Хабарҳо МОДАР – САРОҒОЗИ ҲАСТИИ БАШАР Бо admin On Mar 7, 2024 0 Замину осмони ман туӣ модар, туӣ модар. Чаҳони бекарони ман туӣ модар, туӣ модар. Дар ин дунё, ки бераҳмиву бемеҳрист бунёдаш, Ягона меҳрубони ман туӣ модар, туӣ модар. Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегардад. Зан – модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқу ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад. Зеро тору пуди модарон аз риштаи меҳру садоқат бофта шудааст. Тавъам омадани ду ҷашн – Рӯзи Модар ва оғози баҳори нозанин дар кишвари биҳиштосои мо худ рамзи баҳори шукуфони сарзамини аҷдодиамон мебошад. Зеро зан – модар худ гул ва баҳории зиндагии бештар аст. Калимаи “модар”, ки аз панҷ ҳарф иборат аст, ба назари ман, ифодагари панҷ унсури таҷассумгари шахсияти беҳамтои ӯ – Меҳр, Одамӣ, Дилсӯзӣ, Адолат ва Ростӣ мебошад. Аз ин ҷост, ки вақте мо калимаи муқаддасу зебои “модар”-ро ба забон меорем, тамоми вуҷудамонро эҳсоси гарму фараҳбахше фаро мегирад, қалбамонро лабрез аз шодию сурур мегардонад. Дар фарҳанги мо мақоми модар он қадар баланд аст, ки бузургонамон биҳиштро зери пои модарон қарор додаанд. Ин сухани паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммадро (с) ҳама медонанд: “Биҳишт зери пои модарон аст” ва Низомии Ганҷавӣ онро ба беҳтарин перояи назм оростааст: Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст, Дар зери қудуми модарон аст. Модарон арзандаи ҳамагуна эҳтирому дӯстдорианд. Зеро, меҳрубонтарин инсонҳои рӯи оламанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиранду дилсӯзу бахшандаанд. Навозиши дастони модар барои фарзанд беҳтарин истироҳат аст, новобаста ба синну сол. Модар барои ҳар инсон азизтарин кас аст ва бесабаб нест, ки муқаддастарин мафҳум, яъне Ватанро бо мафҳуми Модар баробар ва ҳамрадиф, донистаанд. Ин ду мафҳум барои ҳар як инсони соҳибаслу соҳибватан арзишу манзалати якхела доранд. Агар тамоми неъмати дунё аз байн биравад, ба шарте, ки зан дар саҳнаи ҳаёт вуҷуд дошта бошад, зиндагӣ боз ҳам қобили таҳаммул аст. Зан барои башарият аз олитарин неъматҳои Худост, ӯ шабу рӯз нигаҳбони ҳаёту созандаи шахсият аст. Ёрон ҳама ҷо, вале Ватан дар як ҷост, Ҳар санги Ватан мисоли ҳайкал зебост, Олам ҳама ҷо азиз, лекин бар ман Модар яктост, Тоҷикистон яктост. Албатта, барои ҳар як миллат ва ҳар шахси бонангу номус ҳар рӯз рӯзи модар аст. Лекин мо ин рӯзро махсус чунин ном ниҳодем, ки эҳтирому арҷгузории хоссаи худро ба бузургӣ ва азамати модарони поксиришти хеш-офарандагони зиндагӣ ва сарчашмаи ҳаёти наслҳо собит созем. Зеро ҳама эъҷозу парвоз, ҳама эҷоду бунёд ва ҳама мардонагиву қаҳрамонӣ натиҷа ва самараи заҳмати шабонарӯзии модар аст». Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон барои ба ҳаёти ҷамъиятӣ пайвастани занон тамоми шароитҳо, заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам мебошанд. Мо хуб медонем, ки давлати соҳибистиқлоли тоҷикон занро ҳамчун қувваи пешбаранда ва як ҷузъи муҳими ҷомеа эътироф намуда, иштироки занро дар тамоми ҷабҳаҳо, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маънавиёт ва сохторҳои қудратӣ ногузир медонад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама сола дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар, баробари тамоми самтҳои ҷомеа, оид ба мақоми зан дар ҷомеа таъкидҳои саривақтӣ мекунанд. Занонро гар зӣ дониш зеваре ҳаст, Умеди рӯзгори беҳтаре ҳаст. Агарчӣ аз занон пайғамбаре нест, Ҳама пайғамбаронро модаре ҳаст. Дар баробари садҳо тадбири дурандешона, зимни ироаи Паёми табрикӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии занон, 6 марти соли 2009, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки ҳамасола 8-уми март дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Модар ҷашн гирифта шавад ва, ҳамзамон, Сарвари давлат иброз доштанд, ки на чун ҷашни маснуие, ки ба мардуми мо иртиботи миллӣ надорад, балки ҳамчун идомаи анъанаҳои бостонии халқи тоҷик, бо асолат ва муҳтавои азалиаш таҷлил гардад. Роҳбари давлат афзуданд: «Рӯзи Модар эълон гардидани ин рӯз дар кишвари мо ҳаргиз амри тасодуфӣ нест, балки иқдомест, ки ба суннату анъанаҳои неки миллати куҳанбунёди мо такя мекунад ва ин рамзи сипоси бепоён ба мақому мартабаи зан-модар аст. Тибқи таъкидҳои Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – модарону бонувони кишвар бояд дар риояи қонунҳои миллиамон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” боз ҳам фаъолтар бошанд ва фарзандонро ба зиндагии мустақилона омода карда, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоянд, сарфаю сариштакориро, ки яке аз хислатҳои беҳтарини миллати қадимаи мост, риоя кунанд, дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳамеша пешсаф бошанд, расму ойин, анъанаву суннатҳо ва фарҳанги миллиамонро ҳифз намоянд ва дар поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки мо онро маъмулан забони модарӣ меномем, кӯшиш карда, ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзонанд. Бузургон дар васфи модар фармудаанд: Модар, модар, каси баҳиммат бошад, Дидори шарифи ӯ ғанимат бошад. Аз маҳзани панди он бигир арзонӣ, Фардо чӣ кунӣ, ки ганҷи қимат бошад. Ба ибораи дигар, бону зан-модарест покдоману ростин, некандешу некрой ва дар заминаи ҳамин хислатҳои ҳамида, яъне бо пиндору гуфтор ва рафтори нек насли инсонро ба дунё оварда, ба камол мерасонад. Модар на танҳо ба фарзанди худ ҳаёт мебахшад, балки дар сиришти ӯ хислатҳои накутарини инсониро ба воситаи шири поки худ ҷой медиҳад. Имрӯз модари тоҷик бо сари баланд ифтихор дорад, ки ба монанди Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулфазли Балъамӣ, Абуалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Имом ал-Бухорӣ, Имом Муслими Нишопурӣ, Абурайҳони Берунӣ, Абунасри Форобӣ, Муҳаммад Мусои Хоразмӣ, Баҳоваддини Нақшбанд, Абуисои Тирмизӣ, Камолиддини Беҳзод, Сайидои Насафӣ, Носири Бухороӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва садҳо фарзандони фарзона, нобиғаҳои бузург ва номбардорони миллати худро ба дунё оварда, дар домани муҳаббати поки худ парварда, онҳоро ба хизмати башарият тақдим намудааст ва ин рисолати муқаддаси худро имрӯз, низ бо иффату шараф идома мебахшад. Маҷмуан, нақши бонувон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург мебошад. Пешвои муаззами миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неруи пурқудрату беинтиҳои занону модарон ва ҷавондухтарон такя карда, зимни суханрониҳои хеш онҳоро борҳо «нигини пурҷилои тоҷи миллат» гуфтаанд. Бешак, дили тавонои модар муҳаббатро мепарварад, руҳафтодагону дилшикастагонро умед мебахшад, ба ҳар кадоми мо боли парвоз ва неруи зиндагӣ ато мекунад. Сарчашма ва сароғози ҳар кори бузург зан – модар аст. Зан ҳам дар мақоми баланди модар ё ҳамсар, ҳам ба сифати хоҳар ё фарзанд тимсоли малоҳати ҳусн, қалби гарм, латофату эҳсоси наҷиб ва наҷобату рафтори намунавӣ мебошад. Фарзонафарзандони модари тоҷик дар баробари намояндагони ақвоми Ҳинду Миср, Чину Юнон ва Рум дар саргаҳи ҳаёти маънавӣ, дар замоне, ки таърих ҷавҳари тамаддуни башариро бунёд мекард, бо неруи хираду заковат, фаросату ҷасорат, иродат ва фазилатҳои хуҷастаи инсонӣ корномаҳои бузургу бемисл нишон дода, дар ганҷинаи ҳикмати оламиён ва ҳофизаи таърихи аҳли башар нақши безавол ба ёдгор гузоштаанд, ки он чаманзори муҳташами тамаддуни инсониро то кунун сарсабзу шодоб нигоҳ медорад. Ба нураш гарчӣ ин хуршеди ховар, Фаро гирад ҷаҳонеро саросар, Намегардад валекин он баробар Ба ин пурқувватӣ бо меҳри модар! Олимова Шафоат Эргашовна Декани факултет МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” 0 Мубодила кардан