МақолаҳоХабарҳо ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Бо admin Охирин навсозӣ Mar 19, 2024 0 «Тоҷикистон, алҳақ, як неъмати худодод, як муъҷизаи табиат, як пора биҳишти рӯи Замин аст. Мисли сарзамини мо табиати нотакрор, оби софу зулол, чашмаҳои ширин, кӯҳҳои зебову сарбаланди дорои сарватҳои бои зеризаминӣ дар ягон гӯшаи олам вуҷуд надорад. Пас месазад, ки бо чунин диёри зебоманзар ифтихор намоем ва шукри ҳар пора замину ҳар қатра обаш бикунем, ин ҳама дороиашро, ки сарчашмаи ҳаёти мост, тозаю озода нигаҳбон бошем». Эмомали Раҳмон Яке аз масълаҳои умдаи байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба он кашидааст – «коҳиши пиряхҳо дар кураи замин» мебошад. Қобили зикр аст, ки пиряхҳо манбаи асосии обӣ дар тамоми кишварҳо ба шумор рафта, барои бо об таъмин кардани аҳолӣ хизмат менамоянд. Ҳифзи пиряхҳо бо реҷаи миллӣ ва байналмилалӣ, ҳамчунин ташаббусҳои давлату созмонҳои байналмилалӣ роҳандозӣ мешвад. Воқеъан пиряхҳо яке аз манбаъҳои асосии обӣ дар тамоми кишварҳо ба шумор меравад. Барои бо об таъмин будани аҳолии тамоми кишварҳо, пирях неъмати асосӣ ҳисобида мешавад, чунки бе об ҳеҷ як нафаре наметавонад зиндагонӣ намуда, умр ба сар барад. Бояд гуфт, ки пирях аксар вақт ҳамчун синоними пиряхшавӣ истифода мешавад. Барои дар сатҳи байналмилалӣ ошно сохтани ин гуна мафҳумҳо саҳми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо рангин аст. Қобили зикр аст, ки ҳанӯз моҳи марти соли 2021 зимни ҷаласаи нахустини сарони давлатҳо оид ба иқлими об Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар муқоиса бо афзоиши истеъмоли об, ки ба афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобаста аст, метавонад боиси оқибатҳои манфӣ гардад. Дар робита ба ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Ҳамоиши чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором (Душанбе, дар реҷаи виртуалӣ) 23 апрели соли 2022 таъкид доштанд, ки Тоҷикистон низ дар доираи таъсири таъсири таѓйирёбии иќлим тайи чанд дањсолаи охир беш аз њазор пиряхро аз даст дода, њамасола аз обхезї, хушксолї ва камшавї, ки бо ин раванд вобаста аст, азият мекашад.Ин иқдом дар таърихи 14 декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқ онро қабул кард. Мусаллам аст, ки нуфуз ва мавқеи муайани кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ дар натиҷаи татбиқи сиёсати хирадмандона ва неки ҳамсоягии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф кардааст, ки Пешвои миллати тоҷик ташаббускори шаш раванди азими байналмилалӣ мебошанд: “Соли байналмилалии оби тоза” (2003), Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” (2005-2015), “Соли байналмилалӣ” Ҳамкорӣ дар соҳаи об» (2013), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018-2028), Соли ҳифзи пиряхҳо (2025) ва эълон гардидани 21 март Рўзи умумиҷаҳонии ҳифзи аз пиряхҳо. Ҳар яке аз ин ташаббусҳо барои инсоният аҳамияти ҳаётан муҳим доранд. Умедворем, ки баргузории ҳамоиш дар раванди татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки интизориҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз натиҷаҳои саммит хеле баланд аст, ба мақсади худ мерасад. Мамлакати мо саъю кушиш дорад, ки ба ин чорабинй хаматарафа тайёр карда шавад, то ки натичахои он дар хакикат самарабахш гарданд. Итминони комил дорем, ки Тоҷикистон таҳти ҳидояти Пешвои миллат, ки ташаббускори қабули ин қарорҳо мебошад, барои бомуваффақият амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи худ тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад. Мутахассиси пешбари шӯъбаи ташкилӣ тарбиявӣ ва кор бо ҷавонон Ҷумаев Ф.Ҷ 0 Мубодила кардан