Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ТАТБИҚИ ТАШАББУСҲОИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР МӮҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Мулоқоти Сарвари давлат бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки санаи 9 март баргузор шуда буд, дар саросари кишвар мавҷи баҳсҳоро бо изҳори ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат ба бор овард. Чорабинӣ, ки дар маҷмааи боҳашамати Кохи “Ваҳдат” баргузор шуд, дар маркази таваҷҷӯҳи тамоми сокинони мамлакат қарор гирифт.

Чунин вохӯриҳо дар замони муосир, ки ҷомеа бо мушкилотҳои зиёде рӯбарӯ аст, моҳияти калон доранд. Чунин вохӯриҳо механизми мубодилаи мустақими афкорро байни мақомоти давлатӣ ва гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ фароҳам меоваранд, ки ин ба беҳтар шудани ҳамфикрӣ, муайян кардани мушкилотҳо ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо ёрӣ мерасонад.

Дар мулоқоти баргузоршуда Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар оид ба ҷараёни татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» андешаронӣ намуда, аз аҳли ҷомеаи мамлакат риояи қатъии муқаррароти қонунҳоро талаб намуданд.

Дар робита бо гуфтаҳои боло, санаи 18 марти соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” бо ибтикори роҳбари муассиса, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода,  ҷиҳати омӯзиш ва татбиқи ташаббусҳои Сарвари давлат, ки зимни мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат ироа гаштаанд, ҳамоиши сиёсӣ бо ҷалби донишҷӯёну омӯзгорон ва кормандони коллеҷ баргузор гашт.

Дар оғоз роҳбари муассиса, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода оид ба ташаббусҳои пешанамудаи Сарвари давлат ва моҳияти ҷонибдорӣ кардан аз онҳо суханронӣ намуданд. Хоса қайд гардид, ки аҳамияти ба тартиб даровардани расму оин ва ҷашну марасимҳоро барои ҳаёти ҷомеа нодида гирифтан мумкин нест. Ин ҷанбаҳо ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанг ва ҳувияти мо буда, арзишҳо ва асосҳои муттаҳидии моро муайян мекунанд. Ба роҳ мондани дурусти ин ҷанбаҳо на танҳо ба ҳифзи мероси фарҳангии мо, балки ба таҳкими робитаи иҷтимоӣ ва ҳамбастагӣ дар ҷомеа мусоидат мекунад. Илова бар ин, он ба пойдории суботу оромӣ, ки асоси рушду шукуфоии кишвари мост, мусоидат менамояд.

Инчунин ба таълиму тарбияи насли наврас, хоса масъулияти падару модар дар ин самт ишора карда шуд. Бояд қайд кард, ки масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон нақши калидӣ дорад. Дар ҷаҳоне, ки ҷомеа бо чолишҳо ва дигаргуниҳои гуногун рӯбарӯ аст, волидон дар ташаккули насли оянда нақши калидӣ доранд. Ғайр аз рушди бомуваффақияти наврасон, мутобиқати онҳо ба ҷаҳони зудтағйирёбанда, инчунин ташаккули арзишҳо ва малакаҳои устувор барои ҳаёти муваффақ низ аз падару модар вобастагӣ дорад.

Сипас омӯзгорон аз кафедраи фанҳои гуманитарӣ бо маърузаҳои худ дар мавзӯи марбут ба масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, дасткашӣ аз бегонапарастӣ баромад намуданд. Дар ҷамъбаст бо ташаббуси роҳбари муассиса викторина баргузор шуд, ки доир ба мавзуъҳои матраҳшуда ба ҳозирин саволҳо дода мешуд.

Дар анҷоми чорабинӣ роҳбарияти муассиса аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки ташаббусхои Сарвари давлатамонро дастгирӣ намоем то ин ки меҳнати якҷояи мо ҷамъиятамонро ба сӯи ободӣ ва беҳбудӣ расонад.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.