Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

МОДАР ГАВҲАРИ НОЁБ АСТ

Дилам хоҳад равам бар кӯи модар,

Вуҷудам паур шавад аз бӯи модар,

Тамоми рӯи дунёро бигаштам,

Надидам рӯи хуш ҷуз рӯи модар.

Асос ва воқеияти ҳастии инсон Модар ба шумор меравад, чунки маҳз модар аст, ки наслро ба дунё меорад.

Модар – қимматтарин неъмати рӯи дунё, сарчашмаи муҳаббати беканор, чашмаи мусаффо ва маҳзани ганҷинаи фарзандон мебошад.

Калимаи «Модар» яке  аз калимаҳои ширинтарину  гуворотарин ва азизтарин буда, ҳангоми ба забон гирифтан ҷаҳон – ҷаҳон муҳаббат ба дилҳоямон ҷо мешавад.  Модарро қаҳрамони  зиндагӣ меноманд, ки барҳақ аст. Зеро сохтани ҳаёт ин худ қаҳрамонӣ аст.  Модар ягона шахсест, ки неъмати бебаҳои зиндагӣ, яъне тифлро ба вуҷуд мнорад.

Модар тӯли нуҳмоҳ фарзанди худро дар  батн мепарвараду ба он ҷон мебахшад, ки он кори басо мушкилест. Баъд аз тавлиди тифлаш бошад, ба он тамоми шароитро ба хотири зиндагии хуби фарзандаш муҳаё месозад.

Модар худ намехӯраду  фарзандашро мехӯронад. Худ намехобаду  тифлашро бо аллаҳои ширинаш мехобонад. Шоири бузург барҳақ гуфтааст:

Якшаба он ранҷ ки модар кашид,

Бо ду ҷаҳонам натавон баркашид.

Модар барои муҳофизати фарзандаш аз тамоми хавфу хатар ҷонашро фидо месозад.  Бузургии Зан-Модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.

Модар барои ҳар инсон азизтарин кас аст ва бесабаб нест, ки муқаддастарин мафҳум, яъне Ватанро бо мафҳуми модар баробар ва ҳамрадиф, донистаанд. Ин ду мафҳум барои ҳар як инсони соҳибаслу соҳибватан арзишу манзалати якхела доранд. Агар тамоми неъмати дунё аз байн биравад, ба шарте, ки зан дар саҳнаи ҳаёт вуҷуд дошта бошад, зиндагӣ боз ҳам қобили таҳаммул аст. Зан барои башарият аз олитарин неъматҳои Худост, ӯ шабу рӯз нигаҳбони ҳаёту созандаи шахсият аст.

Сарвари кишварамон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо занони фаъоли Тоҷикистон иброз дошта буданд: «Ҷомеае, ки ба зан модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба модар ин сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсон бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад».

Ба хотири арҷ гузоштан ба ин ганҷинаи  ноёб ҳукумати кишвар рӯзи 8 – мартро ҳамчун «Рӯзи Модарон» эълон  намуд.

Идатон муборак модарони азиз!!!

Омузгори кафедраи “Ташхиси лабораторӣ” – и

МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”

Мирзокаримов Хуршед Ҷамшедович

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.