Хабарҳо МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”: ТАДБИРҲО БАРОИ МУВАФФАҚИЯТ ДАР ОЗМУНҲОИ ТАХАССУСӢ Бо admin Охирин навсозӣ Apr 5, 2024 0 Имрӯз дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” тибқи дастуру супориши роҳбари муассиса н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода вохӯрии пур аз шавқу ҳавас ва ғайрат барпо гардид. Иштирокчиёни озмунҳои тахассусӣ, омӯзгорони онҳо ва мудирони кафедраҳо бо ҳамроҳии деканони факултетҳо барои муҳокимаи стратегия ва нақшаҳои ноил гаштан ба муваффақият ҷамъ омаданд. Вохӯрӣ таҳти роҳбарии муовини директор оид ба корҳои таълимӣ н.и.т. Одилзода И.Ё., муовини директор оид ба таълими амалӣ н.и.т. Давлатзода А.Д. ва муовини директор оид ба корҳои маъмурӣ ва хоҷагидорӣ Мамурзода Д.М. гузаронида шуд. Таъкид гардид, ки пас аз интихоби дақиқ дар байни донишҷӯёни боистеъдод дар коллеҷ марҳилаи дохилимуассисавӣ гузаронида мешавад, ки дар он танҳо сазовортаринҳо интихоб карда мешаванд. Ин танҳо қадами аввалин дар роҳи озмунҳои тахассусӣ аст. Пас аз ин, ин донишҷӯён барои муаррифии коллеҷи худ дар озмуни сатҳи ҷумҳуриявӣ иштирок карда, барои пирӯзӣ ва унвони беҳтарин талош меварзанд. Лозим ба ёдоварист, ки омодасозии иштироккунандагон таҳти назорати қатъии директор буда, тамоми чораҳои зарурӣ андешиде мешаванд, то ин ки онҳо барои муваффак шудан имкониятҳои беҳтарин дошта бошанд. Пеш 1 то 22 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан