Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – МУАРРИФГАРИ ҶАШНИ НАВРӮЗ ДАР САТҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои зиёди миллии моро аз нав эҳё намуданд, ки дар миёни онҳо Наврӯз ҷойгоҳи хос дорад. Дар Тоҷикистон баъди расмиву давлатӣ гардидани ин Ҷашн ҳамасола тамоми сокинони кишвар, аз хурд то бузург, ба таҷлили Наврӯз бо руҳияи баланди идона омодагӣ мегиранд. Боиси ифтихор ва шодмонии бузург аст, ки ҷашни қадимаю суннатии мардуми тоҷик Наврӯз чанд сол ин ҷониб дар саросари ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомати хосса қайд мегардад. Воқеан, Наврӯз ҷашнест созандаву сулҳовар, муттаҳидкунандаи инсонҳо ва таблиғкунандаи дӯстию рафоқат, баробарӣ, адолату додгустарӣ ва таъминкунандаи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ. Имрӯз Наврӯз дар бештари кишварҳои олам таҷлил карда мешавад, зеро бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарварони як зумра аз давлатҳои дигар 30-юми сентябри соли 2009 ЮНЕСКО Наврӯзро ба рӯйхати ёдгориҳои ғайримоддии инсоният ворид сохт ва сипас, ҷаласаи 64-уми Ассамблеяи генералии СММ бо Қатъномаи «А/64/L» пешниҳоди кишварҳои ташаббускорро бо унвони «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» барои муҳокима қабул кард. Дар ин асно, дар заминаи пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созмони Милали Муттаҳид 23-юми феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64-уми Ассамблеяи генералӣ қароре ба тасвиб расонд, ки тибқи он 21-уми мартро ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон намуд. Мувофиқи он Наврӯзи Аҷам ҳамасола дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад ва ҷиҳати таҷлили шоистаи он тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ мегарданд.
Баъди таъкидҳои пайвастаи Роҳбари давлат, баргузории чорабиниҳои пуршукӯҳ, интишори китобҳои илмию оммавӣ ва маҷмуаҳои ашъори шоирон имконият фароҳам оварда шуд, ки мардум ба асолати ин Ҷашн бештар ошноӣ пайдо намоянд ва меҳру муҳаббаташон зиёдтар гардад. Ин аст, ки хурду бузурги кишвар интизори истиқболи Наврӯз мебошанд ва бо чорабиниҳои хотирмон тантанаҳои идонаро ҷамъбаст менамоянд. Бисёре аз маросими наврӯзӣ, суннатҳои ин оини бостонӣ бо шаклу шеваи нав роиҷ шуда истодаанд. Аз он ҷумла, бо ибтикори Пешвои муаззами миллат тарҳи арчаи наврӯзӣ ва халтачаҳои солинавӣ таҳияву тасдиқ шуда, мавриди истифода қарор гирифтаанд. Бо сабаби таҷлили ин Ҷашн мардум ба корҳои ободонӣ шуруъ мекунанд, ҷӯю каналҳоро тоза менамоянд, дар боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва теппаҳои сарсабз чорабиниҳои идонаву базму шодии наврӯзӣ доир мекунанд. Бо баракати Истиқлоли давлатӣ, сулҳу суботи комил Наврӯз воқеан, ба Ҷашни мардумӣ табдил ёфтааст. Рукнҳои он дар Ватани маҳбубамон устувор гардида, моро водор месозанд, ки ба қадри ин оини ниёгон расем ва беш аз пеш арзишҳои волои наврӯзиро тарғибу ташвиқ намоем.
Аз нигоҳи таърих: Иди Наврӯз ин ҷашни оғози баҳор ва соли нави мардуми форс мебошад. Наврӯз дар луғатҳо ба маънои «рӯзи нав» ва «тоза», «рӯзи нахустин», аввали рӯзҳои сол, яъне рӯзе ки соли нав аз он оғоз мегардад омадааст. Бояд гуфт ки манша ва замони пайдоиши Наврӯз, ба дурустӣ маълум нест. Аммо ин ҷашн таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад ва куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Дар баъзе аз матнҳои куҳан аз ҷумла «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсии Тусӣ, Таърихи Табарӣ, «Ал-тафҳим», «Осору-л-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ ва «Наврӯзнома»-Умари Хайём, шоҳ Ҷамшед ё ин Каюмарс ба унвони поягузори Наврӯз муаррифӣ шудаанд. Падидоварии Наврӯз дар Шоҳномаи Фирдавсӣ, ба ин гуна ривоят шуда аст, ки Ҷамшед дар ҳоли гузаштан аз Озарбойҷон, дастур дод то дар онҷо барои ӯ тахте бигузоранд ва худаш бо тоҷи зарин бар рӯи тахт бинишаст. Бо расидани нури хуршед ба тоҷи заррини ӯ, ҷаҳон нӯронӣ шуд ва мардум шодмонӣ карданд ва он рӯзро Наврӯз номиданд. Бархе аз ривоёти таърихӣ оғози Наврӯзро ба бобулиён нисбат медиҳанд. Бар тибқи ин ривоятҳо, ривоҷи Наврӯз дар сарзамини Форс ба соли 538 пеш аз мелод, яъне замони ҳамлаи Куруши Кабир ба Бобул боз мегардад, ки маҳз ӯ Наврӯзро ҷашни миллӣ эълом кард. Вай дар ин рӯз барномаҳоеро барои сарбозон, поксозии маконҳои ҳамагонӣ ва хонаҳои шахсӣ ва бахшиши маҳкумон иҷро менамуд. Ин оинҳо дар замони подшоҳони дигари Ҳахоманишиён низ баргузор мешудааст. Замони Дорои I, маросими Наврӯз дар тахти Ҷамшед баргузор мешуд. Албатта дар сангнавиштаҳои баҷомонда аз даврони Ҳахоманишҳо, ба таври мустақим ишорае ба баргузории Наврӯз нашудааст, аммо баррасиҳо бар рӯи ин сангнавиштаҳо нишон медиҳад, ки мардум дар даврони онҳо бо ин ҷашн ошно будаанд ва Ҳахоманишиён Наврӯзро бо шукӯҳи бузурге ҷашн мегирифтаанд. Санадҳои таърихӣ шаҳодат медиҳад, ки Дорои I ба муносибати Наврӯз дар соли 414 қабл аз мелод сиккае аз ҷинси тило зарб намуд, ки дар як сӯи он сарбозе дар ҳоли тирандозӣ нишон дода шудааст. Ҳамчунин дар баъзе ривоёт, аз Зардушт ба унвони бунёдгузори Наврӯз номбар шуда аст. Дар замони Ашкониёну Сосониён низ Наврӯз ҷашн гирифта мешудааст. ҳикояту ривоятҳо дар бораи иди Наврӯз хеле бисёранд. Масалан Абурайҳони Берунӣ дар китоби «Осору-л-боқия» овардааст, ки «чун Ҷамшед барои худ тахт бисохт, дар ин рӯз бар он савор шуд ва ҷину шаётин онро бардоштанд. Ва ба як рӯз аз куҳи Дамованд ба Бобул омад. Мардум аз дидани ин амр дар шигифт шуданд ва ин рӯзро ид гирифтанд». Бояд зикр намуд, ки мувофиқи маълумоти овардашуда аз осори Абурайҳони Берунӣ чунин хулосабарорӣ кардан мумкин аст, ки — ин донишманд, ба таври густурдае дар бораи ҷашн гирифтани Наврӯз сухан мегӯяд ва дар таҳқиқоти хеш барои шинохти рамзу рози оинҳо ва маросимҳои гуногун, на танҳо ганҷинаҳои куҳанро мековад ва дарҳои онҳоро ба рӯи хонандагони асари гаронбаҳояш мекушояд, балки аз амалнамоӣ аз суннатҳои дерина дар рӯзгори худ низ, хабар медиҳад ва ошкоро мегӯяд, ки мардумони давронаш бо покиза гардонию навсозии ҳамаи афзорҳо ва дастмояҳои зиндагӣ ва оростану пиростани хонаву кошона аз Наврӯз истиқбол менамуданд. Аз ин китобҳои таърихӣ, яъне «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Осору-л-боқия», «Ал-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ ва дигар асарҳо маълум мешавад, ки Наврӯз дар даврони қадим ба шаклҳои гуногун қайд карда мешудааст. Рӯзҳои ҷашнгирии ид низ фарқ доштааст. Баргузории ҷашни Наврӯз дар замони Сосониён чанд рӯз (на кам аз шаш рӯз) тӯл мекашид. Ва ба ду давра тақсим мешуд. Наврӯзи кӯчак ё Наврӯзи омма, ки панҷ рӯз буд ва аз якӯм то панҷӯми моҳи фарвардин гиромӣ дошт мешуд ва рӯзи шашуми Фарвардин (Хурдодрӯз), ҷашни Наврӯзи бузург ё Наврӯзи хосса барпо мегашт. Равоёти дигаре низ, ки дар даст аст ва дар манобеи мухталиф аз онҳо ёд шуда, бешу кам бо ҳамин таъбирот ҳамроҳӣ дорад, ки «рӯзи аввали фарвардин ибтидои баҳор аст ва инро „Наврӯзи кучак“, „Наврӯзи омма“ ва „Наврӯзи сағир“ гуянд. Худой таъоло дар ин рӯз оламро офарид ва ҳар ҳафт кавкаб дар авҷи тадвир буданд ва авҷоти ҳама дар нуқтаи аввал Ҳамал буд. Дар ин рӯз ҳукм шуд, ки ба сайру давр дароянд ва Одам алаҳиссаломро низ дар ин рӯз халқ кард ва баъзе гуфтаанд, ки Ҷамшед, км ӯ аввал Ҷам ном дошт ва арабон ӯро Манушалх мегуянд, сайри олам мекард. Чун ба Озарбойҷон расид, фармуд тахти мурассае бар ҷои баланде рӯ ба ҷониби машриқ, гузоранд ва худ тоҷи мурассае бар cap ниҳода, бар он тахт биншаст. Ҳамин ки офтоб тулӯъ кард ва партаваш бар он тоҷу тахт уфтод, шуое дар ғояти равшанӣ падид омад. Мардумон аз он шод шуданд ва гуфтанд „ин рӯзи нав аст“ ва чун ба забони пахлавӣ шуоъро „шед“ мегӯянд, ин лафзро бар ҳукм афзуданд ва ӯро Ҷамшед хонданд ва ҷашни азим карданд ва аз он рӯз ин расм пайдо шуд». Мӯҳраз аст, ки агар ҳам дар дарбори шоҳони Сосонӣ як моҳро ба Наврӯз ихтисос медоданд, ин амр мусталзами он набуд, ки оҳоди раият низ даст аз кор бикашанду ба айшу нӯш пардозанд. Чун раволи зиндагии аксарияти заҳматкаш низ бар кору талоши доим устувор буд ва ҳамон ки сездаҳи Наврӯз ба cap мерасид, ба таври ҷиддӣ кӯшишҳои вақфанопазиру бетакаллуфи худро аз cap мегирифтанд. Дар ҳар яке аз рӯзҳои Наврӯзи омма, табақае аз табақоти мардум (деҳқонон, рӯҳониён, сипоҳиён, пешаварон ва ашроф) ба дидори шоҳ меомаданд ва шоҳ ба суханони онҳо гӯш медод ва барои ҳалли мушкилоти онҳо дастур содир мекард. Дар рӯзи шашум, шоҳ ҳаққи табақоти гуногуни мардумро адо карда буд ва дар ин рӯз, танҳо наздикони шоҳ ба ҳузури ӯ меомаданд. Рӯзи аввали фарвардинмоҳ шоҳон ба тахт дар сар тоҷи ҳафтситорадор менишастаанду тӯли панҷ рӯз мардумро қабул мекардаанд, ҳоҷати онҳоро мебаровардаанд ва ҳадяҳо мебахшиданд. Нахустин кассе, ки барои подшоҳ меомад, мубади мубадон ва пас аз он дигарон, ҳар кадом дар гурӯҳи пешаи худ, пеш меомад ва раҳовард пешкаш мекарданд. Рӯзи шашум, Наврӯзи Бузург буд ва хонадони шоҳӣ ва дарбориён бор меёфтанд. ҷашни Наврӯз, ки дар гузашта баргузор мешуд, ҳамин панҷ рӯзро дар бар мегирифт. Дар ин маврид Хоҷа Ҳофиз дар ишораи сарбастае, ба таъбири худаш «дар парда» вобаста ба ин расм мегӯяд:
Хуб мешуд, ки дар ҳама шаҳру ноҳияҳо, ҷамоату деҳаҳо ва маҳаллаҳо мардум бо ободкорӣ машғул шаванд, дар хиёбонҳо гулу гулбуттаҳо шинонанд, кудуратро аз дилҳо дур созанд ва бо меҳру муҳаббат дар фазои дӯстиву бародарӣ умр ба сар баранд. Имрӯз чунин шароиту имконият ба шарофати сиёсати хирадмандонаву фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат ба халқи тоҷик насиб гардидааст. Дар ин иди бошукӯҳ марди деҳқон нахустин донаҳои зироатро ба замин мепошад ва пирони кор дуо менамоянд, ки ҳосил зиёду фаровон гардад. Бигузор имсол чун ҳамасола дар Тоҷикистони азизамон ҳосили ҳама намуди зироат дучанд афзояд. Бошад, ки мардуми Тоҷикистон доимо иди Наврӯз, Иди баҳор ва дигар ҷашну маъракаҳоро дар кишварамон дар фазои сулҳу дӯстӣ ва ваҳдату ягонагӣ баргузор намоянд.
Наврӯз муборак бошад!!!

Мудири кафедраи “Фанҳои морфологӣ”-и МДТ “Коллеҷи Тибби Ҷумҳурявӣ” Муҳаббатов А.Ҷ
Ассистенти кафедраи “Фанҳои морфологӣ”-и МДТ “Коллеҷи Тибби Ҷумҳурявӣ” Худоёрзода З.Х.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.