Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари аҳамияти сиёсӣ-ҳуқуқӣ доштанаш, инчунин, аҳамияти махсуси ахлоқиву тарбиявӣ дорад. Боиси хушнудист, ки имсол низ Пешвои ғамхору ҷавонпарварамон дар Паёми худ дар бораи ҷавонони саодатманди тоҷик сухан ронданд: “Ҷавонони мо, ки насли замони Истиқлол мебошанд, дар тамоми соҳаҳо, дар сохтмонҳои бузурги аср, дар ҳифзи сарҳад ва дар рушди илму маориф саҳми бузург мегузоранд”. Ҳамчунин қайд намуданд, ки имсол ҷавонони тоҷик дар озмуну олимпиадаҳои байналмиллалӣ ва мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ хеле фаъол буда, соҳиби дастовардҳову муваффақиятҳои назаррас гардиданд ва Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданд.

Ҳамзамон Пешвои муаззами миллат иброз доштанд, ки “Ҷавонони имрӯзаи тоҷик ҳисси миллӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ доранд, бо одоб ва рафторашон аз ҷавонони 20 соли гузашта ба кулли фарқ мекунанд”. Махусус, барои ҳавасманд гардонидани ҷавонон ва дастгирии моддиву маънавии онҳо супориш доданд, ки ҳамагуна стипендияҳо аз 1-уми июли соли 2024 40% зиёд карда шавад. Метавон гуфт, ки бо ироа гардидани Паём ҳазорҳо нафар мардуми касбу кори гуногун оид ба дастоварду пешравиҳои дар зарфи солҳои охир ноилшудаи Тоҷикистон маълумоти фаровон дарёфта, андешаи таҳияи нақшаву ниятҳои некро дар зеҳну зарфияти худ парвариданд. Зеро нуктаҳои ироанамудаи Пешвои муаззами миллат ҳар як шаҳрвандро ба андешаҳои созанда, рафтору кирдору пиндорҳои нек таҳрик дода, қобилияти наҷиби мафкурасозиро доро мебошад.

Паёми Сарвари давлат собит месозад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як марҳилаи таърихии давлатдориро сипарӣ намуд. Аз паёмҳои Сарвари давлат чунин хулоса намудан мумкин аст, ки ҳар як сухани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳият, мазмун ва мундариҷаи асосии ҳаёти воқеии халқи тоҷик буда, дар он арзишҳои истиқлолу озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ инъикос ва тараннум гардидаанд.  Дар асоси гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо  боварӣ дорем, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, аҳли заҳмати касбу кори гуногун гуфтаҳои зеринро аз Паём сидқан ва самимона қабул ва дар амал татбиқ хоҳем кард:

“Ман ба мардуми азизи кишвар муроҷиат карда, ҳар яки онҳоро даъват менамоям, ки биёед, табиати Тоҷикистони биҳиштосоямонро ба гулистон табдил диҳем, ободӣ ва тозагиву озодагиро аз ҳар хонаву кошона сар карда, то деҳоти дурдасттарин вусъат бахшем, тамоми қаламрави Ватанамонро хурраму сарсабз гардонем ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани худро ба ҷаҳониён собит намоем”.

Аз ин рӯ мо ҷавонон ва кулли сокинони кишварро мебояд, ки доир ба иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардида камари ҳиммат бандем ва заррае ҳам бошад, саҳми худро дар шукӯфоии кишвари азизамон – Тоҷикистон гузорем.

Табарзода Низомиддин, Рузигули Начмиддин Омӯзгорони кафедраи “Фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ” –и  МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.