Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ″РӮЗИ МОДАР″ ТАҲТИ УНВОНИ ″МОДАР ҲАМЕША ЗИНДА БОШӢ″

Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем, чун ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андӯҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост.

ЭМOМAЛӢ PAҲМOН

Санаи  06– уми марти соли 2024 дар кафедраи “Технологияи иттилоотӣ, ташхис ва табобати нурӣ” аз тарафи омӯзгорони кафедра  Назарова Ф.Ҳ., Муродов Ф.Қ., бо донишҷӯёни факултети  “Истифодабарии техника ва таҷҳизоти тиббӣ” бахшида ба ″Рӯзи Модар″, яъне 8- март ҳамоиши тантанавӣ таҳти унвони ″Модар ҳамеша зинда бошӣ″ баргузор гардид. Бинобар ин  тибқи  дастуру  супоришҳои  роҳбари Муассиса, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ва нақша- чорабиниҳои корҳои тарбиявӣ дар кафедра баргузор гардида истодааст. Дар ин ҳамоиш декани факултети “Истифодабарии техника ва таҷҳизоти тиббӣ” Олимова Ш.Э., сармутахассиси шӯъбаи идоракунии сифати таҳсилот Мазабова Н.Н., мутахассиси шӯъбаи мазкур Ғайбуллоева З.Н., сармутахассиси шӯъбаи таълим Абдураҳимова С.М., сармутахассиси шӯъбаи илмӣ- методӣ Ҷумаева Ҷ.Ҳ., омӯзгорон  ва донишҷӯён иштироки фаъолона намуданд. Дар фарҷоми ҳамоиш ба меҳмонон ва омӯзгорони кафедра тӯҳфаҳои хотиравӣ  супорида шуданд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.