Мо фарзандон ҳам бояд ба қадри модар бирасем. Ӯро дӯст дорем, меҳрубон бошем. Нагузорем, ки қатраи оби чашмаш резад, дилаш зиқ шавад. Зеро, ки дунё бе меҳру муҳаббати модар, бе ҳастии модар ҳеҷ аст.
Бузургон дар васфи модар шеърҳои зиёде гуфтаанд, ҳофизон онҳоро ба оҳанг дароварда сурудаанд. Ҳар як нафари мо бояд ба қадри модар бирасем. Ӯро хушбахт созем, то ҳастем барояш хизмат кунем. Кӯшиш кунем, ки модар аз мо розӣ бошад.
Ҳеҷ гоҳ меҳри модар аз фарзанд кам намешавад. Дар дунё ғайр аз модарам касеро то ин дараҷа дӯст намедорам.
Ҳастии модар барои ҳар як шахс бахти бузургест, домони модар биҳишти воқеии ҳар як инсон аст. Аз ҳама шахси бахшоянда, дуогӯ, меҳрубон, мушфиқ, ғамхор, дӯстдорандаи фарзанд танҳо модар аст.