Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ОМӮЗИШИ ВАЗЪИЯТ ВА ШАРОИТҲОИ ТАТБИҚИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати мамлакат сол ба сол дастовардҳои сокинони кишварамон афзун гашта, Ҷумҳурии Тоҷикистон тадриҷан ба марҳилаҳои нави тараққиёт ворид шуда, ба сӯи пешрафту тараққиёт қадамҳои устувор мегузорад. Сулҳу суббот, сарҷамъиву ҳамдигарфаҳмӣ дар мамлакат густариш ёфта, дар ин замина сатҳи зиндагии мардум баланд ва рушди озодии шаҳрвандон таъмин гардида истодааст.

Дастовардҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсии солҳои охири Тоҷикистон ҳамчун омили асосии ризоияти ҷомеа ва нишонаи маърифату фарҳанги баланди аҳолӣ арзёбӣ мегардад. Дигаргунсозиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сохтмони шоҳроҳҳо, пулу нақб, эҳёву рушди соҳаҳои саноат, энергетика, металлургияи ранга ва бунёди дигар иншоотҳои ҳаётан муҳим шароити муносиби зиндагиро барои сокинон ва пешрафту ободии ҷумҳурӣ фароҳам оварда, кишварро ба ҷодаи музаффариятҳои навин раҳнамун месозад.

Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мутобиқи ҳадафҳои дарозмуҳлат ва афзалиятҳои рушди кишвар, ки дар паёмҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст. Пурра аз байн бурдани камбизоатӣ, иваз намудани моделҳои ноустувор ва пешбурди моделҳои устувори истеъмолот ва истеҳсолот, инчунин ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ бо мақсади рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоӣ, вазифаҳои асосӣ ва шартҳои ҳаётан муҳими рушди устувори инсон маҳсуб меёбанд. Афзалиятҳои асосии рушди кишвар маориф, тандурустӣ, шуѓл, нобаробарӣ, мубориза бар зидди коррупсия, таъмини амнияти озуқаворӣ ва ѓизо, идоракунии самаранок, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, пешгирии низои эҳтимолӣ, амнияти энергетикӣ, экология ва идоракунии равандҳои демографӣ мебошанд.

Дар Стратегияи миллии рушд омадааст, ки Тоҷикистон дар соли 2030 ба кишвари дорои рушди устувор ва рақобатпазир табдил меёбад, ки аҳолии он аз сатҳу сифати арзандаи зиндагӣ бо имкониятҳои баробар барои татбиқи неруи инсонӣ дар асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиромгузорӣ ба шаъну шарафи инсон баҳра мебаранд. Биниши ояндаи дарозмўҳлати кишварамон – нигаҳдории ваҳдати миллӣ, таъмини амнияти миллӣ, амалӣ намудани принсипҳои адолати иҷтимоӣ ва самаранокии иқтисодӣ, беҳсозии некўаҳволии мардум бетаѓйир боқӣ мемонад. Рисолат, ё моҳияти пешрафти минбаъда – ин бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол, шукуфон, аз лиҳози иқтисодӣ ва сиёсӣ босубот мебошад.

Дар давоми солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил шуд. Аз нигоҳи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ин муваффақиятҳо равшану возеҳ буда, асосан, ба туфайли иродаи қавии сиёсии роҳбарияти кишвар ба даст омадаанд. Аммо асри XXI бо шароити берунаи босуръат таѓйирёбандаи рушд ба мардуми мо вазифаҳои нав ва то андозае фарогиранда пеш мегузорад, ки ҳалли онҳо барои иттиҳоди ҷомеа ва ҳифзи асолати миллӣ ҷиҳати ноилшавӣ ба тараққиёти густурда хеле муҳим мебошад.

Ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар бар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ маҳсуб меёбад. Барои ноилшавӣ ба ин ҳадафи олӣ ҳадафҳои зерини стратегии рушд то соли 2030 муайян шудаанд:

расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ;

баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари

транзитӣ;

таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ѓизои хушсифат;

саноатикунонии босуръати кишвар [10, с. 8].

Соҳаи энергетика яке аз соҳаҳои калидӣ барои ҳар як давлат ба ҳисоб рафта, омили асосии баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, рушди соҳаҳои иқтисодиёт, саноату сармоягузорӣ, ҳамзамон соҳаҳои иҷтимоӣ ба шумор меравад. Рушди мунтазами иқтисодиёти кишвар бе истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини пурраи ҳамаи соҳаҳо бо нерӯи барқғайриимкон аст. Рушди энергетика яке аз заминаҳои асосии рушди иқтисодии кишвар дониста мешавад.

Ба назар мерасад, ки кишварамон бо азму иродаи қавӣ сол то сол барои расидан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ қадамҳои устувор мемонад. Ин аст, ки сол то сол лимити барқ дар фасли сармо беҳтар мегардад. Тоҷикистон кишвари дорои захираҳои бузурги нерӯи об буда, дар ҳолати истифодаи пурраи он дар ояндаи наздик метавонад ба давлатҳои ҳамсоя нерӯи барқро ба андозаи боз ҳам зиёд интиқол дода, вазъияти молиявии худро ба маротиб беҳ намояд [4].

Маълум аст, ки беҳтар гардидани сатҳи зисту зиндагии мардум, рушди бонизоми соҳаҳои мухталифи кишвар дар замони муосир ба соҳаи энергетика вобастагии зич дорад. Он рӯз нест, ки маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ пурра бардошта мешавад. Ин дурнамо ва ояндабиниро дар талошҳои имрӯзаи Ҳукумати мамлакат ва сол то сол беҳтар гардидани таъмини аҳолӣ бо неруи барқ дидан мумкин аст.

Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ дар қатори ҳадафҳои стратегие мебошад, ки ҳамчун вазифаи умумимиллӣ ва омили муҳими пешрафти кишвар шуморида шудааст. Ин ҳадаф сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгард, оҳан, пулҳо, нақбҳо, фурӯдгоҳҳо ва дигар инфрасохтори нақлиётиро мутобиқ бо стандартҳои байналмилалӣ дар бар мегирад, ки амалишавии он тадриҷан бояд ҷумҳуриро аз бунбасти коммуникатсионӣ берун оварда, онро ба минтақаи транзитӣ табдил диҳад. Ба мақсади расидан ба ин ҳадаф корҳои зиёде, аз қабили сохтмони роҳҳо, пулҳо, нақбҳо, таҷдиди иншоотҳои нақлиётӣ ба анҷом расиданд ва ё идома доранд.

Масъалаи дигар – беҳтар намудани фаъолияти нақлиёт, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, мустаҳкам намудани робитаҳои нақлиётии кишвар ва тадриҷан ба хатҳои транзитии миёни давлатҳо табдил додани шабакаи роҳҳои оҳану автобомилгарди ҷумҳурӣ мебошад. Пешбинӣ шудааст, ки амалӣ шудани ин ҳадафи стратегӣ беҳтар гардидани дастрасӣ ба бозор, зиёд кардани ҳаҷми тиҷорат дар минтақа, паст намудани арзиши хизматрасонии нақлиётӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолиро таъмин хоҳад кард.

Таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятноки стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣ омили муҳимтарини таъмини амнияти озуқавории кишвар муайян шудааст. Ба ин мақсад масъалаҳои истифодаи оқилонаи замин, баланд бардоштани ҳолати мелиоративӣ ва ҳосилнокии он, содироти меваю сабзавот, аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷа ҳисоб шудаанд. Иҷрои он сохтмони корхонаҳои истеҳсолӣ, рушди технологияи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, парвариши навъҳои нави растанӣ, мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон, рушди боғу токпарварӣ, чорводорӣ ва ғ., овардани техникаи кишоварзиро талаб мекуна. Амнияти озуқавории кишвар танҳо дар сурате таъмин карда мешавад, ки агар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии худӣ афзоиш ёбад ва аз хориҷи кишвар маводи ғизоӣ камтар ворид гардад.

Пас аз истиқлоли давлатӣ дар ҷумҳурӣ ислоҳоти иқтисодӣ оғоз шуд. Гузариш ба шакли нави муносибатҳои иқтисодӣ, ташкил намудани шаклҳои нави хоҷагидорӣ ва хусусигардонии моликият боиси тағйирёбии соҳаи кишоварзӣ гардиданд. Гузариш ба шакли нави муносибатҳои иқтисодӣ ва ташкил намудани шаклҳои нави хоҷагидорӣ, ғайридавлатӣ гардондани моликият дар соҳаи кишоварзӣ ба тағйироти куллӣ оварда расонд.

Соҳаи кишоварзӣ бахши пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон ба шумор меравад. Рушди соҳаи кишоварзӣ барои таъмини аҳолии кишвар бо маводди хӯрока, баланд бардоштани сатҳи даромаднокӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ мусоидат менамояд. Амнияти озуқаворӣ – вазъи иқтисодии давлат мебошад, ки аз ҳисоби истеҳсолоти дохилӣ бехатарии озуқавории кишвар таъмин гардида, дастёбии воқеӣ, ки барои ҳаёти солиму фаъол ва рушди демографии ҳамаи аҳолӣ зарур аст, кафолат дода мешавад.

Мафҳуми амнияти озуқаворӣ ин, пеш аз ҳама имкониятҳои номаҳдуди давлату ҷамъият дар таъмини бемайлони аҳолӣ бо озуқаворӣ, ки аз ҷиҳати миқдор ва сифат барои ҷисми инсон ва нигоҳдории қобилияти меҳнатии ӯ лозим буда, на танҳо дар вазъяти ором, балки даҳолатҳои фавқулода низ миқдори он басанда бошад. Амнияти хӯрокворӣ ҳамон вақт таъмин ҳисобида мешавад, ки агар хӯроквории мувофиқ (аз нуқтаи назари миқдор, сифат, бехатар будан) мавҷуд ва дастрас бошад ва ҳамаи табақаҳои ҷомеа ҳама вақт барои таъмини ҳаёти фаъол ва солим чунин хӯроквориро истеъмол намоянд Айни замон фоизи миёнаи қонеъгардонии талаботи физиологии аҳолии ҷумҳурӣ бо тамоми маҳсулоти кишоварзии истеҳсолшаванда 43,5 фоиз-ро ташкил медиҳад [2].

Амнияти озуқаворӣ ҳадафи ягона ва сиёсати аграриву иқтисодии давлат, ҳолати иҷтимоие, ки дар ҳар лаҳзаи он тамоми қишрҳои ҷомеа имконияти воқеӣ ва иқтисодии дастрас намудани хӯроквории безарарро барои таъмини зиндагии солим доро мебошад. Амнияти хӯрокворӣ ҳамчун қобилияти кафолат додани давлат дар бобати қонеъ намудани талабот ба хӯрокворӣ дар сатҳе, ки фаъолияти мӯътадили ҳаётгузаронии аҳолиро таъмин менамояд, дониста мешавад.

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар ин маврид чунин иброз гардидааст: “Бо мақсади ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти худӣ майдони кишти асосӣ ва такрории зироатҳои кишоварзӣ дар масоҳати даҳҳо ҳазор гектар афзоиш дода шуд… Тибқи таҳлилҳо рушди миёнаи солонаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар давоми солҳои 1997 – 2020–ум 7,3 фоизро ташкил дода, ҳаҷми он дар ин давра 5 баробар афзоиш ёфтааст. Бо ин мақсад, минбаъд афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бисёр муҳим буда, истифодаи самараноки обу заминҳои корам, технологияҳои инноватсионӣ ва агротехникаи пешрафта, аз ҷумла бунёди боғҳои интенсивӣ бояд таъмин карда шавад. Вобаста ба ин, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳар як кишоварз ва ҳар як оиларо зарур аст, ки истифодаи самараноки замин, пеш аз ҳама, заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ, захира кардану истифодаи тухмиҳои аълосифат ва бо ҳамин роҳ гирифтани то се ҳосилро, махсусан, дар соли 2021 таъмин намоянд… Бо мақсади дастгирии давлатии кишоварзони мамлакат ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ пешниҳод менамоям, ки тамоми кишоварзони мамлакат барои як сол, яъне соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шаванд” [8].

Ҳифзи амнияти хӯрокворӣ вазифаи ҳамаи мақомоти назоратии кишвар ба шумор рафта, солимии аҳолиро таъмин менамояд. Сифатнокии молу маҳсулот яке аз масъалаҳои асосии амнияти хӯрокворӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ дониста мешавад. Бо ин мақсад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» (№ 671 аз 23 декабри соли 2010) қабул гардидааст. Инчунин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра барномаҳоро дар соҳаи кишоварзӣ қабул намудаст, ки маъмултарини он “Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020” мебошад, ки барои расидан ба ин ҳадафи худ равона гардида буд. Дар маҷмӯъ то имрӯз дар соҳаи кишоварзӣ 13 барномаи давлатии соҳавӣ қабул гардидааст [3].

Барои расидан ба саноатикунонии босуръати кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалишавии барномаҳои соҳавии қабулгардида ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузориро таҳти назорати қатъӣ қарор додааст. Айни замон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро доир ба ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои навъи истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва ташкили ҷойҳои корӣ, вусъат бахшида истодааст. Мавҷуд набудани баъзе намудҳои ашёи хом дар дохили кишвар барои истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ масъалаи ҳалталаб мебошад.

Вобаста ба ин, дар назар дошта шудааст, ки ашёи хоми барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ воридшаванда, ба истиснои ашёи хоми дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва молҳои зераксизӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шавад ва тартиби татбиқи имтиёзҳо муайян шавад. Тадбирҳои ҳавасмандгардонӣ доир ба ташкили истеҳсолоти ивазкунандаи воридот имкон доданд, ки аҳолӣ аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ бо молҳои асосии хӯрокворӣ, асбобҳои рӯзгор ва масолеҳи сохтмон таъмин гардида, ҳаҷми воридоти маводи ғизоӣ аз хориҷи кишвар дар давоми се соли охир қариб се миллиард сомонӣ ё 31 фоиз коҳиш дода шавад.

Барои ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ дар 15 соли оянда нигоҳ доштани суботи нишондиҳандаҳои макроиқтисодию иҷтимоӣ, ташкили ҷойҳои нави кории дараҷаи баланди истеҳсолӣ ва фароҳамсозии замина ҷиҳати таҳким бахшидани иқтидори содиротии мамлакат пешбинӣ гардидаанд. Дар баробари андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии ҳуҷҷати мазкур ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ тадриҷан зиёд гардида, замина барои ба гурӯҳи давлатҳои миёна ворид гардидани Тоҷикистон фароҳам меояд. Сатҳи камбизоатӣ ду маротиба коҳиш ёфта, ҳиссаи табақаи миёна аз 22 фоизи ҳозира то 50 фоиз дар оянда расонида мешавад.

Ҳангоми иҷрои бомуваффақияти стратегия дарозумрӣ аз 73 ба 80 сол, сифи миёна аз 22 ба 50 фоиз расида, на камтар аз якуним миллион ҷойҳои кори доимӣ таъсис шуда, сатҳи камбизоатӣ аз 31 ба 15 фоиз кам гардида, сатҳи фақри шадид аз байн бурда мешавад. Ҳамзамон, Тоҷикистон дар индекси рушди инсонӣ ба гурӯҳи сатҳи баланд расида, вобаста ба идоракунии давлатӣ ба гурӯҳи кишварҳои пешсафи Осиёи Марказӣ ва ИДМ мерасад.

Метавон хулоса кард, ки дар татбиқу амалӣ кардани чор ҳадаф, дар дутои он (истиқлолияти энергетикӣ ва баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ) ба муваффақияту дастовардҳо ноил шудаем. Ду агрегати НБО “Роғун” ба кор даромаданд, чандин НБО-ҳои хурди тавлиду истеҳсоли барқ фаъол гашта, бунёду таъмиру азнавсозии роҳу пулҳои замонавӣ мушкилоти рафтуомади мардумро дар ҳама фасли сол осон гардонид, яъне аз бунбасти коммуникатсонӣ то ҷое раҳо гаштем, саноатикунонӣ низ, ки ҳадафи навқабулшуда аст, дар ҳоли рушду тавсеа қарор дорад. Аммо дар таъмини бехатарии озуқаворӣ мушкилиҳо ҷой доранд. Саршор аз маводи озуқа будани рафу растаҳои бозору мағозаҳоямон нишонгари он нест, ки бехатарии озуқаворӣ дар кишвар таъмин аст. Танҳо дар он маврид метавон аз таъмини бехатарӣ ҳарф зад, агар воридотивазкунандаи маводи ғизоиро дар Ватан соҳиб бошем.

Расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати мамлакат, ҳамчунин, масъалаҳои иҷтимоӣ бо ҳам робитаи бевоситаи қавӣ доранд. Аз ҷумла, саноатикунонии босуръати мамлакат аз таъминот бо рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ва имконоти фурӯши он, маблағгузорӣ ва бисёр масъалаҳои дигар вобастагӣ дорад. Дар ин ҳолат масъалаи кадрҳои дорои маҳорату малакаи баланди ба истеҳсолот роҳбарикунанда аҳамияти махсус пайдо мекунад. Роҳбарии босалоҳият ба самтҳои гуногуни иқтисодиёт ҳамеша самараи хуб медиҳад.

Аз таҳлили таҳқиқотҳои илмии коршиносони соҳа бармеояд, ки барои расидан ба амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон дар амал татбиқ намудани тадбирҳои зерин мусоидат мекунанд:

аз ҷониби аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва хусусӣ сарфакорона истифода намудани нерӯи барқ;

ҳифзи роҳҳои сохташуда ва таъмиршуда, инчунин таъмири роҳҳои байни ноҳияҳо;

сохтани корхонаҳои истеҳсолии нуриҳои минералӣ ва заҳрхимикатҳо;

пешниҳоди имтиёзҳо ба деҳқонон ва ба техникаи кишоварзӣ таъмин намудани кишоварзон;

таъмин намудани дастрасии истеҳсолкунандагони кишоварзӣ ба захираҳои молиявӣ ва қарзӣ;

мусоидат ба кишоварзон барои дастрасӣ ба тухмии хушсифат, зотҳои чорвои барои Тоҷикистон мувофиқ, нурию заҳрхимикатҳои асосӣ, инчунин ба хизматрасониҳои бойторӣ;

омода намудани мутахассисони соҳаи саноат ва идоракунии иқтисодӣ;

истифодаи дастовардҳои илм ва технология дар истеҳсолот ва тиҷорат;

паст намудани фоизҳои қарзҳои бонкӣ барои соҳибкорон ва истеҳсолкунандагони молу маҳсулоти ватанӣ [5].

Хулоса, татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини солимӣ ва зиндагии шоистаю сазовори аҳолии кишварамон мусоидат менамояд.

АДАБИЁТ

Акрамов А.Ш. Истиқлолияти энергетикӣ ва тарзҳои бадастории он дар Тоҷикистон / А.Ш. Акрамов, А.Ё.  Комилбеков // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бахши илмҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ. – 2019. – №9 – С. 300-304.

Амнияти хӯрокворӣ [манбаи электронӣ]. URL: https://tg.wikipedia.org/wiki. (санаи истифодабарӣ: 10.05.2021)

Кишоварзӣ дар Тоҷикистон [манбаи электронӣ]. URL: https://tg.wikipedia.org/wiki (санаи истифодабарӣ: 10.05.2021).

Маҳмудзода М. Истиқлолияти энергетикӣ – таҳкимбахши истиқлолияти давлатӣ [манбаи электронӣ] URL: https://www.parlament.tj/news/171-isti-loliyati-energetik-ta-kimbahshi-isti-loliyati-davlat (санаи истифодабарӣ: 10.05.2021).

Миров Ф.С. Таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои асосии стратегияи рушди Тоҷикистон (дар асоси таҳлили натиҷаҳои тадқиқоти сотсиологӣ) / Ф.С. Миров // Маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи татбиқи ҳадафҳои рушд” (17 сентябри соли 2021). – Душанбе: Илм, 2021. – С. 90-110.

Нидоев Н.Ф. Нақши нерӯгоҳӣ нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ва мавқеи он дар таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон / Н.Ф. Нидоев, Л.Ҷ. Буриев, Р.П. Наврӯзов // Паёми Донишгоҳи Давлатии Тиҷорати Тоҷикистон. – 2019. – №3 (28). – С. 63-70.

Омӯзиши вазъият ва шароитҳои татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ҳисоботи таҳлилӣ оид ба натиҷаҳои тадқиқоти сотсиологӣ ). – Душанбе, 2021. – 95 с.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 26.01.2021 [манбаи электронӣ]. URL: http://president.tj/node/25005 (санаи истифодабарӣ: 10.05.2021).

Рузизода А.Ҳ. Афзунгардонии самаранокии истеҳсолоти кишоварзӣ – асоси таъмини амнияти озуқавории кишвар / А.Ҳ. Рузизода, А.А. Исмоилов, Ҷ.О. Раҳимов // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бахши илмҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ. – 2019. – №10-2. – С. 198-204.

Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030. – Душанбе, 2016. – 104 с.

ОМӮЗИШИ ВАЗЪИЯТ ВА ШАРОИТҲОИ ТАТБИҚИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Маҳинабонуи Р.

Дар мақола ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст. Дар мақола қайд карда мешавад, ки расидан ба ҳадафҳои стратегии рушд, аз ҷумла истиқллияти энергетикӣ, баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ, расидан ба амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии бошитоб барои зиндагии шоистаю сазовор, баланд бардоштани сатҳи даромаднокӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ мусоидат менамояд. Муаллиф барои татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор пешниҳодҳо намудааст.

Вожаҳои калидӣ: стратегияи рушд, истиқлолияти энергетикӣ, бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, истеҳсолоти кишоварзӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, саломатии аҳолӣ, сатҳи зиндагӣ, рушди иқтисодӣ, саноатикунонӣ.

ИЗУЧЕНИЕ СИТУАЦИИ И УСЛОВИЙ РЕАЛИЗАЦИИ НАЦИОНАЛЬНОЙ СТРАТЕГИИ РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Махинбану Р.

В статье проанализированы и обсуждены важные цели Национальной стратегии развития Республики Таджикистан на период до 2030 года. В статье отмечается, что достижение стратегических целей развития, в том числе энергонезависимости, выход из коммуникационного тупика, достижение продовольственной безопасности и ускоренная индустриализация способствуют достойной жизни, повышению уровня рентабельности и обеспечению занятости населения. Автор внес ряд предложений по реализации Национальной стратегии развития Республики Таджикистан.

Ключевые слова: стратегия развития, энергонезависимость, коммуникационная изоляция, продовольственная безопасность, сельскохозяйственное производство, сельскохозяйственная продукция, здоровье населения, уровень жизни, экономическое развитие, индустриализация.

STUDY OF THE SITUATION AND CONDITIONS OF THE IMPLEMENTATION OF THE NATIONAL DEVELOPMENT STRATEGY OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Mahinbanu R.

The important goals of the National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030 have been analyzed and discussed in the article. It is noted in the article that achieving the strategic goals of development, including energy independence, getting out of the communication bottleneck, achieving food security and rapid industrialization contributes to a decent life, increasing the level of profitability and providing employment to the population. The author made a number of proposals for the implementation of the National Development Strategy of the Republic of Tajikistan.

Key words: development strategy, energy independence, communication isolation, food security, agricultural production, agricultural products, population health, standard of living, economic development, industrialization.

Маҳинбонуи Раҷабассистенти кафедраи  фанҳои

“Гуманитарӣ” дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.