Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ҶАЛАСАИ МУШТАРАКИ РОҲБАРИЯТИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” ВА ХАТМКУНАНДАГОН: БАРРАСИИ НИЗОМИ ГУЗАРИШИ ТАҶРИБАОМӮЗӢ ВА МУҲОКИМАИ МАСЪАЛАИ ҲИФЗИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Санаи 4 апрели соли 2024 бо дастуру супоришҳои роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ва тибқи нақшаи тасдиқгардидаи шуъбаи таҷрибаомӯзӣ, вохӯрии маъмурият бо хатмкунандагони як қатор факултетҳои муассиса баргузор гардид. Ҷаласа таҳти раёсати муовини директор оид ба таълими амалӣ н.и.т. Давлатзода А.Д. ва муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Саидова М.М. бо иштироки деканони факултет, омӯзгорони кафедраҳои тахассусӣ ва донишҷӯёни факултетҳои  кори фарматсевтӣ гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ масъалаҳои асосӣ, ки ба самаранок гузарондани таҷрибаомӯзии донишҷӯён нигаронида шудаанд, муҳокима шуданд. Ғайр аз ин як қатор масъалаҳои дигари мубрам низ мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор гирифта шуд.

Зимни вохӯрӣ масъулини бахши таҷрибаомӯзӣ ба донишҷӯён оид ба низомнома ва қоидаҳои гузариши таҷрибаомӯзӣ тавзеҳот дода, таъкид намуданд, ки таҷрибаомӯзии қаблидипломӣ зинаи ниҳоии таҳсилот дар муассисаи таълимӣ буда, пас аз он аттестатсияи хатм шурӯъ мешавад ва донишҷӯёнро мебояд, ки ба он бо омодагии зарурӣ, таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намоянд. Инчунин қайд карда шуд, ки риояи интизоми меҳнат аз ҷониби донишҷӯён зимни гузариши таҷрибаомӯзӣ ҳатмӣ мебошад ва сари вақт пур кардани рӯзномаҳои таҷрибаомӯзӣ вазифаи асосӣ.

Ҳамзамон ба деканони факултетҳо дастур дода шуд, ки дар муҳлатҳои кутоҳтарин ҳуҷҷатҳои хатмкунандагонро барои гузариши таҷрибаомӯзӣ ба шуъбаи таҷрибаомӯзӣ пешниҳод намоянд.

Илова бар ин, масъалаҳои марбут ба риояи шакли тавсияшудаи либос ва пешгирӣ аз пӯшидани либосҳои ғайритавсиявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ин баҳс бо назардошти меъёрҳои фарҳангӣ ва ахлоқие, ки барои рафтори касбӣ дар муҳити тиббӣ заруранд, сурат гирифт. Қайд гардид, ки баҳри ҳифзу гиромидошти суннатҳои миллӣ ва нигоҳдории ҳувияти миллӣ насли ҷавон аз бегонапарастии фарҳангӣ худдорӣ намуда, бештар тарғибгари расму анъанаҳои миллии худ гарданд.

Як паҳлӯи дигари муҳими мулоқот баҳси падидаҳои номатлуби замони муосир аз қабили терроризм ва ифротгароӣ буд. Иштирокчиён аз вазъи кунунӣ дар ҷаҳон изҳори нигаронӣ карда, зарурати муборизаи муштарак бо ин падидаҳо ва таъмини бехатарӣ дар муҳити таълимӣ ва касбӣ таъкид намуданд.

Дар маҷмӯъ, вохӯрӣ имкон дод, ки масъалаҳои муҳими таҷрибаи касбии донишҷӯён ва бехатарӣ дар муҳити таълим баррасӣ шаванд. Саъю кушиши муштарак ва муколама барои вокуниши муассир ба мушкилот ва таъмини сифати таълиму тарбия кумак мерасонад. Роҳбарияти муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” баҳри омодасозии мутахассисони соҳибтахассус ва дорои малакаву маҳорати зарурӣ, инчунин барои тарғибу ташфиқи тарзи либоспушии миллӣ – баҳри ҳифзи ҳувияти миллӣ аз тамоми имкониятҳо истифода мебаранд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.