барои таъмини фарзандони худ бо ҳама чизҳои зарурӣ сарф намоянд. Даст кашидан аз хоҳишҳои шахсӣ ба манфиати ниёзҳои кӯдак ифодаи муҳаббат ва фидокории амиқ аст. Ин қурбониҳои моддӣ дар кӯдак эҳсоси ғамхорӣ ва дастгирии бебаҳо эҷод мекунанд.
Ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи беғаразона: Ғамхории модар на танҳо дар ҷанбаҳои моддӣ, балки дар дастгирии маънавӣ низ зоҳир мешавад. Таваҷҷуҳи беғаразонаи модар, гармӣ ва ҳузури модар эҳсоси амният ва муҳаббатро нисбат ба фарзанд эҷод мекунад. Қобилияти модар дар лаҳзаҳои душвор дар он ҷо будан ва гӯш кардан, бешубҳа, робитаи байни ӯ ва фарзандро мустаҳкам мекунад.
Фидокориҳои моддӣ ва ғамхорӣ барои кӯдакон низ намунаанд. Вақте ки кӯдак мебинад, ки модараш барои мубодила ва дастгирӣ омода аст, ӯ қадр кардан ва ғамхорӣ кардани дигаронро ёд мегирад. Ин таҷриба самтҳои арзишро ташаккул медиҳад ва ба қобилияти сохтани муносибатҳои мувофиқ дар оянда таъсир мерасонад.
Як ҷанбаи дигари муҳимми меҳри модар, бе шартии он аст. Яъне модарон омодаанд фарзандони худро сарфи назар аз муваффақият, хатогиҳо ва камбудиҳояшон дастгирӣ намуда, дӯст доранд. Ин ба кӯдак боварӣ мебахшад, ки новобаста аз вазъият ӯро қадр мекунанд ва дӯст медоранд.
Модар дар ҳаёти мо нақши калидӣ мебозад ва ба мо дарсу арзишҳоеро меомӯзад, ки ба чӣ гунагии дарк намудани ҷаҳони атроф ва рафтори мо таъсири амиқ доранд. Ғамхорӣ ва қурбониҳои ӯ як муҳаббати хоса ва бечунучаро эҷод намуда, ҷаҳонбинии моро ба бисёр ҷанбаҳои ҳаёт тағир медиҳад.
Модарон барои мо намунаи меҳнатдӯстӣ ва фидокорӣ мебошанд. Саъю кӯшиш ва омодагии онҳо барои фидо кардани вақту қувваи худ барои мо манбаи илҳом аст. Ин мисол метавонад моро ба кӯшиш ва рушди худ ташвиқ кунад. Ғайр аз ин модар ба мо таълим медиҳад, ки робитаҳои оилавӣ то чӣ андоза муҳиманд. Ғамхории ӯ барои ташаккули пайвандҳои мустаҳками оилавӣ замина фароҳам меорад ва мо арзиши дастгирӣ ва муҳаббатро дар дохили оила меомӯзем. Фаромуш набояд сохт, ки арзишҳои ахлоқиро дар вуҷуди ҳар яки мо модар тарбия намудааст ва мо рост ва ботилро аз ҳам фарқ намуда, нисбат ба дигарон ростқавлу ҳамдардӣ зоҳир менамоем.
Модарон аксар вақт омодаанд роҳат, вақт ва захираҳои худро барои беҳбудии мо қурбон кунанд. Ин садоқати беандоза ба мо арзиши фидокорӣ ва муҳим будани мубодила бо дигаронро таълим медиҳад. Ғамхории модар аксар вақт таҳаммул ва муҳаббат ба ҳамсояро дар бар мегирад. Он ба мо таълим медиҳад, ки нисбати дигарон эҳтиромона, сабр ва бо меҳрубонӣ муносибат намоем.
Ин ҳама арзишҳое, ки дар вуҷудамон модар тарбия кардааст, ба қабули қарорҳо ва амалҳои мо дар тӯли ҳаёт таъсири амиқ доранд. Онҳо хислати моро ташаккул медиҳанд, афзалиятҳоро муайян мекунанд ва ба муносибатҳои мо бо одамони дигар таъсир мерасонанд. Ба шарофати ин дарсҳо, мо муносибатҳоро бар асоси муҳаббат, ғамхорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ бунёд менамоем.
Тарбияи модар дар хислат, арзиш ва рафтори мо осори амиқ мегузорад. Дар вуҷуди ҳар як фард модар муҳаббати махсус ва бечунучаро эҷод менамоянд. Модарон одатан дар вазъиятҳои мукаммал устуворӣ ва қатъӣ нишон медиҳанд. Қобилияти онҳо дар бартараф кардани мушкилотҳо ва қабули қарорҳои душвор барои фарзандон намунаи қувват ва матонат мегардад.
Дар асл хонандаи муҳтарам, биёед боре андеша намоем, барои чӣ мо ҳамагӣ интизори зуд баргаштан ба манзили зисти худро дорем. Чи аз коргоҳ бошад ва ё чи аз сафар. Албатта, дар ин ҷой низ саҳми зан-модар бузург аст. Зеро ин модар аст, ки барои мо бароҳатӣ ва гармии хонаро таъмин менамояд.
Модарон медонанд, ки чӣ гуна дар хона фазои гарму роҳат фароҳам оваранд. Онҳо метавонанд бо истифода аз маҳорати баланди худ, аз чаҳор девори хушку сард фазоеро эҷод созанд, ки гӯшаи бароҳату гарм ва равшану ором гардад. Таваҷҷӯҳ ба ҷузъиётҳои хурд, хоси зан мебошад ва эътироф бояд сохт, ки ин хусусият бештар омили роҳатгардонандаи фазои зист мебошад. Таваҷҷуҳ ба зардевораҳо, қандилҳо, рангу бори хона ва дигар ҷузъиётҳо фазои зисти моро боз ҳам қуллаю роҳаттар мегардонад. Ғайр аз ин модарон ба тозагӣ ва тартиботи хона аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Ин на танҳо лаззати визуалӣ эҷод мекунад, балки барои ҳифзи саломатии аъзоёни оила шароит фароҳам меоварад. Ба туфайли таваҷҷуҳ ба ҷузъиётҳо ва фазои гарме, ки онҳо эҷод мекунанд, модарон хонаро ба ҷое мубаддал мегардонанд, ки дар он ҳар як аъзои оила худро дӯстдоштанӣ ва таҳти ҳифзи волидон ҳис мекунанд.
Модарон аксар вақт намунаи ибрат ва сарчашмаи илҳом барои фарзандони худ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт мешаванд. Бояд қайд кард, ки пайвастани кори касбӣ ва иҷрои нақши модарӣ барои занҳо нисбат ба мардҳо чандон мушкиле нест. Зан метавонад дар коргаҳ ҳамчун як корманди муваффақ ва пешқадам бошад ва ҳамзамон дар хона тамоми уҳдадориҳои ба дӯш доштаашро хуб иҷро намояд. Ғайр аз ин агар модар таҳсилро ба дараҷаи зарурӣ қадр намуда, пайваста барои рушди худ талош кунад, ин метавонад барои фарзандонаш як ангезаи қавӣ шавад.
Муҳаббати модар дар эҷоди анъана ва хотираҳое, ки аз насл ба насл мегузаранд, нақши асосиро мебозад. Ин алоқаи махсуси байни модар ва кӯдак лаҳзаҳои тасвирнашавандаро ба вуҷуд оварда, ба таърихи оила табдил меёбад. Модарон анъанаҳои оилавиро эҷод мекунанд, ки метавонанд идҳо ва расму оинҳои гуногунро дар бар гиранд. Онҳо метавонанд бо тайёр кардани хӯрокҳои махсус, ороиши хона дар як давраи муайян ё баргузории чорабиниҳои муайян алоқаманд бошанд. Ин анъанаҳо як ҷузъи фарҳанги оилавӣ гардида, аз насл ба насл мегузаранд. Ба ин тартиб, меҳри модар лаҳзаҳои ҷовидона, анъанаҳо ва хотиротҳоеро ба вуҷуд меоварад, ки на танҳо зиндагии моро ғанӣ мегардонанд, балки моро бо наслҳои гузашта дар як идомаи гарму пурмуҳаббати таърихи оила мепайвандад.
Метавон оид ба некиҳои модарони гиромиқадр ва дӯстдоштанӣ соатҳо сухан гуфт, аммо бойд донист, ки зиндагӣ аз зан барои модар шудан чӣ фидокориҳоро талаб менамояд. Модар будан як раванди беназир ва мураккабест, ки ҳаёти занро аз бисёр ҷиҳат тағйир медиҳад. Ин таҷрибаро ҳам мушкилот ва ҳам шодӣ ҳамроҳӣ менамояд, ки ба некӯаҳволии ҷисмонӣ, эҳсосотӣ ва иҷтимоии зан таъсири назаррас мерасонад.
Ҷанбаи ҷисмонии модар будан, ҳомиладорӣ, таваллуд ва барқарорсозии баъди таваллудро дар бар мегирад. Ин равандҳо метавонанд ба тағйироти ҷисмонӣ дар бадани зан оварда расонанд ва инчунин боиси мушкилоти саломатӣ шаванд.
Дар баробари ин нигоҳубини кӯдак вақт ва таваҷҷӯҳи зиёдро талаб мекунад, ки метавонад дар вақти холии зан маҳдудият эҷод кунад. Хоб, истироҳат ва фаъолиятҳои иҷтимоӣ аксар вақт тағир меёбанд.
Аз мушкилотҳои эҳсосотӣ, на танҳо шодӣ, балки изтироб, ҳаяҷон ва баъзан ҳатто рӯҳафтодагии баъди таваллуд низ ба китфи модарон бор меояд. Тағйир додани афзалиятҳо ва масъулиятҳои нав метавонад ба ҳолати эҳсосотии модарон таъсир расонад.
Мутобиқшавии иҷтимоӣ. Модарон аксар вақт бо тағйирот дар соҳаи иҷтимоӣ рӯбарӯ мешаванд. Муносибат бо дӯстон ва иштирок дар чорабиниҳои иҷтимоӣ метавонад аз боиси таваллуди фарзанд қатъ гардад.