МақолаҳоХабарҳо ХУСУСИЯТИ ҶИНОЯТҲОИ ТЕРРОРИСТӢ ВА ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ОНҲО, АЗ НИГОҲИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Бо admin Охирин навсозӣ Apr 5, 2024 0 Терроризм идеологияи зӯроварӣ ва таҷрибаи таъсир расонидан ба қабули қарорҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллӣ ё ташкилотҳои байналмилалӣ мебошад, ки бо тарсонидани аҳолӣ ва ё дигар шаклҳои амалҳои ғайриқонунии зӯроварӣ алоқаманданд. Фаъолияти террористӣ фаъолиятест, ки ташкил, банақшагирӣ, омодасозӣ, маблағгузорӣ ва амали террористӣ, даъват ба амали террористӣ, ташкили ташаккули ғайриқонунии мусаллаҳ, ҷомеаи ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ), гурӯҳи муташаккил барои амалӣ намудани амали террористӣ, инчунин иштирок дар чунин сохтор, ҷалб, мусаллаҳшавӣ, таълим ва истифодаи террористон, шарикии иттилоотӣ ё дигар дар банақшагирӣ, омодасозӣ ё амали террористӣ, таблиғи ғояҳои терроризм, паҳн кардани мавод ё иттилооте, ки ба амалисозии фаъолияти террористӣ даъват мекунад ё зарурати чунин фаъолиятро асоснок ё асоснок мекунад, дар бар мегирад. Ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ нишон медиҳанд, ки терроризмро ҳеҷ гоҳ бо назардошти хусусияти сиёсӣ, фалсафӣ, идеологӣ, нажодӣ, этникӣ, динӣ ва ё дигар асоснок кардан мумкин нест ва онҳое, ки дар содир намудани амали террористӣ ва ҷиноятҳои дигар гунаҳкоранд, бояд тибқи қонун ҷавобгар бошанд. ва онҳо бояд мувофиқи вазнинии ҷиноятҳои содиршуда ҷазо гиранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, заминаи ҳуқуқии мубориза бо терроризм Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикстон, принсипҳо ва меъёрҳои аз ҷониби ҳама эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ, шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Дар бораи мубориза бар зидди терроризм “, Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстримизм (ифродгароӣ) ” бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба муқобили терроризм равона шудаанд, баромад менамояд. Ба ҷиноятҳои дорои хусусияти террористидошта ҷиноятҳое дохил мешаванд, ки бо сабабҳои кинаю адовати сиёсӣ, идеологӣ, нажодӣ, миллӣ ё динӣ ё бо сабаби кинаю адоват нисбат ба ягон гурӯҳи иҷтимоӣ, ки дар моддаҳои дахлдори қисми махсуси Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, содир карда мешаванд. Масалан: дар моддаи 179-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон омадааст: терроризм, яъне содир намудани таркиш, сӯхтор, тирпаррони аз силоҳи оташфишон ё дигар кирдоре, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ, ба молу мулк ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегардад, агар ин кирдор ба мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарор, инчунин таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда бо ҳамин мақсадҳо. Барои вайрон намудани меъёрҳои моддаи мазкур қонунгузорӣ ҷазоро дар шакли маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ сол то даҳ сол муқаррар намудааст. Дар қисми дуюми моддаи зикргардида а) ва б) омадааст, ки агар меъёрҳои қисми якуми модда аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ва такроран содир гаддад ҷазо каме вазнинтар, яъне бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ҳашт то понздаҳ сол ва мусодираи молу мулк. Қисми сеюми моддаи 179 а), б), в) ва г)-и Кодекси ҷиноятӣ нишон додааст, ки кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда, агар аз ҷониби гурӯҳи муташаккил, бо алоқамандӣ бо таҳдиди истифодаи силоҳи қатли ом, маводи радиоактивӣ, ё иҷрои дигар кирдоре, ки ба ҳалокати оммавии одамон оварда мерасонад, дар ҳолати редсидиви махсусан хавфнок содир шуда бошад ва аз беэҳтиётӣ боиис марги инсон ё ин, ки дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад. Он яке аз ҷиноятҳои махсусан вазнин ба ҳисоб рафта, маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз понздаҳ то бисту панҷ сол ё ҷазои қатл ё якумра аз озодӣ маҳрум сохтан бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад. Зеро ҷиноятҳое, ки дар боло гуфта гузаштем ба шумули ҷиноятҳои махсусан вазнин на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон эътироф гардидааст. Бо дар назардошти гуфтаҳои боло дар эзоҳи ин модда омадааст, ки “Шахсе, ки дар омода сохтани кирдори терористӣ иштирок дорад, агар мақомоти давлатиро сари вақт огоҳ созад ё бо роҳи дигар содир гаштани кирдори терористиро пешгирӣ кунад ва агар дар ҳаракатҳои ин шахс дигар таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад”. Якчанд моддаҳои дигари Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи модда 1791 ҷалб кардан барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористӣ дошта ё мусоидати дигар барои содир намудани онҳо, моддаи 1792 маблағгузории ҷиноятҳои хусусияти террористидошта, 1793 даъвати оммавӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ва моддаи 180 иттилооти баръало бардурӯғ оид ба кирдори террористӣ мебошанд, ки дар натиҷаи содир намудани ин гуна меъёрҳо ҷавобгариҳои гуногуни вазнин муқаррар гардидаанд. Бо мақсади муқовимат бо фаъолияти терроризм Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомотҳо ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои марбута дар доираи салоҳияти худ чораҳои афзалиятнок, аз ҷумлаи маърифатӣ, таблиғотӣ, чораҳо оид ба пешгирии фаъолияти террористиро андешида дар амал татбиқ намуда истодаанд. Баҳри ноил гардидан ба ҳадафҳои назаррас ва решакан намудани терроризм аз ҳар яки мову шумо вобастагии калон дорад. Иҷрокунанда: Ассисенти кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ” – и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” Ёров С.Н. 0 Мубодила кардан