Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ДАР ҲАВОИ ҲИММАТИ ҲАР ЗАН ҲУМОИ МОДАР АСТ

Дар тамоми кишвар Зан – Модар аз муқаддастарин шахсият ба ҳисоб рафта, дар зиндагӣ ҷойгаҳи вижа дорад. Зебоибахши зиндагӣ, тарбиятгари фарзанд, фараҳу шодибахш дар зиндагӣ мебошад. Занони тоҷик аз ҷумлаи занони бофарҳангу донишманд буда, на фақат дар дохили кишвар шуҳратманд, балки дар хориҷи кишвар низ бо фаъолияти илмиву ҳунари волояшон маъруфу беназиранд.

Зан модари ман, модари ту, модари ом аст,

Зан шарбати ҳар маъракаву косаи ҷом аст.

Бе зан чӣ бувад, зиндагиву зист дар олам,

Зан ҳусни замин, ҳусни само, ҳусни замон аст.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ қайд намуда буданд, ки: “Занону модарон ва духтарон рисолати азаливу таърихии худро садсолаҳои дигар бо сарбаландӣ адо хоҳанд кард”.

Дар зери шиори ин Сарвари давлат мафҳумҳои зиёдеро пайдо кардан мумкин аст. Яке аз раванди муҳимтарини дарёфти маънии шиори Пешвои миллати мо ин роҳандозии занон барои дарёфти пешбурди илми ватанӣ мебошад.

Бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ маҳз бо шарофати ҳамовозию дастгирии фаъолонаи занони Тоҷикистон мавқеи устувор пайдо кард. Президенти мамлакат ба кулли занони ҷумҳурӣ, алалхусус ба занони фаъолу фидокор, таваҷҷӯҳи хосса зиҳир менамояд. Зеро дар ҳама маъракаҳои муҳиму сарнавиштсози даврони истиқлолият занони Тоҷикистон нақши созанда ва ибратбахш доштанд ва имрӯз низ доранд.  Занҳо дар ҳама соҳаи илми имрӯзаи кишвар фаъолият намуда, барои рушду нумӯи он саҳми арзандае мегузоранд. Дар давраи соҳибистиқлолӣ махсусан нақши занону духтарон дар риштаи маориф ва фарҳанг, ҳифзи тандурустии маодум бузург гаштааст. Зани тоҷик табиатан тарбиятгари тавоно а бо хоксориву меҳрубониаш малҳами дили дармандон аст. Ин аст, ки модарону хоҳарони азизи мо рисолати хешро дар ин ду соҳаи муҳими итимоӣ ҳамеша сарбаландона ба ҷо оварда, сазовори ҳурмати эҳтироми баланди ҷомеа гаштаанд.

Дар таъмини иштироки васеъи занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идоракунии давлат фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми Зан дар ҷомеа“, “Нақшаи чорабиниҳо доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки 7 марти соли 2006 дар мулоқот бо намояндагони занони мамлакат дода шудаанд, нақши муҳим мебозад. Аз ин рӯ,  Тоҷикистон дар байни кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил яке аз аввалинҳо шуда, Консепсияи байналхалқиро “Дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои зуроварӣ нисбати занон”. “Дар бораи ҳуқуқҳои сиёсии занон”, “Дар бораи ҳуқуқҳо кӯдак” ба тасвиб расид, ки баҳри таъмини баробарии байни мардону занон мусоидат менамояд.

Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати  худ, ободии ҳар як хонадон аз руҳияи поку созанда, сатҳи маърифат ва саломатии зан – модар вобастааст. Нақши модар махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, фарҳанг донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавию ахлоқии фарзанд барҷаста ва ҳатто муайянкунанда мебошад.

Аз ин рӯ, фаромӯш набояд кард, ки волидайн ва махсусан модарони имрӯза фарзандони худро ба камол расонида, ҳамзамон таърихи ояндаи башарро эҷод мекунанд.

Мақому манзалати занро бузургони аксари фарҳангҳои ҷаҳон эҳтиром намуда, дар рисолати хосса а мақому манзалати алоҳидаи он қоиланд. Ин ҷанбаро падидаи умумифарҳангӣ номидан мумкин аст, ки барои башарият намунаи ибрат аст. Нависандаи бузурги фаронсавӣ Виктор Гюго дар ситоиши зан мегӯяд: “Агар шоҳ мебудам, тоҷи заррин ва боргоҳи гаронбаҳои  худро бо тамоми дороии дилу дида ба як нигоҳи зан ҳадя мекардам”.  Огюс Конт мегӯяд: “Зан ахтари зебое ҳаст, ки дар шабҳои тори зиндагӣ дармондагони роҳи оворагиро ба сарманзили мақсад ҳидоят мекунад”. Дар “Қобуснома”-и Унсурмаолии Кайковус дар боби зан омадааст: “Зан бояд, ки покиза, покдин, кадбону, дустдори шавҳар ва шармноку порсо… бошад”.

Дар як байти хеле машҳури Низомии Ганҷавӣ омадааст, ки:

Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,
Дар зери қудуми модарон аст.

 

Ин мисраҳо дар асоси яке аз ҳадисҳои ҳазрати Расули акрам (с) эҷод
шуда, дар байни мардум паҳн гаштааст ва қайд кардан зарур аст, ки он ба
шакли зарбулмасал дар байни мардум роиҷ гардидааст. Дар он мақоми
модар ҳам дар ин дунё ва ҳам дар он дунё хеле баланд бардошта шуда,
таъкид мешавад, ки ҳатто ҷаннат – макони беҳтарини охирати инсонҳо
дар зери қадамҳои модарони мост.

Бe муҳобот, модар ба чунин қадрдонӣ сазовор аст. Зиндагии мо худ каломи мавзун аст, ки бо аллаи модар ибтидо гирифта, бо номи мубораки он ҳусни анҷом мепазирад. Ана ҳамин бузургию шаҳомати ӯро ба назар гирифта модарро тимсоли Ватан медонанд. Ҳар фарзанде, ки қимати модарро донад, бо дуояш сарсабзу хушбахт ва шӯҳратёр мегардад:

Лаззати дунё бародар дар дуои Модар аст,

Давлати поянда аз чуду сахои Модар аст.

Ҳаст Ҷаннат зери пояш, бо дуо дасташ ба арш,

Иззати мо дар ду олам, дар ризои Модар аст.

Дар симои тамоми бонувони тоҷик, ба модарони арҷманду воломақом, ба хоҳарони азизу меҳрубон дар фарҷоми сухан орзу менамоям, ки ҳамеша саодатманду сарбаланд ва тансиҳату комёб бошанд.

IN THE COURAGE OF EVERY WOMAN IS A MOTHER

 

In the whole country, Woman – Mother is considered to be the most sacred personality and has a special place in life. It is the beautifier of life, the educator of children, joy and happiness in life. Tajik women are among cultured and knowledgeable women, they are famous not only within the country, but also abroad for their scientific and artistic activities.

If the prosperity and stability of the society depends on the peace and tranquility of each family, in turn, the prosperity of each family depends on the clean and constructive spirit, the level of education and the health of the woman-mother. The role of the mother is especially important in upbringing, learning the language, culture, modern knowledge, and in general, the spiritual and moral maturity of the child, and even determines it.

Therefore, it should not be forgotten that today’s parents and especially mothers raise their children and at the same time create the future history of mankind.

In the name of all Tajik women, I would like to wish my honorable and high-ranking mothers, dear and kind sisters always to be happy, proud, healthy and successful.

Расулова Мавзуна

омӯзгори кафедраи “забони англисӣ”-и

МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”

 

Rasulova Mavzuna

teacher of the “English language” department

SEI “Republican medical college”

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.