Хабарҳо ЧОРАБИНИИ ТАРБИЯВӢ – ФАРҲАНГӢ ТАҲТИ УНВОНИ “НАВРӮЗ – ҶАШНИ МИЛЛӢ” Бо admin Охирин навсозӣ Mar 19, 2024 0 Санаи 16 – уми марти соли 2024 дар асоси дастуру ҳидоятҳои директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т., Ашуриён Ш.С., ва нақша – чорабиниҳои МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” дар кафедраи “Фанҳои тиббӣ – биологӣ” чорабинии тарбиявӣ – фарҳангӣ таҳти унвони “НАВРӮЗ – ҶАШНИ МИЛЛӢ” ташкил ва баргузор карда шуд. Дар чорабинии мазкур Мазабова Н.Н. – сармутахасиси шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот, Қурбонова П.Г. – декани факултети “Кори ҳамширагӣ (Дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ)”, Раҳмонова М.Ш. – мудири кафедраи “Фанҳои тиббӣ – биологӣ”, устодон ва донишҷӯён иштироки фаъолона намуданд. Чорабини мазкур бо ташаббуси устодони кафедраи “Фанҳои тиббӣ – биологӣ” Лалбекова С.С., Маҳмадшоева Б.Қ. ва Ҳакимов А.О. дар як сатҳи баланд ташкил ва баргузор карда шуд. Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ мудири кафедраи “Фанҳои тиббӣ – биологӣ” Раҳмонова М.Ш. кушода эълон намуданд. Ҳангоми баромад муаллима ҳамаи иштирокчиёнро ба фарорасии фасли зебои сол – баҳор ва ҷашни байналмиллалии “Наврӯз” табрик намуда, ба ҳар яки онҳо рӯзгори босаодатро таманно намуданд. Инчунин дар идомаи суханронияшон изҳор доштанд, ки бо ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 – юми сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид карда шуд ва 23-юми феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64 – уми Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷашни миллиамон мақоми байналмилалӣ касб намуда, имрӯз аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ чун мероси бузургниёгонамон ҳамчун дастоварди беназири фарҳанги умумиинсонӣ пазируфта шуда, чун рамзи некиву накӯкорӣ, хуррамиву хушҳолӣ, шодмониву нишот ва саодату пирӯзӣ дар тамоми сайёра ботантана таҷлил мегардад. Маҳз бо ибтикори Пешвои муаззами миллат, Наврӯзи бостонӣ ба ҷашни созандаву сулҳовар, муттаҳидкунандаи инсонҳо ва таблиғкунандаи дӯстию рафоқат, баробарӣ, адолату додгустарӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсон табдил гардид, ки ҷаҳониён кишвари соҳибистиқлоли мо Тоҷикистонро барҳақ “Гаҳвораи Наврӯз” эътироф намудаанд. Мавсуф изофа намуд, ки Наврӯз ва ҷашнҳои миллӣ – Сада, Тиргон ва Меҳргон падидаҳои нодире мебошанд, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон ҳамчун омилҳои пояндагии тоҷикон нақши барҷаста бозидаанд. Сипас тибқи нақшаи тасдиқгардидаи шӯъбаи корҳои тарбиявӣ омӯзгорон ва донишҷӯён маърӯзаҳои худро ироа намуданд. Барномаи фарҳангии омоданамудаи донишҷӯён ба чорабинӣ шукӯҳу шаҳомати хоса бахшид. Дар охири чорабинӣ Мазабова Н.Н. – сармутахасиси шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот баромад намуда, табрикоти роҳбарияти муассисаро ба ифтихори ҷашни байналмиллалии Наврӯз ба устодон ва донишҷӯён расониданд ва барои дар сатҳи баланди ташкилию тарбиявӣ баргузор намудани чорабинӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд. Мавсуф дар идома изҳор доштанд, ки ҳар яки мо – шаҳрвандони кишварро зарур аст, ки ҷашнҳои миллии худро, ки бо шарофати Истиқлолияти кишвар ва заҳматҳои шабонарӯзии фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардиданд, ҳифз ва гиромӣ дорем. Ҷашни байналмилалии Наврӯз муборак! 0 Мубодила кардан