Хабарҳо САД ҶОНУ ДИЛ ФИДОИ ЯК МУДДАОИ МОДАР Бо admin Охирин навсозӣ Mar 7, 2024 0 Пеш 1 то 10 саҳифа Баъдӣ Дар ин рӯзи фархунда, ки мо дар арафаи таҷлили Рӯзи модарон қарор дорем, дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” шоҳиди як иқдоми самимӣ ва ғамхории роҳбарияти он гардидем. Роҳбари муассисаи таълимӣ номзади илмҳои тиб, Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода зимни табрикоти хеш на танҳо аз ҷашни фархунда ёдовар шуданд, балки кӯшиш ба харҷ доданд, то моҳияти ҳамаи он касонеро, ки дар коллеҷ кору фаъолият менамоянд, сарфи назар аз соҳаи фаъолияташон таъкид намоянд. Ин дафъа ба коргарони қисми хоҷагидорӣ, аз ҷумла фаррошҳо, он қаҳрамонони ноаёне, ки дар девори муассисаи таълимӣ тартибот ва покизагиро таъмин менамоянд, диққати махсус дода шуд. Кори бузурге, ки онҳо ҳар рӯз ба ҷо меоваранд, боиси миннатдорӣ ва эътироф мегардад. Дар иқдоми гарму ҷушон ва пуртаъсир, ки тахти роҳбарии директор мегузашт, кормандони хоҷагидориро барои меҳнату садоқат табрику муборакбод намуданд. Вале шодӣ танҳо бо сухан маҳдуд нашуд. Роҳбари муассиса ба ҳар як кормандо ҳамчун нишони миннатдорӣ ба меҳнат ва саҳми онҳо дар беҳбудии умумии фазои Коллеҷ гул ва туҳфаҳои пулӣ супурд. Ин иқдоми некхоҳӣ дар арафаи Рӯзи модарон як намунаи олии он аст, ки чӣ гуна муҳити кории муассисаро тавассути таваҷҷӯҳ ба ҳама аъзоёни он боз ҳам дӯстона ва тифоқ кардан мумкин аст. 0 Мубодила кардан