Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ: ТАҲДИД БА ҲАЁТИ ОСОИШТАИ ҶОМЕАИ БАШАР

Бояд қайд намуд, ки имрузҳо ва дар оянда низ Экстримизм ва Тероризм ҳамчун хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеъаи умумибашар боқи мемонад. Ногуфта намонад ки дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоиштаи сайёра аз ин хатари марговар азият мекашанд. Иҷрокунандаи ин амалҳои ваҳшиёна одатан як тудаи шахсиятҳое мебошанд, ки аз фарҳангу маърифат дур, бесавод, ҷоҳилу нотавонбин ва шахсиятҳое ки амалу кирдорҳои ваҳшиёна доранд ва ба касеву чизе раҳм надоранд.

Маънои аслии “Экстримизм” чист ва он чи гуна падида аст?

Экстимизм аз калимаи франсузи “extremism” ва лотини “extremus” гирифта шуда маънои аслиаш ифродгарои тундрави, амалҳои тундравона ва аз ҳад гузаштан аст.

Ин амалу зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон дар дин сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ  ба миён ояд. Мутасифона дар замони мо шахсоне ҳизбу ҳарактҳо , ва созмонҳое ҳастанд, ки кушиш менамоянд мақсаду маром ғояву андеша афкор ва нақшаҳо худро бо ҳар роҳу восита ва ҳатто бо амалҳои тундравона амали созанд. Қисми аз олимон пайдоиш ва нуҷуми чунин амалҳои манфи ҷомеъаи ҷаҳониро пеш аз ҳама ба ҷанбаҳои иҷтимоии фаъолияти аҳоли дар кишварҳо вобаста медонанд. Қисми дигар бошанд зуҳури чунин падидаҳоро ихтилооти сиёсии байни давлати алоқаманд мешуморанд. Чунин гуруҳи ҷиноятпеша  ба ҳар роҳ восита мехоҳанд дар ҳар гушаю канори дунё мардуми бегуноҳро ҳадафи ҳамлаи хеш қарор бидиҳанд ва ба ин восита қудрату афзалияти хешро нишон диҳанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар кишварҳои ҷаҳон бо ин зуҳуроти номатлуб пайваста мубориза бурда кушиш ва талош ба харҷ медиҳад, ки аз паёмади ногувори ин гуна амалҳо ҷилогири намояд. Аз ин ру ҳар як фарди бомаърифати ҷомеаро махсусан ҷавонони бо ору нанги кишваро мебояд, ки бо ин афкори, барғалта чеҳраҳои сиёси ноаён фирефта нашуда дар ҷустуҷуи омузиш, ғани гардонидани маърифати ҳуқуқи ва сиёсии хеш бошанд. То дар таҳкими суботи комили сиёси Тоҷикистони азиз поягузор бошанд. Чихеле ки ба ҳамагон маълум аст Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомали Раҳмон пайваста дар баромадҳои хеш ба мо ҷавонон ру оварда таҳкид менамояд, ки сиёсии зиракиро аз даст надиҳед дусту иттифоқ бошед доимо дар  ҷустуҷуи илму ҳунар бошед, зеро миллати босаводу бофарҳангро касе фирефтаи найрангу ҳила ва ба доми худ андохта наметавонад. Аз ин ру мо ҷавононоро мебояд ҳамчун неруи пешбаранда,  бунёдкорони имрузу фардои Тоҷикистони азиз бо ҳисси баланди милли сутуни давлату миллатамонро ҳамчун гавҳари чашмон эҳтиром намуда чун сипари боеътимод бар зидди ҳама гунна хатари Тероризму Эксеримизм бо роҳои пешбини намудану қонунгузори мубориза бурда баҳри пойдори сулҳу субот ва амнияти милли  содиқона ба Ватан хизмат намоем. Мо бояд  Ватанамонро чун Модар  дуст дорем ва арзишҳои миллии онро пос дорем.

Омузгори кафедраи “ Технологияи дорусозӣ, ташкил ва иқтисоди фарматсия”  Нурова Гуландом

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.