Хабарҳо МАЪРАКАИ ИТТИЛООТӢ БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАРОН ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin Охирин навсозӣ Mar 6, 2024 0 Пеш 1 то 26 саҳифа Баъдӣ Имрӯз дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” бо ибтикори роҳбари муассиса, номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ҷиҳати бархурдор намудани ҷавонон оид ба нақши зан-модар дар рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ, маъракаи иттилоотӣ баргузор гашт. Чорабинӣ аз ҷониби кафедраи Акушерӣ ва бемориҳои занонаи Муассиса дар ҳамбастагӣ бо созмонҳои бонуфуз ба мисли Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Хазинаи нуфуси Созмони миллали муттаҳид гузаронида шуд. Дар чорабинӣ садои эҳтирому сипос ба модароне, ки умри худро барои тарбияи насли наврас фидо кардаанд, баланд садо медод. Дар чорабинӣ меҳмонон Ҷудит Спрункен – мутахассиси техникӣ оид ба масъалаҳои иртибот ва рушди ҳамкориҳои Дафтари кишварии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон ва Нилуфар Баҳромзода – мутахассис оид ба масъалаҳои гендерии Хазинаи нуфуси Созмони миллали муттаҳид дар Тоҷикистон ширкат варзиданд. Ҷаласаро, ки дар толори барҳавои Коллеҷ баргузор гардид, муовини директор оид ба корҳои таълимӣ н.и.т. Одилзода И.Ё. ифтитоҳ карда, ҳамаи ҳозиринро самимона истиқбол намуданд. Суханони ӯ дар бораи арзиш ва нақши зан дар рушди ҷомеа ҳамчун даъвате садо медоданд, ки дар бораи саҳми ҳар як намояндаи ҷинси латиф дар рушди илму амалияи тиб андеша ронем. Зимни суханронӣ қайд гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии занон корҳое зиёде ба сомон расонида шудаанд, аз ҷумла қайд гардид ки тибқи маълумоти оморӣ соли 1989-ум ҳамагӣ 66 ҳазор нафар занону бонувон соҳиби маълумоти олӣ буданд. Дар замони соҳибистиқлолӣ бошад, беш аз 256 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд. Инчунин иқтибос аз Паёми Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ оварда шуд: “Мову шумо нафақат дар як Рӯзи модар, яъне 8-уми март, балки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону хоҳарону духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем”. Сипас сухан ба мутахассис оид ба масъалаҳои гендерии Хазинаи нуфуси Созмони миллали муттаҳид дар Тоҷикистон, хонум Нилуфар Баҳромзода дода шуд, ки бо маърузаи худ оид ба мавзуи “Баробарии гендерӣ” баромад намуданд. Қуллаи эҳсосотии чорабинӣ бо суханронии хонум Ҷудит Спрункен, коршиноси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон расид. Вай мавзӯи баробарии гендериро таъкид намуда, зарурати иштироки мутавозини мардону занонро дар тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳим таъкид карданд. Маърӯзаи ӯ барои табибони оянда намунаи дурахшоне буд, ки ба талоши баробарӣ ва эҳтироми ҳамдигар дар муҳити касбӣ илҳом бахшид. Пас аз гузориши хонум Спрункен викторина баргузор гардид, ки дар он донишҷӯён ба ду гурӯҳ тақсим шуда, фаъолона иштирок намуданд. Масъалаҳои марбут ба баробарии гендерӣ ва нақши занон дар ҷамъият боиси баҳсу мунозираҳои шадид ва зуҳури қобилиятҳои зеҳнии донишҷӯён гардид. Омӯзгорон аз кафедраи Акушерӣ ва бемориҳои занонаи МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ба иштирокчиён саволҳо дода, ба посухҳои донишҷӯён аъзои ҳакамон баҳогузорӣ менамуданд. Ҷамъбасти натиҷаҳои викторина бо мукофотонидани ғолибон сурат гирифт. Ҷоизаҳо, ки бо шодии идона тақдим карда шуданд, саҳми донишҷӯдухтарон дар пешбурди баробарии гендерӣ ва рушди соҳаи тибро эътироф карданд. Дар натиҷаи ин рӯйдоди наҷиб, ки дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” баргузор шуд, эҳсоси ифтихор аз ҷомеаи тиббии мо ва итминон пайдо шуд, ки ояндаи фаъолияти ҷавонон дар асоси принсипҳои адолат, баробарӣ ва эҳтиром ба меҳнати ҳар як шахс, сарфи назар аз ҷинс сурат хоҳад гирифт. 0 Мубодила кардан