МақолаҳоХабарҳо ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – НАҶОТБАХШИ МИЛЛАТИ ТОҶИК Бо admin On Apr 4, 2024 0 Дар харитаи сиёсии ҷаҳон 9-уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол пайдо гашт. Барои давлати ҷавон ва навини тоҷикон марҳилаи нави эҳё шурӯъ гардид. Ва ҳеҷ кас гумон намекард, ки ин миллати дорои таърих ва фарҳанги бойи қадима ба бӯҳрони сиёсии солҳои 90-уми асри гузашта дучор мегардад. Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар бисёре аз кишварҳои иттиҳоди он кашмакашиҳои дохила ба амал омад ва аз он ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ шурӯъ гардид. Дар мамлакат беҳокимиятӣ ва бесарусомонии сиёсӣ ҳукмрон буд. Минтақаҳои ҷанубӣ ва пойтахти мамлакат дар дасти гурўҳҳои ғоратгари мусаллаҳ қарор доштанд. Мардум ба сабаби даргириҳои байни гурўҳҳои мусаллаҳ дар тарсу ҳарос ва изтироб умр ба сар мебурданд. Ҳокимони давр – онҳое, ки то дирўзи наздик худро «хизматгори халқ» меномиданд, аз вазъи ноороми кишвар истифода бурда, бо азхудкунии моликияти давлатӣ машғул буданд ва коре ба ҳоли ошуфтаи мардуми мусибатзада надоштанд. Ҳанӯз дар лаҳзаҳои ҳассос ва ноороми ҷомеа дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ гардид, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қатъият изҳор намуда буданд, ки: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам». Бо ташаббус ва ҷонфидоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз нофаҳмиҳо ва даргириҳои таҳмилӣ дар натиҷаи музокироти сулҳ ба ҷанги хонумонсӯз хотима гузошта, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро имзо карданд. Расидан ба сулҳ кори басо душвор ва ниҳоят мураккаб буд. Ба гуфтаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон : “Таърих гувоҳ аст, ки тўли ҳазорсолаҳо оини давлату давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикани таназзулу эҳё шуданро борҳо аз сар гузаронида, аз дунболи ҳар шикасту инқироз, боз эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст…” Дар ҳақиқат шароите, ки фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон бори аввал роҳбари давлат интихоб шуданд, Ватани нав ба истиқлолрасидаи Тоҷикистон рӯзҳои даҳшатборро аз сар мегузаронд. Ҷангу низоъҳои хунин миёни тоҷикон боиси хисороти зиёди моливу ҷонӣ гардида , ба якпорчагии мамлакат ва ҳастии миллати куҳанбунёди тоҷик таҳдид менамуд. Пешвои миллат бо тадбирҳои хирадмандона ва матонат халқи тоҷикро аз вартаи нестшавӣ ва парешонӣ сарҷамъ намуда, садҳо ва ҳазорҳо гурезагонро, ки бар асари ҷанги хонумонсӯз ба давлатҳои ҳамсоя паноҳ бурда буданд, ба Ватан баргардонданд. Таърих гувоҳ аст, ки муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишвар натиҷаи меҳнати фидокорона ва иқдомҳои қаҳрамонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Подоши ин ҳамаи корнамоиҳо маҳбубият ва маъруфиятест, ки Пешвои миллат дар миёни халқи мамлакат ва ҳазорон ҳазор ҳамватанони бурунмарзӣ пайдо кардааст. Мукофоти ин ҳама заҳматҳо ҳамчун ҳусни таваҷҷӯҳ ва эҳтироми бузурги ҷомеаи ҷаҳон мебошад, ки ҳар гоҳ нисбат ба Сарвари донову тавонои Тоҷикистон, сиёсатмадори варзида ва ифодагари марому ормонҳои умумибашарӣ иброз мегардад. Имрӯз мардуми Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон на ҳамчун ба Сарвари давлат, балки ҳамчун ба як наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ ва дар маҷмӯъ, ҳамчун ба меъмори давлатдории навини тоҷикон ва пешвои эътирофшудаи умумимиллӣ менигарад. Ниёзов С.Ҳ. Омӯзгори кафедраи “ Фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ” – и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” 0 Мубодила кардан