МақолаҳоХабарҳо ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ХАТАРИ САРТОСАРИИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ Бо admin Охирин навсозӣ Apr 5, 2024 0 Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ-бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардида, баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил дар кишвар тамоми соҳаҳои фаъолияти ҳаёти давлативу ҷамъиятиро сафарбар менамояд. Ҷумҳурии мо дар заминаи бадастоварии Истиқлоли давлатӣ ва барқарорсозии Ваҳдати миллӣ мушкилиҳои зиёд ва манфури сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангиро пушти сар намуд, ки хисороти зиёди пулию молиро ба бор оварданд. З-ин рӯ кишвари мо барои таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ, пойдории Ваҳдати миллӣ ва таъмини суботи комил барои пешгирӣ, аз байн бурдан ва несту нобуд кардани омилҳои манфии сиёсии ҷомеаи имрӯза, махсусан терроризму экстремизм зарурат дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти масъалаҳои муҳими сол ва дурнамои соли минбаъда суханронӣ менамоянд, ки дар оғози ҳар Паём пеш аз баррасии вазъи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, вазъи мавҷудаи байналмилалӣ ба таври мухтасар баён мегардад. Зеро вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла давлатҳои исломӣ аз нигоҳи амният хеле муташанниҷ буда, таъсири он ба тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла давлати мо истисно намебошад. Терроризм худ падидаи номатлуби ҷомеаи навин буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори инсон, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои гуногуни истеҳсолӣ ва маишиву фароғатӣ, рабудани воситаҳои гуногуни нақлиётӣ ва амсоли инҳо дониста мешавад. Экстремизм бошад, хислати ҷӯдоихоҳӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезиро доро буда, бо терроризм алоқаи ногусастанӣ дорад. Бо тарзи дигар, мақсад ва оқибати экстремизм ин терроризм аст. Вале дар умум чунин баҳогузорӣ мебояд намуд, ки ҳарду ба истилоҳ комилан хатари калони парокандагиву бесарусомониро доро буда, оқибати басо нанговар доранд. Бояд тазаккур дод, ки ҳаракатҳои террористӣ дар миқёси олам гуногун буда, онҳоро асосан ду унсури умумӣ бо ҳам муттаҳид мекунад: аввалан, онҳо барои халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва суст намудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ равона гардида ва дигар ин, ки ин ҳаракатҳо дар байни аҳолӣ ҳиссиёти тарс, оҷизиро ба вуҷуд меоваранд. Тибқи Фасли 8, Боби 21 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноятҳо ба муқобили амнияти ҷамъитӣ аз моддаҳои 179 то 180 пешбинӣ менамояд. Тибқи моддаи 179 Кодекси мазкур мафҳуми “терроризм”-яъне содир намудани таркиш, сӯхтор, тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон ё дигар кирдор, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегардад,агар ин кирдор бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, фаъолияти мақомоти ҳокимияти далатӣ ва сохторҳои низомӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарор, инчунин таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда бо ҳамин мақсадҳо фаҳмида мешавад. Дар тафсири Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, мақсадҳои терроризм чунин шарҳ додашудааст: “Мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидаи одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ буда, тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатист. Чунин ҳаракатҳо мақсади ниҳоии ҷинояткоронро дар маҷбур сохтани мақомоти давлатӣ барои қабули қарори ғайриҳуқуқӣ мебошад, ки ба манфиати онҳост ва ё бо мақсади резонидани обрӯ ва манзалати мақомоти давлатист”. Мутаассифона дар натиҷаи чунин амалиёти террористии бо номи исломиён шумораи зиёди аҳолии бегуноҳ ба ҳалокат расида, нисбат ба дини мубини ислом ҳисси бадбинии мардуми ғайримусулмонро ба вуҷуд оварда, барои пешрафти давлатҳои мусулмонӣ монеаҳои ҷиддӣ эҷод намуда истодааст. Паёмадҳои амалҳои тундгароӣ, ифротгароӣ ва террористӣ бешубҳа на ба манфиати башарият ва на ба манфиати халқҳои мусулмони дунё мебошад. Хисороти моддию маънавӣ дар натиҷаи содир намудани амалҳои террористӣ низ беҳисоб аст. То имрӯз аз ҷониби донишмандони соҳаҳои мухталифи илмӣ як қатор сабабҳо ва омилҳои таъсирпазири пайдоиш ва зуҳӯри ин падидаҳои номатлуб (терроризм ва экстремизм) дар кишварҳои ҷаҳон мавриди таҳқиқ ва омӯзиш қарор гирифта истодааст. Қисме аз олимон пайдоиш ва нузули чунин амалҳои манфии ҷомеаи ҷаҳониро, пеш аз ҳама ба ҷанбаҳои иҷтимоии фаъолияти аҳолӣ дар кишварҳо вобаста медонанд. Қисми дигар бошад, зуҳури чунин падидаҳоро ба ихтилофоти сиёсии байнидавлатӣ алоқаманд мешуморанд. Дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон ва дар замири ҳар як шахси ба ин гурӯҳҳо ва ҳаракатҳо пайвастшаванда ақидаи гурӯҳи аввали олимони ҷомеашинос мувофиқ меояд, чунки маҳз ҷанбаҳои иҷтимоӣ дар зиндагӣ ва сатҳи нопурраи тафаккури маънавӣ ба ин роҳ шахсро водор месозад. Ҳамин тариқ, дар баробари муқаррароти танзимкунандаи фаъолияти давлатӣ ва баҳри амалинамоии онҳо дар самти мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм фаъолияти якҷояи қишрҳои гуногуни ҷомеа талаб карда мешавад. Яъне имрӯз танҳо муборизаи дастаҷамъонаи омӯзорон, мусоидати аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин омилҳои манфӣ гирифта шавад, то ки суботу оромӣ таъмин ва ҳар як фард дар ватани азизи хеш Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагии ободу осоишта ба сар барад. Инчунин, мо ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз бо ҳисси баланди миллӣ пояҳои давлатдории миллиамонро ҳамчун гавҳари ноёб эҳтирому нигоҳ медорем, ҳамчун нерӯи бузурги созанда ва сипари боэътимоди давлатамон бар зидди ҳама гуна хатари терроризму экстремизм бо роҳҳои пешбини намудаи қонунгузорӣ мубориза мебарем Рузигули Наҷмиддин омӯзгори кафедраи “Фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ” – и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” 0 Мубодила кардан