Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон равона созем.
Имрўз яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрўза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зўроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад. Имрӯз вусъати бемайлони мушкилотҳои пурихтилофи раванди ҷаҳонишавӣ,аз қабили аз байн рафтани сарҳадҳои иттилоотӣ ва ҳамоҳангсози арзишҳои фарҳангию маънавӣ барои ҳуввияти милливу давлатии бисёр кишварҳои дунё хатари воқеиро эҷод намудааст. Дар ҷавоб ба ин зуҳурот, дар равандҳои иҷтимоӣ-сиёсии кишварҳои мухталиф тамоюлҳои болоравии омилҳои миллӣ ва фарҳанги анъанавӣ мушоҳида мегардад ва сиёсати сарвари Тоҷикистон ҷиҳати эҳёи арзишҳои анъанавӣ ва худ огоҳии миллию мазҳабии халқи тоҷик аз ҷумла, таҷлили бошукӯҳи 1100-солагии давлати миллӣ бунёди Сомониён, Соли тамаддуни ориёӣ, 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2700-солагии ш.Кӯлоб, 3000-солагии тамаддуни Ҳисор, 2700-солагии қадимтарин намунаи осори китобии ориёиҳо – «Авасто», 5500-солагии тамаддуни Саразм, бузургдошти шахсиятҳои сарсупурдаи илмиву адабӣ ва сиёсиву таърихӣ ба монанди Имоми Аъзам, Мавлоно Ҷалолуддини Балхи, Камоли Хуҷандӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва бо мақсади дастрасии аҳолӣ бо маводу сарчашмаҳои илмии исломӣ ва мероси ниёгон аз соли 2000 – ум ин ҷониб дар ҷумҳурӣ зиёда аз 20 адад китобу рисолаҳои динӣ, аз ҷумла: тарҷумаи Қуръони Карим, «Тафсири Табарӣ» (дар 2 ҷилд), «Муснад» – и Имоми Аъзам, «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ (дар се ҷилд), «Кимиёи саодат» (дар ду ҷилд) ва «Эҳёи улуми дин»-и Муҳаммади Ғазолӣ, «Маснавии маънавӣ», «Шамоили набавӣ» ва ғайраҳо, тарҷума ва нашр карда шуданд. Маҳз дар маҷрои ҳамин таҳавуллот ҷараён гирифтаанд. Дар баробари ин, ташаккули симои давлат ва ҳуввияти миллии мардуми он дар арсаи байналмилалӣ низ дар ин марҳила аҳамияти хосса пайдо менамояд, зеро дар шароите ки равандҳои ҷаҳонишавӣ фарҳангу арзишҳои тамаддунҳои мухталифро водор ба бархӯрд намудаанд, ин омилҳо дар таъмини робитаҳои нек ва судманди хориҷӣ нақши калидӣ пайдо кардаанд. Ин маънӣ бори дигар дар Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ аз 20 апрели соли 2012 чунин таъкид гардид: «Дар шароити ҳассоси имрӯза, ки мо пешорӯйи хатари воқеии бархӯрди тамаддунҳо қарор гирифтаем, шиносоии бештару фарогири ҷомеаи ҷаҳонӣ бо фарҳангу тамаддуни қадимаи халқи тоҷик ва дар навбати худ баҳрабардорӣ аз дастовардҳои фарҳангиву илмии дигар халқҳои ҷаҳон, бахусус дар масъалаҳои истифода аз дастовардҳои ақлонӣ ва тафаккури инсонӣ аҳамияти рӯзафзун пайдо мекунад».
Имрўз ба ҳамагон маълум аст, ки иддае аз дини поки ислом сўйи истифода намуда, даст бар қатли бузургону тифлони ноболиғ мезананд, аммо дар асл аз аркон ва моҳияти ин дини пок бохабар нестанд ё агар бохабар бошанд ҳам онро на ба манфиати дин, ҷомеа ва аҳли он, балки ба манфиати нопоки хеш истифода мебаранд. Дар марҳилаи ҳозира ҳадафи он идеологияе, ки ин идда мехоҳанд миёни мардум паҳн намоянд, дар он зоҳир меёбад, ки ҷавонони пуртаҷриба ва аҳли илмро ба худ ҷалб намуда, зери шиорҳои бофтаву хаёлӣ фирефтаи таълимоти «гўё динӣ» онҳоро бар зидди ҳукумату давлат ва ҳатто аҳли хонаводаи хеш гардонда, ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ, ки онро ба истилоҳ «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» меноманд равона месозанд ва мехоҳанд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд. Пешвои миллат, Президент ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала, ки дарди рўз мебошад, чунин иброз менамояд: «Имрўз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст». Cозмону ҳаракат ва гурӯҳҳои зерин, аз қабили “Ал-Қоида”, “Ҳизб-ут-Таҳрир”, “Боко-Ҳарам”, “ДИИШ” ва амсоли инҳо, аз ҷониби як қатор давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ дониста шудаанд, ки ҳадафу мароми аслии онҳо бо густурда намудани фаъолияти худ зимни анҷом додани амалу кирдори ҷинояткорона нуфузу эътибори сиёсӣ пайдо кардан мебошад. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷўй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавӣ (ахлоқию динӣ)-ро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд. Қурбони терроризим дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи пасти шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гурӯҳи ифротгаро мегардад. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва мубориза баҳри ин амали номатлуб Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон якчанд қонуну санадҳои зерқонуни қабқл намудаанд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” (соли 1999), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” (соли 2020), фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи тадбирҳои пурзӯр кардани мубориза бо терроризм аз 21 апрели соли 1997, №707, Барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм дар солҳои 2000-2003, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2000, №320 тасдиқ шудааст, Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776 тасдиқ гардидааст, Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2006, №1717 тасдиқ шудааст, Конвенсияи Шанхай дар бораи мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротталабӣ, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2002, №513 тасдиқ шудааст ва Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 тасдиқ шудааст, қабул гардиданд, ки барои муборизаи оштинопазир бурдан бо чунин зуҳуроти номатлуб мусоидат намудаанд ва тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ гардида истодаанд. Зеро ақидаҳо, андешаҳо, пешниҳодҳое, ки тавассути рўзномаву маҷаллаҳо, барномаҳои телевизиниву радио, конфронсу мизҳои мудаввар, вохўрӣ бо намояндагони мақомотҳо ва дар пайравии онҳо дарсҳои кушоди тарбиявии устодон бахшида ба мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ дар ин самт нақши муҳиммро бозидааст. Дар асоси ин таъкидҳо Пешвои муззами миллат ёдрас намуданд, ки «Дар ин замина ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати тарбияи наврасону ҷавонон бояд ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва хештаншиносии онҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад».
Воқеан ҳам нақши ҷавонони кишвар дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ бағоят муҳим мебошад. Дар ниҳоди насли ҷавон тарбия намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ифтихори миллӣ, ғурури миллӣ ва шинохти асолати миллӣ, инчунин инсондӯстиву масъулиятшиносӣ вазифаи аввалиндараҷа ва қарзи адонашавандаи ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ба шумор меравад.
Пешвои муаззами миллат ба мисли дигар баромадҳояшон дар паёми имсола ба МО низ таъкид намуданд, ки «Ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи дурусти ин захираи стратегии миллӣ барои пешрафту ободии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа яке аз афзалиятҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, зеро шумораи бештари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳад».
Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад. Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст.
Бо боварии комил гуфта метавонем, ки ҷавонони боғайрат, далер ва сулҳхоҳи тоҷик иродаи матин дошта, на танҳо барои вусъатёбӣ, балки роҳ наёфтани терроризм ва ифротгароӣ дар марзу буми Ватани азизи худ бо ҳар роҳу усул, яъне ҳам амалӣ ва ҳам маънавӣ мубориза хоҳанд бурд.