Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ МАОРИФИ КИШВАР

“Рушди ҳамаҷонибаи соҳаи маориф ва тандурустӣ омили асосии пешрафти ҷомеа, баланд шудани сатҳи дониш, маърифат ва солимии мардум мебошад. Бе ноил шудан ба ин ҳадафҳо мо наметавонем дар радифи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ҷой ёфта, амнияти ҷомеа ва арзишҳои фарҳангии худро пуштибонӣ намоем”.

Эмомалӣ Раҳмон

Соҳаи маориф на танҳо яке аз соҳаҳои асосӣ ва афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, балки он пояи муҳимтарини давлатдории миллӣ, омили таъминкунандаи рушди устувори давлат ва шарти асосии пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад. Гузаштагони мо беҳуда таъкид накардаанд:

Пояи давлат набошад бе маориф устувор,

Давлати поянда хоҳӣ, рӯй бар мактаб биёр.

Дар сарнавиштномаи тоҷикон мавқеи илму маориф чун як соҳаи басо муқаддас ва арзишманд ва пешқадаму ояндасози Ватану миллат мавқеъ дорад. Нобиғаҳои миллати тоҷдор дар тамоми даврҳо андешаи азалии доништалабӣ, илмомӯзӣ, суханварӣ ва роҳҳои расидан ба ин сарнавишти бебаҳоро ба дигарон ҳидоят намудаанд. Шоири забардасти тоҷик Рӯдакии бузургвор нигоштааст:

Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Таърихан ободиву сарсабзии маконҳои зисти аҷдодони миллати тоҷик, камоли маънавию ахлоқӣ гирифтан, доништалабиву маърифатпазирӣ ва ҳунари тамадунофарӣ касб кардан танҳо ба гомниҳии наслҳои ин миллат ба назди муаллим – устод аз тариқи даргоҳи мактабу маориф ҳосил гардидааст.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ гуфтаанд, ки “Маҳз муаллим барои инсон роҳи маърифатро мекушояд ва ба ҷаҳони ботинии шогирдон тухми ақлу хирад мепошад”.

Вобаста ба ин, имрӯз низ рушду пешрафти ин соҳа дар маркази таваҷҷӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан Президенти кишвар қарор дорад. Ҷиҳати расидан ба муҳимтарин ҳадафи маорифи давлати соҳибистиқлол, яъне тарбияи шахсияти фаъол ва созанда зарур аст, ки аз таълиму тарбия истифода бурда, насли ҷавонро дар рӯҳияи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ тарбия намоем, то ояндаи миллат сарзабзу гуворо бошад.

Ниёгони мо дар таълиму тарбияи насли ҷавон нақши муаллимро ин тавр баён кардаанд:

Тарбият чист? Хок зар кардан,

Қатраи обро гуҳар кардан.

Дар замони муосир аҳамияти илму дониш рӯз аз рӯз болотар рафта он барои ҳастӣ , рушд ва зиндагии саодатманди халқу миллатҳо моҳияти ҳаётӣ гирифтааст. Акнун тавоноии давлат ва миллатро маҳз сатҳи донишу маърифати онҳо муайян мекунад. Аз ин рӯ, яке аз муҳимтарин ҳадафҳои давлати мо дар оянда фарогирии тамоми ҷомеа бо маърифату ҷаҳонбинӣ ва илму донишҳои муосир хоҳад буд.

Солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати давлат талаботу муносибатҳои сифатан нав нисбат ба идоракунии соҳаи маориф ба вуҷуд омаданд. Маориф соҳаи муҳимтарину афзалиятноки ҷомеаи муосир, соҳаи таҳкимбахши давлату давлатдорӣ ва наҷоти миллат муаррифӣ гардид. Дар сатҳи сиёсати давлатӣ вазифагузорӣ шудааст, ки дар мактаб афрухтани нури маърифат, ташаккул додани ахлоқи ҳамида ва маънавиёти баланд бояд аз таълимот оид ба ҳамбастагии табиату ҷамъият, ҳаёти моддиву маънавӣ, тамоми ҳастӣ ва тағйирпазирии он ибтидо бигирад ва масъалаи гузариш аз таълим ба омӯзиш таъмин бигардад. Сиёсати соҳаи морифи кишвар, ин пеш аз ҳама, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худогоҳии миллӣ, худшиносии таърихӣ, эҳтиромгузорӣ ба беҳтарин арзишҳои фарҳангию ахлоқии аҷдодӣ ва истифодаи онҳо баҳри ташаккули миллат бояд равона бошад.

Масъалаи маориф ва таълиму тарбия чун яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ва манбаи асосии ташаккули захираҳои инсонӣ дар кишвар мавриди таваҷҷӯҳи доимӣ қарор дорад. Роҳбари давлат зимни паёму суханрониҳояшон дар иртибот ба соҳаи маорифи кишвар ҳамеша дастуру супоришҳои судманду мушаххас дода, рушди пайгиронаи онро дар сиёсати кунунии давлату ҳукумат ҳамчун масъалаи аввалиндараҷа арзёбӣ менамоянд.

Соҳаи маориф дар сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумат мавқеи бунёдӣ ва такягоҳиро ишғол намудааст ва рушду равнақи он дар раванди таҳаввулоти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва ахлоқию маънавии ҷомеа нақши боризе дорад. Барои чунин мавқеъро ишғол намудани маориф омилҳои муайяне муассир мебошанд. Ба бӯҳрони маънавӣ гирифтор гардидани насли наврас дар замони бесарусомонии баъди соҳибистиқлолӣ ва фурӯпошии низоми мавҷудаи соҳа давлату ҳукумати кишварро бетараф гузошта наметавонист. Махсусан, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки амиқи ин мушкилот ҳанӯз соли 1993 дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд, ки “ нигоҳ доштани афзалияти ҳамешагии маориф, илм ва фарҳанг вазифаи муҳимтарини мо бояд бошад”.

Ин маъниро пас аз як сол дар Анҷумани нахустини ҷавонони Тоҷикистон чунин баён доштанд: “Давлату ҷомеа ояндаи неки худро бо пешравии соҳаи маориф , бо тайёр намудани мутахассисони варзидаи дорои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ мепайвандад, зеро бе пешравии ин соҳа беҳбудии иқтисодӣ, инкишофи фарҳанг ва ташаккули шахсияти дорои олами бойи ботиниро тасаввур намудан имконнопазир аст.”

Чунин сиёсати маорифпарваронаи Президенти кишвар то имрӯз бомаром ва пайваста равшангару возеҳтар идома дорад, ки ба шарофати он маорифи кишвар марҳилаҳои нав ба нави ташаккулу пешрафтро пушти сар намуда истодааст. Соҳибдавлати хирадпеша – Пешвои миллат мардумро дар атрофу ҷониби хеш басиҷ гардонид. Аз нахустин лаҳзаҳои роҳбарӣ самти мактабу маорифро қутбнамо эълон намуд, ки акнун солиёнест мардуми азизи кишвар аҳлонаву судмандона аз маърифати дарунмоягӣ бархурдор гардида, кору паймон менамоянд.

Бешубҳа, дар сиёсати давлатӣ дар мадди аввал ва самти арзишманду афзалиятнок гузоштани соҳаи маориф моҳияти бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маърифатию фарҳангӣ дошта, баҳри инкишофу рушди ҷомеа таҳаввулоти ҷиддие ба вуқӯъ пайваст. Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ заминаҳои ҳуқуқӣ ва фарҳангиро барои татбиқи нақшаҳои бузурги бунёдкорӣ ва созандагӣ дар соҳаи маориф рӯ ба рӯ сохт. Дар ин замина мақом ва мартабаи низоми муосири маориф ҳамчун меъёри асосии пешрафту дигаргунсозии ҷомеа ва рушди мамлакат афзуда, омили муҳими пешрафти иқтидори иқтисодиёт ва амнияти миллӣ гардида, барои густариши таҳсилоти босифат, ҳамгироии низоми ягонаи таҳсилот, таъмини эҳтиёҷоти ҷомеа ва шахсият баҳри дарёфти донишу ҳунар мусоидат менамояд.

Ҳамин тавр, соҳаи мориф, ки яке аз омилҳои асосии пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад, дар замони навини созандагиву бунёдкорӣ ва рушди пурвусъати илму технологияи ҷаҳонӣ бо вазифаҳои бузургу таърихӣ рӯ ба рӯ мешавад. Дигаргуниҳои куллие, ки мо имрӯзҳо дар назар дорем, шароит фароҳам меоваранд, то маорифи мо бо таҳсилоти ҷаҳонӣ ҳамсатҳ гардад. Дар ҷаҳони кунунӣ, ки дорои сиёсатҳои ноустувор ва тағйирёбанда буда, ҷаҳоншумулӣ фарогири тамоми соҳаҳои ҳаёти башарист, миллат ва кишваре наметавонад бе доштани идеяи комили миллӣ ва маориф тараққӣ ёбад. Дар мавриди кунунӣ Тоҷикистони моро месазад рисолати таърихии худро дар роҳи ҳифзу нигоҳдории илму маориф ва фарҳанги миллии худ густурда иҷро намояд. Барои он ки миллат ҳам дар дохил ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ дуруст муаррифӣ гардаду муваффақиятҳо ба даст оварад, то ки субот дар ҷомеа барқарор бимонад, пеш аз ҳама тақвият додани ҳуввияти миллӣ ва бар ин асос муайян намудани ғояи миллӣ ва рушди маориф зарурати муайянкунанда дорад.

Сулаймонова Ойҷонбӣ Ғуломовна – мудири кафедраи “Фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ” – и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.