МақолаҳоХабарҳо ТЕРРОРИЗМ – ХАТАР БА ҶАҲОНИ МУОСИР Бо admin Охирин навсозӣ Apr 5, 2024 0 Пеш 1 то 2 саҳифа Баъдӣ Мусаллам аст, ки мавзӯи меҳвариии дини мубини ислом ахлоқи шоиста ва муносиботи хуби байни инсонҳо буда, онҳоро дар рӯҳияи ваҳдату сулҳу суботи комил тарбия менамояд. Мутаассифона шахсони ноогоҳу бадхоҳ ва хурофотпарасте дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон ёфт мешаванд, ки ин динро ҳамчун васила барои ба ғаразҳои нопоки худ расидан мавриди истифода қарор дода, ҳатто кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки аз Қуръону ҳадисҳои пайғамбар ва дигар китобҳои динӣ далелҳои иғвоангез оварда, афкори нолойиқу беарзиши худашонро ба субут расонанд. Таҳлилҳои ҷомеашиносон ва сиёсатшиносони тоҷик нишон медиҳанд, ки ақидаҳои фитнаангези ин тоифаи мутаассиб ба оромиву суботи комили ҷомеаи мо халали ҷиддӣ ворид карда, ҳамчунин ба тадриҷ мафкураи ҷавононро махлут месозад. Махсусан аз рӯйи баррасиҳо ва таҳлилҳои равшанфикрони тоҷик дар саддаи охир бармеояд, ки ҳузури собиқ ҲНИТ дар арсаи сиёсат барои Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле хавфнок аст. Зеро ин ҳизб дар тӯли фаъолияташ ба сари сокинони кишвар бадбахтиҳо ва мушкилиҳои печ дар печи зиёде овард. Дар ин бора борҳо роҳбарони иттиҳодияҳои диннии кишвар ва имомхатибони масҷидҳои ҷамоаи панҷвақта низ ибрози ақида карда аз дахолати ҲНИТ ба ҳаргуна корҳои нолозим изҳори нигаронӣ кардаанд. Солҳои охир яке аз масъалаҳои муҳиме, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид, ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ, ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад. Терроризм ин содир намудани амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад. Истифодаи он бо мақсади ҷисман бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ, ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад. Зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон аз ҷониби ҷомеа ва давлат мумкин аст, эътирозро ба вуҷуд оварад, ки он ба ифротгароӣ бурда мерасад. Чи тавре ки ҷараёни таърихӣ нишон медиҳад, ғояҳо ва идеологияҳои ифротгароӣ, ҳамчун ҳодисаи сиёсӣ дар ду маврид ба миён меояд. Мавриди аввал, вақте ки дар ҷомеа беадолатӣ вуҷуд дорад, қисми муайяни ҷомеа дар назди худ мақсад мегузорад, ки бар зидди беадолатӣ мубориза барад. Мавриди дуюм, ҳангоме ба вуҷуд меояд, ки барои пойдории ҳокимият ҳатман мубориза бурдан даркор мешавад. Вале воқеияти дигаре низ сабаби рух додани ин ҳодисаи номатлуб мешавад, ки аз ҳисси бадбинӣ, интиқомҷӯӣ, адовату кина, манфиатҷӯӣ ва ҳокимиятхоҳии гурӯҳи алоҳида, ё гурӯҳҳои муайян сар мезананд. Ҳадафи ин душманони миллат барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни афроди миллат мебошад. Вагарна бо чӣ сабаб аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии ватан канораҷӯӣ мекунанду дар рушди кишвари худ ширкат намеварзанд, меҳнат ва эҷод намекунанд, дар паноҳи дигарон ҷой гирифта, аз каноре айбҷӯиву харобакориро пеша мекунанд. Дар зери шиорҳои бофтаву хаёлӣ фирефтаи таълимоти динӣ гашта, ҷавононро ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ даъват намуда, рафтори бади худро фидокорӣ ва қаҳрамонӣ ба ватан ҳисобида, бо ин роҳ мехоҳанд, ки ба мақсадҳои нопоки худ бирасанду нуфузи дастовардҳои миллиро то андозае паст зада, хоҳиши «пешвоён»-и хориҷии худро иҷро намоянд. Омузгорони кафедраи “Тибби ҳолатҳои фавқулодда мудофиаи шаҳрвандӣ ва омодаги ибтидоии ҳарбӣ” – и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” Нарзиев.Б Азизов.К 0 Мубодила кардан