Хабарҳо ҲАМОИШИ ИДОНА ТАҲТИ УНВОНИ “МОДАР ФАРИШТА БУД…” БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin Охирин навсозӣ Mar 7, 2024 0 Пеш 1 то 34 саҳифа Баъдӣ Санаи 7 марти соли 2024 ба ифтихори бузургдошти “Рӯзи модар” дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” таҳти унвони “Модар фаришта буд….” чорабинии тантанавии фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиши бошукӯҳи ҷашнӣ роҳбарият ва ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд. Дар оғози чорабинӣ роҳбари муассиса н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода кулли модарону бонувонро ба ин санаи фархунда шодбош гуфта, изҳор намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Зан – Модар сарчашмаву офарандаи ҳаёт, рамзи покиву зебоӣ, махзани меҳру вафо, таҷассумгари муҳаббату самимият ва тарбиятгари фарзандон таваҷҷуҳи хосса ва ғамхориҳои пайваста зоҳир намуда, мақому маанзалати занону бонувонро дар ҷомеа баланд бардоштаанд. Таъкид гардид, ки ҳамасола Рӯзи Модар дар рӯзҳои нахустини бедоршавии табиат, бо накҳату нафосати баҳорӣ ва дар арафаи Наврӯзи байналмилалӣ таҷлил мегардад, ки ин аз бузургии Зан- Модар, нақш ва қадру манзалати ӯ дар ҳаёти инсоният гувоҳӣ медиҳад. Дар ҳамоиши идона инчунин Юнусова Рухшона Сироҷовна – мудири шӯъбаи занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намудад. Дар воқеъ Модар мавҷуди муқаддастарин ва азизатарину бебаҳотарин барои инсон ва сазовору арзандаи ҳама гуна ситоиш, дӯстдорӣ ва ғамхорӣ мебошад. Қобил ба зикр аст, ки аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар мамлакат Зан – Модари тоҷик ба ҷову мақом ва мартабаҳои баланди сиёсӣ сазовор гашта, дар баробари мардон барои эъмори ҷомеаи навин ва рушди минбаъдаи он фаъолияти назаррасу босамаре доранд. Таъкид гардид, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол “Рӯзи Модар” ба хотири арҷгузорӣ ва бузургдошту ситоиши Модар барои идома додани анъанаҳои бостонии халқи тоҷик бо асолат ва муҳтавои азалияш таҷлил мегардад, Зеро Зан-Модари тоҷик ҳанӯз аз даврони зуҳур ва ташаккули тамаддуни куҳани миллӣ барои аҷдоди фарҳангии мо ҳамчун унсури ҳаётбахш дорои арзишу мақоми баланд буд. Иштирокдорон зикр карданд, ки пояи асосии шукуфоӣ, бақову амният, пойдорӣ ва оромии ҳаёти одамӣ ба Зан – Модар вобаста мебошад. Маҳз Зан-Модар аст, ки насли наврасу ҷавони миллатро дар рӯҳияи баланди худшиносию худогоҳӣ, ифтихору номуси миллӣ, эҳтиром гузоштани ба фарҳанги безаволи аҷдодӣ, гиромӣ доштани арзишҳои муқаддаси инсонӣ ва хидмати содиқонаю софдилона ба Ватан-Модарро мепарварад. Оғози офариниш, ибтидову интиҳои олам дар раҳми модару замин аст ва Модар суруди ҷовидонаеро мемонад, ки дар сӯзу наво ва аллаҳои ӯ ангезаи пурҳикмати ҳаёти инсоният нуҳуфтааст. Гуфта шуд, имрӯзҳо дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ беш аз 200 нафар занону бонувон бо фаъолияти самарабахши худ дар тарбия ва соҳибкасб намудани донишҷӯён саҳми арзишманд мегузоранд. Аз ин шумора 4 нафар деканони фатултетҳо, 12 нафар мудирони кафедраҳо ва 3 нафар мудирони шуъбаҳо мебошанд. Роҳбарияти муассиса заҳмати содиқона ва фаъолияти садоқатмандони занону бонувонро қадр намуда, дар фазои тантанавӣ ба чанде аз фаъолон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд. Ҳамин тариқ, дар чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ ба муносибати Рӯзи Модар дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ аз ҷониби гурӯҳи омӯзгорону донишҷӯёни ҳаваскор шеръру тарона ва сурудҳои ҷолибу дилнишин дар васфи Зан – Модар баҳри хушҳолию фароғати ҳозирин пешниҳод гардид. 0 Мубодила кардан