Зан буд, ки сарсабз замин асту, замон аст,
Зан буду ҷавонию ҷахон пурҳаяҷон аст.
Зан чашмаи эҳё ба ҳама оламиён аст,
Зан ҳусни замин, ҳусни само, ҳусни макон аст.
Оре ҳак бар ҷониби шоир аст. Зан дар тамоми бардубоши мо саҳмгузор буд, ҳаст ва мемонад. Зан дар оилаи тоҷикон нақши асосӣ дошт ва дорад. Зерро иффату зебоӣ, фурӯтаниву маърифатнокӣ хоси зан буда, ба зиндагии мард ва аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшад. Аз ин рӯ, аз оғози таърих то имрӯз мардуми мо ба маърифатнокии зан аҳамияти хоса дода кӯшиш мекарданд, ки занон дар ҷомеа пешоҳанг бошанд. Дар зиндагӣ пешоҳанг будани зан ва маърифатнок буданаш имкон медиҳад, ки сатҳи маънавии оила баланд шуда, дигар аъзоиёни оила маърифатнок тарбия ёбанд. Ин талабот асоси фарҳанги оиладориро ташкил медиҳад. Ба хотири устуворӣ дар ҷомеаи мо оила дар заминаи муҳаббати самимӣ ба якдигар бунёд мегардад. Пеш аз он, ки фарзандон ба хаёти мстақилона гусел карда шаванд, онҳо бояд аз нозукиҳои оиладорӣ, одоби муошират, муносибат ба якдигар, хулас аз маҷмӯи талаботи моддию маънавӣ огоҳӣ дошта бошанд. Аз ҷумла ба тарбияи духтарон аҳамияти зарурӣ дода, ҳанӯз аз хурдӣ ба онҳо тарзи муносибат, муошират бояд омӯзонида шавад. Дар баробари ин дар сарчашмаҳои таърихӣ қайд карда шудааст, ки дар лаҳзаҳои ҳасос занони тоҷик дар қатори мардон мардонагиву шуҷоат ва қаҳрамонӣ нишон доданд. Намунаи ин қаҳрамониҳоро дар фаъолияти Малика Томирис, қаҳрамониҳои Рухшона, чил духтари покдомани Хатлонӣ, ҷонфидоиҳои Гурдофарид ва ватандӯстии Ойгул Муҳаммадҷоноваро дида метавонем.
Марифати зан ба фарзандонаш тасири амиқ мегузорад, агар модар китобхон, боиффат, бомарифат ва донишманд бошад. Фарзандон низ майл ба донишу маърифат карда, хислатҳои неки модарашонро дар худ пайрварӣ медиҳанд ва ба модарашон пайравӣ мекунанд. Чунин мисолҳо хеле бисёранд, масалан модари Садриддин Айнӣ – Каҳрамони Точикистон зани босаводу бомаърифат буд. Садриддин Айнӣ нахустин гомҳояшро ба олами илму адаб таҳти сарпарастии модараш гузошта, хату савод баровард. Аллома Бобоҷон Ғафуров – писари шоираи маъруфу машҳур ва ватандӯсти тоҷик Розия Озод буда, ба олами илм бо ҳидояти модари донишмандаш омадааст. Ӯ ба халқу Ватан содиқона хидмат намуда, ба дараҷаи роҳбари аввали мамлакат сабзида расид. Бобочон Faфуров дар илми шарқшиносии чаҳон олими шинохтаву эътирофшуда ҳисобида мешавад, ки мардуми тоҷик бо чунин фарзандони модари тоҷик фахр мекунанд.
Дар бунёди ҷомеаи демократии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба маърифати зан таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир карда мешавад. Ба ин хотир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон, мӯҳтарам Эмомали Раҳмон дар суханрониҳо ва паёмҳои ҳарсолаашон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Чумхурии Точикистон», «Паём» – (26.12.2019), такроран ба масъалаи баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа диққати хамагонро ҷалб карданд. Зеро занон дар ҷомеаи Тоҷикистон 50 фоизи аҳолиро ташкил карда, дар пешрафти соҳҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат нақши муассир мебозанд. Рӯз аз рӯз дар замони ҳозира талабот ба фаъолияти занон дар корҳои давлатӣ бештар мегардад. Зиёдтар ҷалб кардани бонувон ба кор дар муассисаҳои давлатӣ ва хидмати давлатӣ аз манфиат холӣ нест. Ба ҳамин хотир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомали Раҳмон фармон дар бораи баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеаро содир кард. Тибқи ин фармон барномаҳои муҳими давлатӣ таҳия гардида, амали шудаанд. Ҳадаф аз татбиқи ин барномаҳо натанҳо баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, балки дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фархангӣ назаррастар кардани фаъолияти занон мебошад. Имрӯзҳо дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ, инчунин шаҳру ноҳияҳо занон дар соҳаҳои маориф, тандӯрустӣ, соҳибкорӣ бештар буда, дар корҳои давлатӣ низ сол то сол шумораи онҳо меафзояд.
Шоири зиндаёд Қурбон Маҷиддин фармуда:
Зан модари ман модари ту модари ом аст,
Зан шарбати ҳар маракаю косаю ҷом аст.
Бе зан чӣ бувад зиндагию зист ба олам,
Зан аз тарафи бахт ба мо арзи паём аст.
Ҷомеа ҳамон вақт фаъол шумурда мешавад, ки дар он занон мавқеи пешоҳангӣ дошта бошанд. Пас саволе матраҳ мешавад, ки кадом гурӯҳи занон дар ҷомеа пешоҳангиро ӯҳда карда метавонанд? Маҳз хамон заноне дар ҷомеа фаъол буда метавонанд, ки соҳибмаьрифатанд. Оё зани тоҷик дар замони муосир соҳибмаърифат аст? Ин суоле ҳаст, ки доимо бояд дар мадди назари мо бошад. Ҳолатҳое ҷой дорад, ки ба масъалаи омӯзиши занон ва соҳибкасб гардидани онҳо кам аҳамият дода мешавад. Ин гуна рафтор ба талаботи замон мувофиқ набуд ва буда ҳам наметавонад. Вақти он расидааст, ки аз суханпардозӣ ба кори амалӣ гузашта, тарбияи занони бомаърифатро дар оила, мактаб ва ҷомеа мақсаднок ташкил намоем. Манзур аз ин иддао тарбияи духтарон дар мактаб ва оила мебошад. Ин ду ниҳод метавонанд дар алоқаманди тарбияи фарҳанги оиладорӣ, касбомӯзӣ ва соҳибилм шудани духтаронро, ки занону модарони ояндаи ҷомеаи мо ҳастанд, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд. Шӯъбаҳои кор бо занон ва дигар ташкилоту муассисаҳои марбут ба тарбия низ бояд маърифатнокии занонро дар мадди аввал гузоранд, чунки ин вазифаи асосии онҳо ба ҳисоб меравад. Ба ин хотир санадҳои меъёрию ҳуқуқии мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ қабул гардида, барномаҳои мушаххаси давлатӣ таҳия ва роҳандозӣ шудаанд. Ҳадаф аз қонунҳои қабул шуда ва таҳияи барномаҳо нишон додани масъалаи марифатнокии занон дар ҷомеа буда, дар ҳама давру замонҳо масъалаи аввалиндараҷа ба ҳисоб рафта, ҳал кардани он ба пешрафти ҷомеаи имрӯза мусоидат мекунад.
Ҳамаи нуктаҳое, ки дар ин матлаб пешниҳод гардид, аз талаботи рушд бахшидан ба давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, таҳкими ваҳдати миллӣ, таъмини баробарҳуқуқии занону мардон ва адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа бармеояд. Аз ин рӯ аҳли ҷомеа муаззафанд, ки дар ин самт содиқона фаъолият карда, Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу зебо намоем.
Адабиёти истифодашуда
-
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомали Раҳмон, 26.12.2019.
-
«Axтарони адаб» – Шоҳномаи Фирдавсӣ – (Адиб) – 2007.
-
«Насими Фархор» – Қурбон Маҷиддин. Душанбе -1971.
-
Бонувони Тоҷикистон Nº161.2020.
-
«Паём» – ДСХ. Душанбе 2004.
-
Дасти дуои модар. «Нашриёти Адиб». Душанбе-2020.