Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

МАҲФИЛИ ДОНИШҶӮЕН ДАР КАФЕДРАИ АКУШЕРӢ ВА ГИНЕКОЛОГИИ МДТ КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Бо дастуру супоришҳои директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т Ашуриен Ш. С ва нақшаи тартибдодаи шуъбаҳои таълим, илмӣ-методӣ, назорати сифати таҳсилот ва нақшаи солонаи кафедраи “Акушерӣ ва гинекологӣ” рӯзи аввали “Ҳафтаи фаннӣ” маҳфили донишҷӯен дар мавзӯи “Чорабиниҳо барои пешгирии нуқсонҳои модарзодӣ” (омӯзгор Назарова М.А- гурӯҳи 408 КМД) гузаронида шуд. Дар чорабинӣ услубшиноси шуъбаи илмӣ- методӣ Олимова М.К, мудири кафедраи “Акушерӣ ва гинекологӣ” н.и.т Сайдаҳмадова Ш.Ҷ ва омӯзгорони кафедра иштирок намуданд. Донишҷӯен дар бораи нуқсонҳои бештар вохӯранда, ба ерии то валодатӣ сари вақт фарогир шудани ҳомиладорон, муҳим будани скрининги нуқсонҳои модарзодии инкишофебӣ, чорабиниҳои пешгирикунанда, нақши момодояҳо дар нигоҳубини антенаталии ҳомиладорон, баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ маълумотҳо пешниҳод намуданд. Мавзӯи бозии нақшӣ  масъалаҳои ба марказҳои саломатӣ сари вақт муроҷиат накардани занҳо, аз ташхисҳо дасткашӣ намудани онҳоро дар бар мегирифт. Пас аз намоиши филми омӯзишӣ, қисмати саволу ҷавоб ба маҳфили донишҷӯен ҳусни анҷом бахшид.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.