Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ОБРӮИ АҲЛИ ДИН АЗ ХОКИ ПОЙИ МОДАР АСТ

Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши рӯҳу ҷон мебошад.

Эмомалӣ  Раҳмон

Оре,   Модар  бахшандаи ҳаёт,  сарчашмаи зиндагӣ, сарчашмаи муҳаббати бекарон, идомадиҳандаи насл, сарчашмаи меҳру вафо, нахуст мурабии инсоният, Модар сарчашмаи покӣ, назокатӣ, олиҳаи зебоӣ, Модар сарҷамъии оила, муаллими инсонӣ, Модар рамзи ҷавонӣ, рамзи ишҷу муҳаббат, Модар насиҳатгарӣ башар, Модар пайвандгар,  модар азизтарин ва қиматтарин шахс барои ҳар як инсон аст.

Зан  – Модар ин нигине мебошанд, ки дар зиндагии ҳар шахсият  рушанӣ ва пурҷилогии хешро мебахшанд. Зан  сарчашмаи покизагӣ ва олиҳаи зебогии  замину осмонист. Зан амнияти тинҷию амонӣ, рӯзгори  хушу обод, тансиҳатии оила ва атрофиёнашро ба масъулият дорад. Ва танҳо зан модар аст, ки аз ин рисолати басо мураккабу мушкил бармеояд.

Зан модари ман, модари ту, модари ом аст,
Зан шарбати ҳар маъракаву косаи ҷом аст.
Бе зан чӣ бувад, зиндагиву зист дар олам,
Зан ҳусни замин, ҳусни само, ҳусни замон аст.

Дар ҳақ ҳам Зан – Модар он олиҳаест,  ба ранҷу машаққат ва ҳамзамон бо навозишу меҳрубонӣ фарзанди хешро ба воя мерасонад ва бар ивазаш чизе аз фарзанд интизор нест.  Модар он пайвандгаре хаст, ки мехоҳад  фарзандонаш накугари якдигар бошаду сари як дастурхон ҷамъ бошанд.   Ин модар аст, ки ғамхору мададгор аст ва ҳар лаҳза дар фикри фарзандони хеш аст. Ва мехохад, ки ҳар лаҳза аз ҳолу ахволи фарзандаш огаҳ бошад.  Дар  суханронашон , Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  Пешвои  муаззами миллат  Эмомалӣ Раҳмон  ба муносибати  Рӯзи модар  07.03.2017  чунин  гуфта гузаштанд:

Дуруд ва ҳамду сано ба модар – фариштаи ҳаёт ва ҳомии зиндагии башар дар рӯи замин!
Сано ба модар – ин олиҳаи меҳру шафқат, раҳнамову раҳбар ва азизи ҳар як хонадон!
Зиҳӣ занону бонувони шарафманд ва шӯълаи ишқи ҳаётбахш!
Бале, ҳамон модаре ҳаст, ки бо вуҷуди гурусна будани хеш, луқмаи даҳони хешро ба фарзанд медиҳад то ҷигарбандаш гурусна намонад.   Ин Модар аст, аввалин каломи суханро ба фарзанд меомӯзонад. Дасти хурдакаки ҷигарбандашро гирифта аввалин қадамҳоро меомӯзонад.  Ҳамчунин,   дар  Паёми хеш Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  Пешвои  муаззами миллат  Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикӣ хеш ба муносибати Рӯзи модар  07.03.2011 гуфтаанд.  “Модар, воқеан, нахустустоди башарият аст ва фарзанд каломи аввалинро аз ӯ меомӯзад. Ҳар модаре, ки соҳиби саводу дониш ва таҷрибаву ҷаҳонбинӣ мебошад, фарзанди ӯ ҳам босаводу хушахлоқ ба воя мерасад. Ҳатто сатҳи забондонии фарзанд аз сатҳи забондонии модар вобаста аст, зеро халқ беҳуда нагуфтааст, ки «Нотиқ он кас шуд, ки аз модар шунид”.

Дуруд ба он модароне, ки Рӯдакиву Фирдавсӣ, Исмоили Сомониву Абӯалӣ Синову Хайём, Деваштичу Спитамен, Носири Хусраву Саъдии Шерозӣ, Муқаннаъву Темур­малик, Ҳофизи Шерозиву Камоли Хуљандӣ, Маҳастиву Зебунисо, Абдураҳмони Ҷомиву Бадриддин Ҳилолӣ, Сайидову Аҳмади Дониш, Садриддин Айниву Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзодаву Лоиқ ва чунин Пешвои муаззами миллати бузургворро ба олам овардааст.

Пас месазад, ки  ҳар як шахс ба қадру манзалати  ин неъмати бебаҳо, ин неъмати беинтиҳо, ки ишқу меҳри ӯ аз дилу вуҷуди инсон ҳеҷ гоҳ намеравад, бирасем, эътиром намоем.  Вале сад афсус, имрӯз дида мешаванд ҷавононе ки ба қадри ин неъмати ноёфтанӣ намерасанд, беҳурматӣ мекунанд, ва барои модарони хеш вақт намеёбанд, сад афсӯс. Сад афсӯс, ки бархе аз ҷавонон намедонанд, ки баъди аз даст додани онҳо танҳо буййи онҳо мемонаду ишқи ҷонкоҳ дар вуҷуди онҳо.

Модар, модар, каси баҳиммат бошад,
Дидори шарифи ӯ ғанимат бошад.
Аз махзани панди он бигир арзонӣ,
Фардо чӣ кунӣ, ки ганҷи қимат бошад.

Беҳуда нест, ки дар кишвари бииштосои мо барои баланд бардоштани мақоми Зан-Модар дар ҷомеа ҳамарӯза Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурии азизамон кӯшишҳои зиёде менамоянд. Ҳамаи ин қарору фармонҳо шоҳиди ҷойгаҳи зан дарҷомеаи мо аст. Ба монанди қонун  «Дар бораи тадбирҳо оид ба баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа» (ки дар фармони Президент ҶТ  моҳи декабри соли 1999 дарҷ гардидаст), ва ҳамчунин қонун «Дар бораи қабули духтарон ба макотиби олии ҶТ аз рӯи квотаи Президент барои солҳои 2001 – 2005-ум» (фармони Президент аз 3.12.1999 ва Қарори Ҳукумати Тоxикистон аз 19.04.2001; дарвоқеъ, аз соли 1997 сар карда дар мактабҳои олии мамлакат духтарон бо квотаи Президентӣ мехонанд).

Дар вокеъ, чӣ қадаре, ки дар васфи Модар сухан ронем шабҳову рӯзҳо ками менамоянд. Дар охир мехохам ҳамаи модарони Тоҷикистонро ва дар симои онҳо тамоми модарони дунёро ба рӯзи модар шодюош мегуям ва аз Худованди мутаол, пеш аз ҳама умри дароз, тансиҳатӣ, хушбахтӣ ва дар оилаи ҳар ки шумо модарони азиз муҳаббату самимият ва сарҷамъиро орзӯмандам. Бигӯзор ҳамеша чун арчаи сабз ҳамешасабз бошеду болои сари мо фарзандон дуогӯ.

Рӯзи Модарон муборак, Ҳамватанони азиз!

Ассистенти кафедраи “Забони англисӣ” – и
МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” Ҳаётова Фарида Умаровна

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.