МақолаҳоХабарҳо ПОЯИ ДАВЛАТ НАБОШАД БЕ МАОРИФ УСТУВОР Бо admin Охирин навсозӣ Apr 4, 2024 0 Пеш 1 то 2 саҳифа Баъдӣ Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳамасола аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар Паём ироа мегардад, ки дар он масъалаҳои тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.Дар Паёми имсолаи хеш Пешвои миллат аз бурду бохти давраи соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, оид ба дастовардҳои соли 2023-юм дар самтҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар андешаронӣ намуданд. Сарвари давлат зимни ироаи паём раванд ва рушди босуботи соҳаи маорифро арзёбӣ намуданд. Соҳаи маориф асоси рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҳар як давлати мустақилро ташкил медиҳад, зеро ҳамаи афроди ҷомеа танҳо баъди гузаштан аз зинаҳои гуногуни таҳсилот вориди ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, фарҳангу маориф, тиҷорату бозаргонӣ ва низомӣ мегардад. Аз ин лиҳоз, соҳаи маорифро метавон модари ҳамаи соҳаҳои дигар номид. Зимнан, Сарвари кишвар таъкид намуданд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ба ҷавонон ва занону бонувон ихтисосу ҳунарҳое , ки барои бозори меҳнат заруранд, таълим дода шаванд. Сарвари кишвар зимни суханронӣ қайд намуданд, ки бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалӣ ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад. Ба андешаи Сарвари кишвар ғамхорӣ нисбат ба маориф, сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободии давлат ва Ватан мебошад. Мақсади эътибори аввалиндараҷа ба соҳаи илму маориф дар Паёми Сарвари давлат роҳандозии ислоҳот дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва рафъи давра ба давраи мушкилоти мавҷуда арзёбӣ гардид. Имрӯзҳо дастовардҳо дар самти маориф хуб аст, вале набояд бо ин нишондиҳанда қонеъ шуда, таваҷҷӯҳро дар ин соҳаи ҳаётан муҳим кам созем. Мо, омӯзгоронро, зарур аст, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунем, барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда, заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро таҳким бахшем ва самарабахшии фаъолияти онҳоро таъмин намоем. Таҳлилҳои оморӣ дар Паёми Сарвари давлат нишон доданд, ки дар соли 2023 2,6 миллион нафар ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Маҳз дар соли 2023 дар кишвар 200 муассисаи таълимии нав ва биноҳои иловагӣ барои беш аз 85 ҳазор хонанда сохта ва мавриди истифода қарор дода шудааст. Дар робита ба ин Сарвари давлат дар Паёми навбатии хеш супориш доданд, ки дар баробари дигар қишрҳои пешбарандаи ҷомеа музди маоши кормандони соҳаи маориф 40% баланд бардошта шавад. Дар ҷавоби ин ғамхории Пешвои миллат имрӯз моро зарур аст, ки рисолати касбии хешро аз ҳарвақта дида боз ҳам бештар иҷро намоем. Зарур аст, ки худ намунаи ибрат барои насли ҷавон бошему дар ҳама самти фаъолият ба рисолати касбии хеш арҷгузор бошем.Ҷонфидоии омӯзгор барои миллату давлат дар он ифода меёбад, ки рисолати худро дар мадди аввал дарк намуда аз ҳама лиҳоз маърифатпарвар бошад. Он ҳама нуқтаҳои дар Паём ишорашуда роҳнамоест баҳри фаъолияти самараноки тамоми қишрҳои ҷомеа. Санавбари Ёдгор, Табарзода Низомуддин – омӯзгорони кафедраи “Фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ”- и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”. 0 Мубодила кардан